Хабарҳо
“ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”. ҲАЙАТИ НАВИ РАЁСАТИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТӢ ИНТИХОБ ГАРДИД
Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон Анҷумани 3-юми Ташкилот доир гардид. Дар он ҳайати раёсати Ташкилот ва 600 аъзо иштирок намуд. Тибқи рӯзномаи Анҷуман, раиси он Абдулло Раҳмонзода оид ба фаъолияти ташкилот дар солҳои 2020 – 2022 гузориш дод.
Зикр гардид, ки яке аз самтҳои муҳим ин фаъолияти волонтёрӣ ба ҳисоб меравад, ки бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” аз 19 сентябри соли 2013 ин намуди фаъолияти ҷамъиятӣ рушд намуда, сафи он ба беш аз 15 000 нафар расидааст.
– Танҳо солҳои 2020-2021 ва нуҳмоҳаи соли 2022 аз ҷониби волонтёрон – аъзоёни Ташкилоти “Пайравони Пешвои миллат” 17222 чорабинӣ бо фарогирии 145 989 ҷавон ва аҳли ҷомеа амалӣ гардид. Саҳми назарраси аъзоёни ташкилот дар маъракаҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ, интихоботҳои президентӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳашарҳо ва корҳои ободониву созандагӣ, баргузории аксияву ҳамоишҳо бо усули “Ҳамсол ба ҳамсол”, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию иттилоотӣ, омӯзишию маърифатӣ ва аёдату корҳои хайрхоҳӣ назаррас мебошад, – иброз дошт Абдулло Раҳмонзода.
Илова бар ин, айни замон дар назди ташкилот 10 маҳфили гуногуни доимоамалкунанда фаъолият мебарад, ки ба амалишавии озмунҳои ҷумҳуриявӣ мусоидат менамояд.
Қарорҳои дахлдор вобаста ба озод ва интихоби ҳайати раёсати Анҷуман баррасӣ гардида, Абдулло Раҳмонзода раиси Ташкилоти “Пайравони Пешвои миллат”, Зарнигор Раҷабзода, Раббонӣ Нурзода ва Марҷона Ҳакимзода муовинони раис барои давраи оянда интихоб шуданд.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3677