logo

Хабарҳо

ФАЙЗОБОД. ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

 
Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург, ноиби президенти ҳамин бонк Анна Бйерде, ҳайати ҳамроҳонаш ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед ва муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.
Мақсади ташрифи меҳмонон - ин таҳкими ҳамкориҳо миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар доираи сафар меҳмонон аз иншооте, ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, дидан намуданд.
Нахуст, меҳмонон аз маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва  корхонаву коргоҳҳои ҳудуди ноҳия боздид карданд. Сипас, бо шароити маркази саломатии деҳаи Дубедаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ошно гардида, ба сохтмони он баҳои баланд доданд. Иншооти мазкур аз  9 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он 7 нафар кор мекунад. Маркази саломатӣ бо тамоми шароити замонавӣ аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ бо маблағи беш аз 150 ҳазор доллари ИМА бунёд шудааст.
Инчунин, аз лоиҳаи тиҷоратикунонӣ ва ҳосилнокии кишоварзӣ - “нигоҳдории себ ва нок пас аз ҷамъоварӣ” дар деҳаи Гултеппаи Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол”- и ноҳия боздид ба амал оварданд.
Анбори нигоҳдории себу ноки хоҷагии деҳқонии “Хайриддин” дорои ғунҷоиши беш аз 300 тонна мева мебошад. Анбори мазкур бо маблағи наздик ба 700 ҳазор сомонӣ бунёд гашта, 250 ҳазор сомонии онро гранти хориҷӣ ташкил медиҳад. 
Имрӯз Хоҷагии деҳқонии “Хайриддин” яке аз хоҷагиҳои пешқадам дар ноҳия ба шумор рафта, ҷиҳати таъмини меваи хушсифат дар ноҳия ва берун аз он саҳми калон дорад. Айни замон дар Хоҷагӣ беш аз 25 нафар кор мекунад, ки аз ин 12 нафар зан мебошад. Масоҳати умумии боғи себу нок 28 гектарро ташкил медиҳад. 
Аксел ван Тротсенбург барои ҳамкориҳои судманд бо сипосномаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардид.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3739
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед