Хабарҳо
Путин бо Президенти АМА мулоқот хоҳад кард
RT. Президенти Россия Владимир Путин имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург бо Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад бин Зоид оли Наҳаён дидору гуфтугӯ мекунад.
Ба гуфтаи сардори хадамоти матбуоти Роҳбари Россия Дмитрий Песков, мулоқоти дуҷониба дар шакли як ба як дар назар аст. Моҳи май гуфтугӯи телефонӣ миёни Владимир Путин ва Муҳаммад бин Зоид оли Наҳаён сурат гирифт. Зимни мулоқот роҳбарони Россия ва Амороти Муттаҳидаи Араб сатҳи баланди шарикии стратегии ду кишварро зикр намуда, ҷонибдории худро ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Россия ва Аморот нишон доданд.
Мулоқоти Қосим - Жомарт Токаев бо Станислав Зас
CentralAsia (KZ). Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро ба ҳузур пазируфт.
Дабири кулл ба Сарвари давлат дар бораи вазъ ва дурнамои рушди СААД, инчунин, оид ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии СААД маълумот дод, – гуфта мешавад дар гузориш.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти ин Созмони байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
СММ пешгӯӣ мекунад, ки мавҷҳои гармои бесобиқа шиддат мегиранд
INTERFAX.RU. Дар оянда мавҷҳои гармои бесобиқа танҳо қавитар мешаванд, созмонҳои башардӯстона аз ҳукуматҳои кишварҳо даъват мекунанд, ки барои коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим кор баранд, - гуфта мешавад дар гузориши муштараки Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмар ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид.
Дар гузориш бо унвони «Гармои шадид: омода шудан ба мавҷҳои оянда» омадааст: “Натиҷаҳо ҳайратовар ва ташвишоваранд. Мавҷҳои гармо, аллакай, ҳамасола ҳазорон нафарро ба ҳалокат мерасонанд ва бо идома ёфтани тағйирёбии иқлим марговартар мешаванд”.
Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки ҳукуматдорон бояд ҳам барои мутобиқшавӣ ба гармии ғайримуқаррарӣ ва ҳам коҳиш додани оқибатҳои он сармоягузорӣ намоянд.
Сафари кории Президенти Тотористон ба Ӯзбекистон
CentralAsia (UZ). Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов 10 октябр бо сафари корӣ озими Ӯзбекистон шуд. Сафари Роҳбари Тотористон ду рӯз идома хоҳад ёфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуотӣ ӯ, дар баробари Рустам Миннихонов, роҳбарони корхонаву ширкатҳои бузург, ки ба рушди ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон таваҷҷуҳ доранд, омаданд.
Мулоқоти Президенти Тотористон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазир Абдулло Орипов ва роҳбарони соҳаҳои гуногун дар назар аст. Рустам Миннихонов, ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи филиали Донишгоҳи федералии Қазон дар вилояти Ҷиззах ширкат хоҳад кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3925