logo

Хабарҳо

Ҷаҳон дар як сатр

 
Мир 24. Дар Венесуэла бар асари борони сел обхезии шадид ба амал омад. Дарёҳо аз соҳилҳои худ баромаданд, ки ин боиси фаромадани ярч  ва ба ҳалокат расидани 36 нафар гардид. Теъдоди ҳалокшудагон меафзояд, бинобар ин, дар кишвар мотами серӯза эълон шудааст.
 
RT. Бино ба иттилои АИР «Новости», дар Тоҷикистон машқҳои дастаҷамъонаи қувваҳои зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ «Сарҳад – 2022» оғоз шуданд. Иштирокчиён омодагӣ ва гузарондани амалиёти ҷангиро барои аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи шартии ғайриқонунӣ тамрин мекунанд.
 
Марҳилаи фаъоли машқҳо 17 – 21 октябр дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон», воқеъ дар 140-километрии ҷануби Душанбе баргузор мешаванд.
 
INTERFAX.RU. Президенти Россия Владимир Путин имрӯз дар Санкт-Петербург бо директори генералии МАГАТЭ Рафаэл Гросси дар бораи авзоъ дар Неругоҳи барқи атомии «Запорожйе» ва эҷоди як минтақаи амниятӣ дар атрофи он гуфтугӯ хоҳад кард.
 
Lenta.ru. Ба навиштаи нашрияи «Politico», Канслери Олмон Олаф Шолс тасмим гирифтааст, ки 3 – 4 ноябр аз Чин боздид намояд. Ин нахустин сафари роҳбари кишварҳои G7 ба Чин аз замони оғози пандемияи коронавирус хоҳад буд.  
 
ТАСС. Нархи молу хизматрасониҳо дар Латвия тайи 12 моҳи охир ба ҳисоби миёна 22,2 дарсад боло рафтааст, ки ин баландтарин нишондод аз соли 1995 мебошад. Сабаби аслии афзоиши таваррум афзудани масраф ба маводи ғизоӣ, нақлиёт ва манзил мебошад. Ҳамин тариқ, нархи озуқаворӣ ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ дар як сол 27,5 дарсад ва сӯзишворӣ 37,4 дарсад боло рафт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3043
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед