logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. НАҚШИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАШАККУЛИ ОН

 
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳимоя ва рушди фарогири забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) қабул гардид, ки тавассути ин санад забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф шуд. Гузашта аз ин, барои амалӣ сохтани муқаррароти он дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис ёфт. 
Аз ин нуқтаи назар, нақши ҳар як хизматчии давлатӣ дар рушду густариши забони давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон, самаранок амали гардидани Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030 ва мавҷудияти ҷомеаи мутамаддину соҳибфарҳанг, ки дар он муносибатҳои волои инсонӣ ба мушоҳида мерасад, хеле зарур ва муҳим мебошад. Тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин, мукотиботу коргузории ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд бо забони давлатӣ сурат мегиранд. 
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ» аз 30 июни соли 2021, № 268, ба тасвиб расид, ки риояи он ҳатмист. 
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудудӣ ҷумҳуриро таъмин мекунанд.
Нақши мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ, хеле калон аст. Ин қишри ҷомеа бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикиро донанд ва риоя намоянд. Чунки дар фаъолияти ҳаррӯзаи коргузорӣ ва муошират бо шаҳрвандон аз он истифода мебаранд, ки роҳи муассири таблиғ ба ҳисоб меравад. 
Мутаассифона, ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки мукотибот – коргузорӣ мушкилфаҳм ва дар ҷавобҳои аризаи шаҳрванд, мактубҳо қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ риоя намегарданд. Аз ин рӯ, мо – кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бояд бикӯшем то забони тоҷикиро дар мақоми коргузории расмӣ ва муоширати дохилӣ васеъ истифода бурда, зиёда аз ин, дар кӯча, ҷойҳои ҷамъиятӣ ба муоширати дағалонаи баъзе аз шаҳрвандон вокуниши ҷамъиятӣ нишон диҳем. Корманди мақомоти давлатӣ бояд барои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем» содиқ бошем.
  
С. МАҶИДЗОДА, мудири бахши ҳуқуқи 
дастгоҳи раиси ноҳияи 
Фирдавсии шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2022    №: 194    Мутолиа карданд: 1219
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед