logo

иқтисод

КИРМАКПАРВАРӢ. ИСТЕҲСОЛИ ПИЛЛА БА 1200 ТОННА МЕРАСИД, АГАР...

МАСЪАЛАИ ҲАЛТАЛАБ

Пиллапарварӣ соҳаи сердаромади мамлакат буда, дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба он зиёд аст. Рушди соҳа дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат нақши созгор дорад. Барои ривоҷи соҳа бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои андозӣ муқаррар гардидаанд. Соҳибони тутзор ба муддати даҳ сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо озод мебошанд.
Бино ба маълумоти мутахассисон, замоне Тоҷикистон 80 дарсади пиллаи Иттиҳоди Шуравиро истеҳсол мекард ва ҳаҷми он бештар буд. Чунончи, аз маълумоти оморӣ бармеояд, соли 1991 дар ҷумҳурӣ 4528,6 тонна пилла истеҳсол шуд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020 амалӣ нагашт ва натиҷаи дилхоҳ ба даст наомад. Соҳаи муҳими стратегии мамлакат аз таваҷҷуҳи хоҷагиҳо берун монд.
 
КИРМАКПАРВАРӢ ТАНҲО БА ХОТИРИ ҲЕЗУМ Ё...
Сангимурод Қурбонов, сокини Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, 42 сол боз пиллапарварӣ мекунад. Вақте дар бораи суду зиёни ин соҳа бо ӯ ҳамсуҳбат шудем, гуфт, ки соҳа рӯ ба таназзул ниҳодааст. Ба пиллапарварон ба ивази заҳмати зиёд ҳаққи ночиз медиҳанд. Соли равон аз 25 грамм кирмак қариб 70 кило пилла супурда, ҳамагӣ 1050 сомонӣ ҳаққи заҳмат гирифтам. Ба ҳар килограмм 15 сомонӣ. Яъне, маоши якмоҳаи панҷ-шаш нафар ҳамагӣ 1050 сомонӣ?! Росташро гӯям, кирмакро ба хотири ҳезум мепарварем…
Бибитош Муродова, сокини деҳаи Зарқалъаи Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, ба парвариши кирмак машғул буда, ҳамасола қариб 100 килограмм пилла ба даст меорад. Ӯ иброз дошт, ки пилла хароҷотро намепӯшонад. Ҳавасмандӣ аз тарафи роҳбарони соҳа нест. 
Идимо Бобулова, аз ҳамин деҳа, дар пиллапарварӣ таҷрибаи бисёрсола дораду бар ин назар аст, ки соҳа таваҷҷуҳи бештар мехоҳад. Заҳмат дучанд афзуда бошад ҳам, нархи пилла хеле паст аст. 

АЗ КАМШАВИИ ИСТЕҲСОЛ ТО КАМБУДИИ ХӮРОКА
Рушди соҳаи кирмакпарварӣ аз тухми хушсифат, сари вақт тақсим намудани кирмак, риояи технологияи парвариш бастагӣ дорад. Инчунин, яке аз омилҳои асосии зиёд гардондани маҳсулот ва баланд бардоштани сифати он ба обу ҳавои маҳал ва ғизонокии барги тут марбут мебошад. 
Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» Саъдулло Ғафуров дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин изҳор дошт: 
– Имсол ҷиҳати ба шароити иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ шудан, ба кишвар аз хориҷ 23 814 қуттӣ тухми кирмаки навъи чинӣ ба маблағи 288 ҳазор доллари амрикоӣ барои «зимистонгузаронӣ» ворид намуда, то сабзиши барги тут дар яхдонҳо, таҳти назорати мутахассисон, нигоҳ доштем. Бо мақсади сари вақт ва мувофиқи агротехника аз тухм баровардани кирмак 149 инкубатор, дорупошак ва маводи зарурӣ таъмин буд. 298 инкубаторгар ва 111 агроном ба кор ҷалб гаштанд. Баҳри хариди пиллаи тар ва ҳавасмандгардонии кирмакпарварон маблағ ҷудо шуд. 
Ба гуфтаи ӯ, тибқи дурнамо, имсол истеҳсоли пилла бояд ба 780 тонна мерасид, аммо ҳамагӣ 383,3 тонна ҷамъ оварданд. 
Чунончи, аз ҶСК «Пиллаи тоҷик» иттилоъ гирифтем, ҳосили миёнаи имсола аз ҳар қуттӣ низ дар муқоиса ба соли гузашта кам буда, 16,1 килоро ташкил дод. Шаҳру ноҳияҳои Исфара, Кӯлоб, Бохтар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Панҷ, Қубодиён, Вахш, Данғара, Спитамен, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Файзобод, Нуробод, Шаҳринав ва Рӯдакӣ нақшаи истеҳсолро ҳамагӣ аз 17 то 50 дарсад иҷро карданд, ки чунин ҳолат нигаронкунанда мебошад. Масъулони соҳа яке аз омилҳои асосии иҷро нагардидани нақшаи истеҳсоли пилларо коҳиши тутзорҳо ва бепарвоӣ ба ғизонокии онҳо медонанд. Сабаби ба вуҷуд омадани мушкилро ба ҷудо нагардидани замин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сол ба сол кам гардидани тутзорҳо, беназоратӣ ва худсарона буридани дарахтони тут ва бе нигоҳубини зарурӣ мондани онҳо рабт медиҳанд. Серхарҷ будани парвариши кирмак, манфиати ночизи молиявии кирмакпарварон, норасоии кадрҳои баландихтисос сабабҳои дигари таназзули истеҳсоли пилла мебошанд. 
– Соли равон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон дар мавсими парвариши кирмак аз наборидани борон, хушку гарм омадани боду ҳаво ва хокборишҳои пайдарпай барги тут хоколуд ва ғафс шуда (намнокӣ дар барг намонд), истеъмоли он ба кирмак душвор шуд. Дар вилояти Суғд низ ҳарорати ҳаво дар давраи парвариши кирмак 37-38 дараҷа гарм омад, ки намнокӣ ва ғизонокии баргро коҳиш дод. Ин омилҳо ба синтези нахи абрешим низ таъсири манфӣ расонда, боиси кам шудани вазни пилла гардиданд.  Илова бар ин, дар баъзе ноҳияҳо аз тарафи масъулони мақомот ба тақсимоти кирмак аҳамият дода нашуд ва он чанд рӯз идома ёфт. Инчунин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барномаи соҳаро сарфи назар намуда, нақшаи истеҳсоли пилларо дар вилоят тағйир дод, - иброз дошт бо нигаронӣ Саъдулло Ғафуров.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав сабаби кам шудани истеҳсоли пилларо дар ҷумҳурӣ масъалаи ҳалталаб арзёбӣ намуда, гуфт: – «Ҳақиқатан, дар ин самт мушкилӣ дорем. Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи махсус оид ба рушди соҳаи пиллапарвариро пиёда карда истодаем. Дар ин самт таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистону Чинро, ки хеле пешравиҳои назаррас доранд, истифода бурдан мехоҳем. Проблемаи асосии истеҳсоли пилла таъмин набудан бо барги тут мебошад. Мутаассифона, тутҳое, ки дар аҳди шуравӣ шинонда шуда буданд, ҳосилнокиашон коҳиш ёфтааст. Майдони тутзорро боз ҳам вусъат додан лозим меояд». 
Саъдулло Ғафуров дар ин маврид чунин ибрози назар намуд: 
– Тибқи нақша имсол ба кишвар дар доираи Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024 наздики як миллион бех ниҳоли тут ворид менамудем. Мутаассифона, бо сабаби аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо нагардидани замин танҳо 150 ҳазор бех ниҳоли тути хушсифат аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид ва ба кишоварзону хоҷагидорон ройгон тақсим шуду халос.
Мувофиқи маълумоти дастрас, ҳоло дар ҷумҳурӣ қариб 12 миллион бех ниҳоли тут ва беш аз 2190 гектар майдони тутзор ҳаст. Ба таъкиди масъулон, ин миқдор эҳтиёҷи кирмакпарваронро таъмин месозад. Кирмакпарварони соҳибтаҷриба ба он назаранд, ки як бех тут бояд 8 – 10 кило барг диҳад. Ҳоло аз ҳар бех тут ҳамагӣ се кило барг мегирем. Ба гуфтаи онҳо, барои парвариши як қуттӣ кирмак то 800 кило барги тут (266 бех тут) лозим мешавад.  Тибқи нишондод, бояд аз ҳар қуттӣ тухми кирмак на кам аз 30-килоӣ пилла ба даст оварда шавад. 
Аз ин рӯ, рушди соҳа бунёди хоҷагиҳои махсуси тутпарвариро тақозо дорад. Дар баробари зиёд намудани дарахтони тут, зарур аст, ки назоратро аз нигоҳубин, ғизонокӣ, самаранокӣ ва ҳосилнокии дарахтони тути дар маҳалҳо буда ба таври дахлдор ба роҳ монем. Олимони Пойгоҳи ҷумҳуриявии таҷрибавии пиллапарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар назди худ бояд вазифа гузоранд, ки ҳар сол истеҳсоли навъҳои серҳосили тутро зиёд намуда, истеҳсоли баргро аз 35 то 75 килограмм аз ҳар дарахт расонанд. Барои мукаммал ва ё пурра иваз намудани маводи ибтидоии мавҷуда корҳои илмӣ бурда, зотҳои истеҳсолнамудаи худро дар истеҳсолот пурра ҷорӣ намоянд. 
– Гарчанде, дар Барномаи соҳа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ҷудо намудани қитъаи замин уҳдадор шуда бошанд ҳам, ин масъаларо на ҳамаи мақомот дастгирӣ намуданд, – мегӯяд Назиршо Назаров, муовини директори ҶСК «Пиллаи Тоҷик». – Заминҳое, ки барои бунёди тутзорҳо пешниҳод шуданд, бештарашон ғайриобӣ буда, барои шинондани ниҳоли тут номувофиқанд. Инчунин, нафароне низ ҳастанд, ки тутзорҳоро гирифтаанд, вале на кирмак мепарваранду на барги тутро ба талабгорон медиҳанд. 
Мавриди зикр аст, ки дар аксарияти хоҷагиҳои кирмакпарвари ҷумҳурӣ ҳашароти зараррасони тут - оташак 50 дарсади тутзорҳоро хароб кардааст. Гузашта аз ин, бино ба гуфтаи Назиршо Назаров аз ҳама зуҳуроти ташвишовари соҳа истифодаи ғайримақсадноки тутзор ва дарахтони тут аст, ки имрӯзҳо дар тавозуни хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ба нигоҳубини онҳо аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Дарахтони тут танҳо бо мақсади гирифтани ҳезум парвариш мешаванд.
 
ХУЛОСА
Кирмакпарварӣ дар ҳама давру замон соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта, зери дотатсияи давлат қарор дошт. Агар хоҳем, ки соҳа минбаъд рушд ёбад, аз шакли куҳнаи парвариши кирмак – ба зиммаи мардум гузоштани он даст кашида, кирмакпарвариро ба ихтиёри хоҷагиҳои махсуси дорои технологияи муосир во гузорем. 
Назиршо Назаров гуфт, ки омӯхтани таҷрибаи хоҷагиҳои кирмакпарварии Ҷумҳурии Корея, Чин, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар канори ҷӯй, канал, роҳҳои деҳот, гирду атрофи хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ ва саҳро тут шинонда, наздики майдони тутзор парваришгоҳҳои кирмак бунёд карда, бо ҷалби мутахассисон ва, албатта, коргарони кироя – сокинони маҳаллӣ вусъату равнақи соҳаро ноил шудан имконпазир аст. Ин амалия дар бисёр мамолики пешрафта, самари хуби молиявӣ медиҳад. 
Дар ҳақиқат ҳам, даромади соҳа хуб аст. Агар аз се кило пиллаи хушк як кило абрешим ҳосил шавад, 25 метр атласи тоза бофтан мумкин. Тоҷикистон бо шароити хуби иқлимӣ метавонад бештар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол намояд. Нахи абрешим аз ҷумлаи маводи бозоргир аст, ки ба рушди он таваҷҷуҳ мебояд. Ҳоло дар бозор як метр атласи абрешими табиӣ аз 30 то 70 сомонӣ арзиш дорад. Пас, месазад, ки кирмакпарварӣ дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, занону духтарони мо соҳиби ҷои кор ва ҳам музди арзанда шаванд. Бовар аст, бо саъю талоши зиёди масъулон ва тадбирҳои тозаю муассири Ҳукумати ҷумҳурӣ мушкилиҳои соҳа бартараф, кирмакпарварӣ ба бахши сердаромади кишоварзӣ мубаддал ва анъанаи неки атласбофони тоҷик дубора эҳё мешавад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2022    №: 195    Мутолиа карданд: 1566
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед