logo

фарҳанг

АДИБИ ҲАМА ДАВРУ ЗАМОНҲО. ВИЖАГИҲОИ ТАРҶУМА ВА ШАРҲИ КОМИЛИ "МАСНАВИИ МАЪНАВӢ"-И ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ БА ЗАБОНИ АРАБӢ

 
لقد تأخّر هذا المثنوي فترة من الزمان
فالمهلة واجبة حتى يتحوّل الدم الى حليب
Муддате ин Маснавӣ таъхир шуд,
Муҳлате  боист, то хун шир шуд. 
Гузориши худро бо ин шоҳбайти таърихии "Маснавии маънавӣ" - и Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ оғоз карда, ишора менамоем, ки тарҷума яке аз падидаҳои муҳим ва қадими фарҳангии инсоният аз замонҳои куҳан ва то кунун нақши бузурги забонӣ, маърифатӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дошта, бешак, тарҷумонҳо аз аввалин қишрҳои ҷомеаи башарӣ будаанд, ки халқҳо, инсонҳо ва фарҳангҳои ҷаҳонро бо якдигар ошно сохтаанд. Ба қавли маъруфи шоири бузург А.С. Пушкин "Тарҷумонҳо - аспони муждарасон ва ё сафирони бузурги маорифпарварӣ" маҳсуб мешаванд (Перевод - средство взаимного сближении народов. Художественная публицистика. М., "Прогресс",1987, саҳифаи аввали китоб).
Бо назардошти ҳамин андешаи нависандаи шаҳир тарҷума ҳамчун воситаи бозгардони гуфтори як инсон ба инсони дигар, шинос кардани як қавмият ба нажоди дигар ва паҳну густариш додани илму адаб дар таърихи башарият рисолати муқаддас ва, воқеан, муҳими таърихӣ ва иҷтимоии худро дар замони нав низ идома дода истодааст. Ба шарофати пешрафти босуръати илм гунаҳои нав ба нави тарҷумаҳо рӯйи кор омада истода, метавон гуфт, ки ин падидаи адабӣ ва фарҳангӣ дар шаклҳои мухталифи худ имрӯз  ҳам яке аз муҳимтарин ва таъсирноктарин воситаҳои маърифатшиносӣ мебошад.
Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳусайн  Баҳоуддин дар шашуми рабиъ ал-аввали соли 604 ҳ. баробар ба 30 декабри 1207 милодӣ дар хонадони фақеҳи маъруфи вақт Баҳоуддин Валад мулаққаб бо "Султонулуламо" ба дунё омадааст. Ривояте ҳаст, ки лақаби мазкурро ба падари Мавлоно Баҳоуддин Валад ҳазрати Муҳаммад гузоштааст, ки онро ҳама уламои Балх дар як шаб дар хоб дидаанд. Ҳазрати Мавлоно дар рӯзи панҷуми ҷумода-л-охири соли 672 ҳ. баробар ба ҳабдаҳуми декабри соли 1273 ҷаҳони фониро падруд гуфтааст ("Маснавӣ" -и Мавлоно Ҷалолуддин ар-Румӣ. Тарҷама-ҳу ва шараҳа-ҳу ва қаддама ла-ҳу Иброҳим ад-Дассуқӣ ал-Қоҳира, 2014, с. 8,30) . 
Ҳадафи гузориши банда шиносондани донишмандон ва ҳаводорони забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба тарҷумаи нав ва комили илмии яке аз шоҳкориҳои мондагори адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва, бешубҳа, адабиёти ҷаҳон "Маснавии маънавӣ" ба забони арабӣ мебошад, ки онро профессор, раиси бахши забонҳои шарқии факултети адабиёти Донишгоҳи Қоҳира Иброҳим ад-Дасуқӣ дар соли 1996 анҷом дода, дар соли 2014 дар Қоҳира дар 6 ҷилд ба чоп расондааст.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳангоми таҳқиқи тарҷумаи арабии "Маснавии маънавӣ" бо мақсади дақиқ кардани миқдори абёти ба арабӣ тарҷумашудаи асар бар асоси матни Р. Николсон ва муқоисаи он бо нусхаҳои дигар, ки онро Баҳриддин Ализода (Алавӣ), Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ таҳия, танзим ва баргардон намуда, соли 1379 ҳ./2001 дар Теҳрон ба чоп расондаанд, истифода намудем.
"Маснавӣ"  ҳанӯз барвақт дар адабиёти араб мавриди тарҷума, шарҳу эзоҳ ва таҳқиқот карор гирифта, дар солҳои охир диққати донишмандонро аз нав ба худ ҷалб сохта, тарҷумаҳои комил ва пухтаи асар рӯйи кор омадаанд, ки аз зумраи онҳо тарҷумаи профессор Иброҳим ад-Дасуқӣ мебошад, ки роҷеъ ба мазмун ва мундариҷаи он дар ин ҷо таваққуф менамоем.
Мутарҷим дар тарҷумаи дафтари дуюми "Маснавӣ" роҷеъ ба оғози шарҳҳо ва тарҷумаҳои "Маснавӣ" ба забони форсӣ - тоҷикӣ ишора карда, ишорат менамояд, ки ҳанӯз аз даврони қадим шарҳу тавзеҳоти асар оғоз гардида, аз аввалин донишмандоне, ки ба ин амал даст задааст, Аҳмад ар-Румӣ ҳамасри Султонвалад фарзанди Мавлоно будааст, ки асари худро "Дақоиқ ал-ҳақоиқ" номгузорӣ кардааст. Муҳаққиқи дигар Ҳусайн ал-Хоразмшоҳӣ дар шарҳи "Маснавӣ"  манзумае бо номи "Кунуз ал-ҳақоиқ фӣ румуз ад-дақоиқ" ва шарҳи дигаре бо номи "Ҷавоҳир ал-асрор ва завоҳир ал-анвор" таълиф кардааст. Ҳамчунин, шарҳҳои дигареро аз шайх Сарарзии ал-Чархӣ (ваф. 851 ҳ.) ба "Китоби ной" ("Нойнома"), шарҳи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳамин китоб, шарҳи Шоҳидӣ Дода (тав.570 ҳ.), Зарифӣ Ҳасан Чалабӣ бо номи "Кошиф ал-асрор", Ҷалолуддин ас-Собунӣ (тав.948), Нуруллоҳ аш-Шуштарӣ (тав. 1019), Ал-Қусурӣ (тав.1106) бо номи "Асрори Маснавӣ ва анвори маънавӣ", шарҳҳои Ҳодии Сабзаворӣ, Бадеуззамон Фурӯзонфар, Муҳаммад Истеъломӣ, Абдулбоқӣ Гулпинорли, ки ба форсӣ тарҷума шудааст, аз зумраи чунин шарҳҳо мебошанд.
"Маснавӣ" ба забони арабӣ низ мавриди тарҷума ва шарҳҳо қарор гирифта, бори аввал онро Юсуф ибни Аҳмад дар соли 1817 зери унвони "Ал-Манҳаҷ ал-қавӣ ли туллоб ал-Маснавӣ" таълиф кардааст, ки соли 1872 дар Қоҳира ба чоп расидааст. Тарҷумаи "Ҷавоҳир ал-осор фӣ тарҷамат "Маснавӣ" Мавлоно Худовандгор" - и Абдулазиз Соҳиб ал-Ҷавоҳир дар 6 ҷилд дар Теҳрон ба чоп расидааст. Устод Абдулваҳоб Изом аз донишмандони маъруфи араб мухтороти мухтасаре аз "Маснавӣ" бо номи "Фусул мин ал-Маснавӣ" дар соли 1946 дар Қоҳира ба чоп расондааст.
Тибқи таҳқиқоти мутарҷими "Маснавӣ" ба забони арабӣ ин шоҳкории бузурги адабӣ ба забонҳои аврупоӣ низ тарҷума шудааст, ки муҳимтарин ва калонтарини онҳо тарҷумаи англисии ховаршинос Р. Николсон мебошад, ки тайи солҳои 1925-1950 ва мухтороти он бо номи "Tales of mustic Meaning (London 1961) ба чоп расидаанд. Арабшиноси англис Арбери бо номи "Tales from the more Tales from the Masnawi", London,1847 як таҳқиқот анҷом додааст. Пеш аз тарҷумаҳои Арбери ва Николсон тарҷумаҳои дигаре аз Болмар дар бораи ной бо номи "The song of the read", London, 1847, тарҷумаҳои Раҳовис 1881, Вилсон (дафтари 1-2), таҳқиқи Анна Мария Шамел бо номи " The triumphal Sun, a study of the works of: Jalaladdin Rumi", ки онро Ҳасан Лоҳутӣ ба форсӣ тарҷума кардааст ва зери унвони "Шукӯҳи Шамс" ба чоп расидааст ва дигар тарҷумаҳо ба фаронсавӣ, олмонӣ, чехӣ, русӣ ва ғайраро зикр кардааст.
Роҷеъ ба тарҷумаи нави арабии "Маснавӣ" ба забони арабӣ ва ангезаҳои аз нав тарҷума кардани матни комили "Маснавӣ" профессор Иброҳим ад-Дасуқӣ чунин далелҳои илмӣ ва инсонӣ пешниҳод менамояд, ки мо дар ин ҷо фишурдаи онҳоро ба хонанда ва муҳаққиқи тоҷик пешкаш месозем. Ба хонандаи араб ва ошиқони адабиёти волои ирфонӣ матни яке аз аҷибтарин матнҳои ирфонӣ нусхаи комили "Маснавӣ" - и Ҷалолуддини Румиро дар 6 ҷилд тақдим менамоем. Мутарҷим  доир ба тарҷумаҳои асар таваққуф карда, ишорат менамояд, ки китоби сеюми "Маснавӣ" - ро соли 1992, пасон китоби чаҳорумро бо маблағи шахсии худ соли 1993 ба чоп расондам. Ҳангоми ба чоп омода кардани дафтарҳои панҷум ва шашум ошиқони ирфони исломӣ пешниҳод карданд, ки дафтарҳои якум ва дуюмро, ки устоди шодравони банда профессор Муҳаммад Абдуссалом Кафофӣ тарҷума карда буд, аз нав тарҷума ва ба чоп расонам, то ки тарҷума ва шарҳи асар мукаммал ба табъ расад. Дарвоқеъ, ман дар оғоз дар қабули ин пешниҳод дудилагӣ зоҳир кардам, зеро дафтари аввал ва дуюми асарро худи устодам тарҷума карда буданд. Воқеан, ман дар оғоз тарсидам, тарҷумаи нави асар аз ҷониби ман як навъ эътироз ба тарҷумаи устодам ё коҳондани мақом ва манзалати ӯ нагардад, зеро чунин андеша дар лавҳи хотирам ҳам вуҷуд надошт. Лекин зарурати аз нав ва пурра ба хонанда ва муҳаққиқ пешниҳод кардани матни комили "Маснавӣ" ва чанд омили дигар маро водор сохт, ки ба амали сохтани ин кори бузург ва хайр камари ҳиммат бар занам. Омилҳои зерин сабабгори даст задани банда ба тарҷумаи нав ва комили "Маснавӣ" ба забони арабӣ гардид:
1. Аз замоне  ки устоди зиндаёд ва шодравонам дафтарҳои аввал ва дуюми "Маснавӣ" - ро тарҷума ва ба чоп расонда буданд, зиёда аз чаҳоряк аср гузашта, дар ин муддат, ба матни асосии асар ва он ҳам матни ховаршиноси англис Николсон баъди пайдо гардидани нусхаи Қуния, ки 5 сол баъд аз вафоти Мавлоно тадвин гардида буд, тағйир ва иловаҳо ворид гардида, чопҳои нави "Маснавӣ" масалан, чопи Муҳаммадтаққии Ҷаъфарӣ  рӯйи кор омада буд, ки  зиёда аз ҳазор байти навро илова карда буд. Гузашта аз ин, ҷойҳои норавшане дар матн вуҷуд доштанд, ки онҳоро дар ҳошияи шарҳи тарҷумаи арабии "Маснавӣ" ишора кардаем.
2. Ҳамчунин, дар ин муддат чандин шарҳҳои "Маснавӣ" ба забонҳои форсӣ ва туркӣ рӯйи кор омаданд, ки яке аз онҳо шарҳи донишманди мавлавишиноси турк Гулпинорлӣ ба забони туркӣ мебошад, ки чанд муддат пеш ба забони форсӣ низ, тарҷума гардид. Шарҳи мавлавишиноси маъруфи Эрон Бадеуззамон Фурӯзонфарро Сайидҷаъфар Шаҳидӣ ба анҷом расонд ва дар ҳоли ҳозир машғули омодасозии ҷузъҳои дигар он аст ва, ҳамчунин, шарҳи Муҳаммад Истиъломӣ. Илова бар ин, шарҳҳо ва таҳқиқоти муҳими Анна Мария Шамел ва Абдулҳусайни Заринкӯб рӯйи кор омаданд.
3. Чунон ки дар муқаддимаи китоби сеюми "Маснавӣ" ишора кардем, матни асар дорои зарфиятҳои мухталифи фаҳмиш мебошад, зеро хонандаи матн онро ба шакле мефаҳмад, ки аз тарҷумаи пештараи он фарқ дорад. Тарҷумаи устоз Кафофӣ аз аввалин ва дуюмин тарҷумаи асар ба забони арабӣ ба ҳисоб намеравад, зеро онҳоро пештар Юсуф ибни Аҳмад ал-Мавлавӣ ва Абдулазиз Соҳиб ал-Ҷавоҳир тарҷума карда буданд. Илова бар ин, дар ин ҷода чанд тарҷумаи асар ба забони англисӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ, ман дар ҳошияҳои тарҷумаи худ дар бораи ихтилофоти китобҳои аввал, дуюм ва тарҷумаи устодам ишора накардаам, зеро масъала сари хато ё дуруст будани тарҷума нарафта, ҳар яки мо "Маснавӣ" - ро аз дидгоҳи ҷаҳонбинӣ ва фаҳму дарки шахсии хеш арзёбӣ менамоем.
4. Ман дар шарҳҳои чопи нави комили "Маснавӣ" ба сурати фарогир ва мукаммал муносибат кардаам, зеро Мавлоно дар "Маснавӣ" бархе аз масъалаҳоро дар ҷойе ба сурати муҷаз ва мухтасар баён карда, онҳоро дар ҷойи дигар ба сурати густурда баён месозад ва ҳар ҷузъ ба ҷузъҳои дигар пайванди хоссаеро доро мебошад. Дар ҳар сурат, дар "Маснавӣ" нуқоти зиёде вуҷуд доранд, ки ҳар кас аз рӯйи зарфият ва ҷаҳонбинии худ дар фаҳми онҳо муносибат карда, андешаи худро дар бораи ин донишномаи ирфонӣ баён месозад.
 
Чунонки маълум аст, аз "Маснавии маънавӣ" нусхаҳои хеле зиёд дар китобхонаҳо ва марказҳои ховаршиносии ҷаҳон маҳфуз буда, бори нахуст матни илмӣ-интиқодии "Маснавӣ"-ро ховаршиноси англис Р.А. Николсон дар солҳои 1925-1937 омода ва ба табъ расондааст. Минбаъд дар Эрон матни пурраи асар ва қисматҳои алоҳидаи он чандин маротиба нашр гардид, ки матни таҳиякардаи Муҳаммад Истеъломӣ, Абдулкарими Суруш ва матни дар заминаи матни Р.А. Николсон таҳиякардаи Азизуллоҳи Косиб аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 
Ҷойи тазаккур аст, ки дуктур Иброҳим ад-Дасуқӣ чунонки дар муқаддимаи тарҷумаи "Маснавӣ" ба забони арабӣ менависад, тарҷумаи комил ва шарҳи асари Мавлоно Ҷалолуддини Румиро аз рӯйи нусхаи таҳиякардаи дуктур Муҳаммад Истеъломӣ, ки дар Теҳрон дар интишороти "Зуввор" ба чоп расидааст, анҷом додааст. Ин чопҳо ҷилди аввал аз соли 1360 ҳ.ш./ 1981 оғоз гардида, ҷилди 6-уми он дар соли 1991 ба итмом расидааст. Ин чоп бо нусхаи мусаввари дастхати дар Қуния мавҷудбудаи "Маснавӣ" дар музеи Мавлоно ва ҳамаи дигар нусхаҳои чопии "Маснавӣ", махсусан нусхаи илмӣ- интиқодии Р. А.Николсон ва Сайидмуҳаммад Таққии Ҷаъфарӣ муқоиса шудааст.
Тарҷумаи дуктур Иброҳим ад-Дасуқӣ бо номи "Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддин ар-Румӣ" тарҷама-ҳу ва шараҳа-ҳу ва қаддама ла-ҳу Иброҳим ад-Дасуқӣ 6 ҷилд иборат буда, ҷилди аввал 611 саҳ.; ҷилди дуюм 86 саҳ.; ҷилди сеюм 656 саҳ.; ҷилди чаҳорум 635 саҳ.; ҷилди панҷум - 441 саҳ. ва ҷилди шашум - 680 саҳ.- ро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, матни тарҷума ва шарҳҳои Иброҳим ад-Дасуқӣ ба забони арабӣ 3509 саҳифаро ташкил дод. 
 Теъдоди абёти тарҷумаи арабии "Маснавӣ" аз ҷониби дуктур Иброҳим ад-Дасуқӣ дар муқоиса бо чопи Теҳрон дар соли 2001, дар маҷмуъ, 25685 байтро ташкил дода, дафтари якум 4018 байт, дафтари дуюм 3826 байт, дафтари сеюм 4814 байт, дафтари чаҳорум 3856 байт, дафтари панҷум 4241 байт ва дафтари шашум 4931 байтро ташкил доданд. Чунонки аз муқоисаи ин ду чоп муайян гардид, теъдоди абёти ба арабӣ тарҷумашуда ҳамон аст, ки чопи Теҳрон соли 2001 фаро гирифтааст.
Тарзи кори дуктур Ад-Дасуқӣ дар шарҳи тарҷумаи арабии он аз ин қарор аст:
Дафтари аввали тарҷумаи арабии "Маснавӣ" аз 611 саҳифа ва 4018 байт иборат буда, 349 саҳифаро тарҷумаи матни "Маснавӣ" ва 261 саҳифаро шарҳу эзоҳи мутарҷим дуктур Ад-Дасуқӣ ташкил додааст. Мутарҷим дар дафтари аввали "Маснавӣ" ба "Шарҳи зиндагиномаи Мавлоно Ҷалолуддин ар-Румӣ" пардохта, дар  муқаддима сараввал дар бораи сабаби даст задан ба тарҷумаи асар шарҳу баён тақдим намуда, зиндагиномаи  Мавлоноро аз даврони кӯдакӣ, оғози сафарҳо ва мусофирати хонаводаи ӯ аз Балх, сабабҳои мусофират ба кишварҳои араб ва Қунияро макони зист қарор додан, устодон ва пирҳои ӯ Маҳдии Муҳаққиқ, Шамсиддини Табрезӣ, Салоҳиддини Заркӯб ва Ҳусомиддини Чалабӣ маълумоте пешкаш месозад, ки, асосан, дар корҳои мавлавишиносӣ ва таҳқиқоти ховаршиносон ва муҳаққиқони маҳаллӣ дар Эрон ва кишварҳои араб  ишорат гардидаанд. Тарзи тарҷумаи дуктур Ад-Дасуқӣ ба ин сурат аст, ки ӯ ҳар 5 байти "Маснавӣ"- ро зери як рақам, ки мутарҷим ҳама байтҳоро рақамгузорӣ намудааст, анҷом додааст, ки чунин муносибати мутарҷим ба сохтори асар халале ворид накарда, балки дар фаҳми маъно ва мазмуни он кумак намудааст. Мутарҷим дар 261 сафҳаи он ва дар поварақи тарҷума ба шарҳу баёни мавзеъҳои баҳсталаб ва норавшани асар пардохтааст. Шиносоӣ ба равиши кори мутарҷим имкон фароҳам месозад, ба ин натиҷа расем, ки мутарҷим дуктур ад-Дасуқӣ асарро на танҳо бо забони фаҳмо ва шеърӣ, нигоҳ доштани руҳияи назми "Маснавӣ", шарҳу баёни бисёр дақиқи забонӣ, адабӣ, фалсафӣ, ирфонӣ тарҷума кардааст, балки хонанда ва муҳаққиқи борикбин баъди ошноӣ бо матни тарҷума ба ин натиҷа мерасад, ки тарҷумаи анҷомдодаи дуктур Ад-Дасуқӣ дар фаҳмиши дақиқтари асар кумак менамояд. Равиши кори мутарҷим дар дафтари аввал ва дафтарҳои дигари асар ба ин хулоса водор месозад, ки тарҷумаи дуктур Ад-Дасуқӣ дар адабиётшиносии араб, мавлавишиносӣ ва адабиётшиносии форсӣ-тоҷикӣ як шоҳкории бузурги ҳунарӣ ва адабӣ буда, мавҷудияти чунин кори ҷиддӣ, пураҳамият ва арзишманди адабиро дар мавлавишиносии тоҷик орзу намоем, зеро ба назари инҷониб, бо вуҷуди баъзе корҳои алоҳида доир ба забон, арзиши адабӣ, услуби нигориш, истифодаи жанрҳои адабӣ ва аз ҳама муҳим, луғатномаи комили "Маснавӣ" ба забони тоҷикӣ ҳанӯз ҳам дар адабиётшиносии тоҷик вуҷуд надошта, ба назари муаллифи ин сатрҳо масъалаҳои зикршуда аз масоили муҳиме мебошанд, ки дар адабиётшиносии тоҷик ҳалли худро бояд пайдо намоянд.
Дафтари 2-юми "Маснавӣ" дар тарҷумаи дуктур Ад-Дасуқӣ 486 саҳифа буда, 314 саҳифаи онро тарҷумаи матни асар ташкил дода, 171 саҳифаи он ба шарҳу эзоҳи матни тарҷумашуда бахшида шудааст. Мутарҷим дар муқаддимаи тарҷума зери унвони "Маснавии маънавӣ – ҳадияи қарнҳо" таҳқиқ анҷом дода, ишора мекунад, ки "Маснавӣ" чун дигар манзумаҳо дар адабиёти форсӣ ба мисли "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, "Ҳадиқат ал-ҳақиқа"-и Саноии Ғазнавӣ, "Илоҳиётнома" ва манзумаҳои Шайх Аттор дар баҳри рамали мусаддас, яъне "фоилотун фоилотун фоилун" навишта шудааст, ки аз назари сохтор баҳри осон ва ба мусиқии асар созгору барои таълими шеър ба мақсад мувофиқ аст.
 
Мутарҷим дар мавриди мисолҳо ва ҳикоёти мухталифе, ки Мавлоно ҳангоми таълиф ба кор бурдааст, ба масобаи пӯст буда, ҳадафи асосии муаллиф ҷустуҷӯи маънои хостанӣ аст, ки Мавлоно дар саросари "Маснавӣ" бо ин равиш асарро эҷод кардааст. Ба ибораи дигар, Мавлоно ҳама ашёи оламро барои баёни амиқтари маъно қурбон кардааст. Аз масоиле, ки дар ин ҷо мутарҷим даст задааст, замони оғози таълифи "Маснавӣ" мебошад. Дар ин ҷода дуктур Ад-Дасуқӣ дар такя ба таҳқиқоти мавлавишиносон чун Анна Мария Шамел, Гулпинорлӣ ва дигарон ҳамон андешаро дастгирӣ мекунад, ки "Маснавӣ" бо тарғибу ташвиқи Ҳусомиддини Чалабии Армавӣ дар соли 662/1284 ба навиштан оғоз гардидааст. Роҷеъ ба шумораи абёти асар мутарҷим таваққуф карда, дар такя ба нусхаи илмӣ-интиқодии Николсон аз рӯйи дастхате, ки соли 678/1300, яъне 6 сол баъди вафоти Мавлоно навишта шудааст, ишора менамояд, ки миқдори абёт 25632 байт буда, вале нусхаи тарҷумашуда, ки ба он Муҳаммадтақии Ҷавҳарӣ чандсад байт илова кардааст, шумораи абёти "Маснавӣ" 25684 байтро ташкил додаанд. Аз дидгоҳи мутарҷим дуктур Ад-Дасуқӣ "Маснавӣ" бо як барномаи пешакӣ ва мушаххас таълиф нагардида, Мавлоно онро бар асари илҳоми худовандӣ ва дар пайравии "Илоҳиётнома"- и Аттор ва "Ҳадиқат ал-ҳақиқа" - и Саноӣ навиштааст, ки ин байт далел бар ин андеша аст:
Аттор руҳ буду Саноӣ ду чашми ӯ,
Мо аз пайи Саноиву Аттор омадем. 
Мутарҷим дар мавриди маводи дар "Маснавӣ" истифодагардида, дар ин ақида мебошад, ки Мавлоно дар ду адабиёт: адабиёти форсӣ ва адабиёти араб табаҳҳури комил дошта, аз "Калила ва Димна", аз мероси бузургони адабиёти форсӣ Низомии Ганҷавӣ, Хоқонӣ, Фахриддини Ироқӣ ва дигар манзумаҳои адабиёти форсӣ то замони худ ва аз адабиёти араб аз "Китоб ал-ағонӣ" - и Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ашъори Абулъало ал-Маъаррӣ, мақомоти Ал-Ҳарирӣ, аз бархе шуарои даврони ҷоҳилият, шуарои аҳди Аббосиён, чун Абунувос ва, махсусан ашъори Ал-Мутанаббӣ, ки Мавлоно шефтаи осори ӯ буд, истифода карда, мутарҷим намунаҳои онро дар поварақ ва шарҳҳо ишора кардааст. Аз ин хотир, "Маснавӣ" чун шоҳкории бузурги адабӣ ганҷинаи бебаҳои мероси шоирони ирфонии гузаштаи форсу араб ва аз сарчашмаҳои боэътимоди ирфони исломӣ мебошад. Мутарҷим дар шарҳу баёни "Маснавӣ" ба ин натиҷа расидааст, ки Мавлоно баҳри ифодаи маъно ва моҳият ба навсозиҳои беназири забонӣ даст зада, бо боварии том гуфта метавонем, ки "Маснавӣ" донишномаи забонии зиндаи забони форсӣ-тоҷикӣ аст, ки муфрадоти онро донишманди фарҳехта Сайид Содиқ Гавҳарин дар 7 ҷилд дар Донишгоҳи Теҳрон соли 1353ҳ.ш./1975 ба чоп расондааст (Дафтари 2, саҳ.15).  
 
Дафтари 3-юми "Маснавӣ" дар тарҷумаи дуктур Ад-Дасуқӣ аз 656 саҳифа иборат буда, 409 саҳифаро тарҷумаи матн ташкил дода, 246 саҳифаи он ба шарҳу эзоҳи матни тарҷумашуда бахшида шудааст.  Дар муқаддимаи тарҷумаи ин дафтар мутарҷим бо номи "Фалсафаи бақо андар фанои Ҷалолуддин" як таҳқиқи арзишманди ирфонӣ-фалсафӣ анҷом дода, ба яке аз масълаҳои душвор ва дар айни замон фалсафа ва ирфони исломӣ, мавҷудияти Худои Таоло ва муносибати инсон ба он даст задааст, ки ин масъала дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бо истилоҳи "ирфон" маълум ва маъруф буда, ҷавҳар ва дарунмояи он ба фанопазирии инсон ва вуҷуди ҳақиқӣ ва мутлақи Худованд бахшида шудааст. Аз ин рӯ, Мавлоно дар "Маснавӣ" ин ақидаи пурмояро пешниҳод мекунад, ки ҳама чиз дар олам "хӯрдан ва хӯрданӣ" буда, хӯронандаи инсон ҳамон Худованди Мутаол буда, ҳар чизе дар табиат хӯрандаи бақувваттаре дорад ва инсон чун аз бандубасти ғизои моддӣ дар сурати бадан раҳоӣ ёфта, ба руҳи холис табдил меёбад, ӯ дар як сатҳи дигаре қарор мегирад, ки ҳавос ва андомҳои одӣ аз дарки он оҷиз мегарданд. Ҷаҳони моддӣ аз назари Мавлоно ҳамеша дар ҳаракат, таҳаввул ва гузариш аз як ҳолати сифатӣ ба ҳолати дигари он аст, ки онро дар истилоҳи ҳакимон ва файласуфон "истиҳола" меноманд, яъне Мавлоно дар ин бахш мартабаҳои ҳастиро аз ҳолати ҷимодӣ ба ҳайвонӣ ва аз ҳайвонӣ ба инсонӣ бо як дидгоҳи таърихӣ ва файласуфона дар таҷрибаи анбиё ҳаллу фасл карда, мегӯяд:
Аз тавозуъ чун зи гардун шуд ба зер,
Гашт ҷузви одамӣ ҳаййи далер.
 
Пас сифоти одамӣ шуд он ҷимод,
Бар фазои арш паррон гашт шод,
 
К-аз ҷаҳони зинда, з-аввал омадем,
Боз аз пастӣ сӯйи боло шудем.
 
Ҷумла аҷзо дар таҳаррук дар сукун,
Нотиқон, к- "инно илайҳи роҷиъун"
 (Маснавӣ, даф. 3, саҳ.227). 
 
Мутарҷим дар ин бахши таҳқиқи хеш ба яке аз масъалаҳои мураккаби ирфони исломӣ бозгашти руҳ ба асли хеш, ки онро дар дафтари аввали "Маснавӣ" дар шакли "нолаи най" барои бозгашт ба найистон ва шевани руҳ баҳри бозгашт ба ҷаннат бо мисолҳои зиёд дар ҳар дафтари "Маснавӣ" шарҳу баён месозад, ки шарҳу тафсири ӯ ба "Қасидаи айния дар нафс"-и Ибни Сино шабоҳат дорад (Абуалӣ ибни Сино. Осор. Ҷилди дувум, Душанбе, 2005, саҳ. 682-687). Аз назари Мавлоно нестии ҳаёти башар, ки суфиён онро бо лафз ё истилоҳи "фано" ифода мекунанд, ҷуз таҳаввули нафси накӯҳида ба нафси олия ва мутмаинна, чунонки Ал-Ҳиҷварӣ мегӯяд: "Нестшавии сифоти накӯҳида ва иваз кардани онҳо ба сифатҳои ҳамида чизи дигаре нест" (Даф.3, саҳ.10). Ба ибораи дигар, агар андешаи "бақо андар фано" риштаи пайванди бахшҳои «Маснавӣ» бошад, пас, мавзуи ишқ риштапайванди ҳар як дафтари «Маснавӣ» - ро ташкил медиҳад. Хулосаи калом, мутарҷим дар ин қисмати дафтари сеюми «Маснавӣ» ба масъалаи бақою фанои инсон ва нақши ишқ дар муносибати байни инсон ва ҷаҳони ҳастию Худованд тааммуқ карда, таъкид мекунад, ки ҳангоми бозгашти руҳ ба маъвои хеш ӯро маҳз ишқ қувва ва неру мебахшад, зеро ишқ ҳаракат ба сӯйи камол ва аз аслҳои тавҳид буда, мазҳаби ишқ аз ҳама мазҳабҳо ҷудо ва болост.
Мутарҷим дар тарҷумаи дафтари чаҳоруми «Маснавӣ», ки иборат аз 635 саҳифа мебошад ва 370 саҳифаи онро тарҷумаи матн ва 260 саҳифаашро шарҳу эзоҳҳо ташкил медиҳанд, дар муқаддимааш бо номи "Инсон он олами кабир" дар такя ба мазмун ва муҳтавои ин дафтар таҳқиқи аҷибе ба анҷом расонидааст, ки мазмуни он аз чунин хулосаҳо иборат аст:
Инсон аз назари Мавлоно чун як махлуқи малакутӣ дар ҷаҳони ҳастӣ ба манзалати як зарраи хоки замин ва қатраи обе нест, ки ба дарё омезиш меёбад ва омаданаш ба ин дунё чун омадани пашшае нест, ки меояду чанд лаҳза баъд фано мешавад, балки мартаба ва манзалати вай як зот ва махлуқи волотар ва муқаддастар аст. Ҳакимон инсонро олами сағир донистаанд ва худи оламро инсони кабир хондаанд, вале Мавлоно акси ин маъниро собит сохта, аз дидгоҳи ӯ дар офариниш аз инсон дида, бузургтар офаридаи худовандӣ вуҷуд надорад:
Пас, ба сурат олами асғар туӣ,
Пас, ба маънӣ олами акбар туӣ 
(Дафт.4, саҳ.355).
 
Дар ин ҷо мутарҷим ба масъалаи ҷавҳари инсон даст зада, дар такя бо абёти мухталиф аз "Маснавӣ" ва аз дидгоҳи Мавлоно собит месозад, ки ҷавҳари инсон комилан ҷавҳари илоҳӣ аст ва инсони комил қуллаи баланди таҷаллии шахсияти инсон аст, ки дар андешаи ӯ ё ба андешаи ӯ, дар фаҳмиши ҷаҳони ҳастӣ зоҳир мегардад, ки Мавлоно ҷавҳари шахсияти инсонро дар фармонравоӣ бар нафси аммора медонад. Мавлоно дар ин бахш аз назари мутарҷим бо истифода аз Қуръону Ҳадис ба сурати фалсафӣ робитаи инсону Худо ва ҷаҳони ҳастиро бо далелҳои қотеъ ҳаллу фасл месозад. Мутарҷим ин ақидаро дар ин ҷо дар ҳошия ва поварақҳои тарҷума ва тафсири хеш ишорат менамояд, ки Мавлоно аз осори донишмандони форсизабон Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Имом Ғазолӣ ва таҳқиқоти донишмандони мавлавишинос Фурӯзонфар, Гулпинорлӣ истифода карда, масъалаи ҷавҳари инсон ва вазифаи малакутии ӯро бо мисолҳои аҷиб шарҳу тавзеҳ медиҳад, ки ба сабаби тангии вақт аз шарҳу баёни густурдаи онҳо худдорӣ меварзем.
Мутарҷим дар тарҷумаи дафтари панҷуми Маснавӣ, ки иборат аз 641 саҳифа буда, 428 саҳифаи онро тарҷумаи матн ва 213 саҳифаашро шарҳу эзоҳҳо ташкил медиҳанд, зери унвони "Иродаи Илоҳӣ ва озодии инсон" як таҳқиқи пурмуҳтаво навиштааст, ки  маъно ва муҳтавои он чунин аст. Мутарҷим дар асоси мазмуни дафтари панҷум ва дафтарҳои дигари "Маснавӣ" яке аз масоили баҳсталаби фалсафа ва ирфони исломӣ масъалаи "ҷабр ва ихтиёр" ё ба сухани дигар, мавзуи озодии инсонро мавриди баҳсу мунозираи муфассал қарор додааст. Тибқи назари мутарҷим дуктур Иброҳим ад-Дасуқӣ, дар таърихи ирфони исломӣ ҳеҷ мутафаккире масъалаи озодии инсонро дар баробари иродаи Илоҳӣ мисли Мавлоно дақиқ ва равшан баён карда  натавонистааст, зеро шарҳу баёни ӯ бо шумулияти шарҳу баён, арзи зиндаи мавзуъ ва овардани далелу ҳуҷҷатҳои равшану раднопазир аз зиндагии башарӣ ва такя ба сарчашмаҳо фарқ мекунад. Аз дидгоҳи Мавлоно аз он ҷо ки масъалаи "ҷабр ва ихтиёр" як масъалаи умумибашарӣ, аст Шарқу Ғарб - ҳама яксон ба он муносибат мекунанд. Ҷавҳари ақидаи Мавлоноро дар ҳаллу фасли масъалаи мазкур ин воқеияти раднопазир ташкил медиҳад, ки чун Худованд ҳама мавҷудотро офарид, аз миёни онҳо озодиро танҳо насиби инсон карда, озодӣ барои инсон як туҳфа ва армуғони Худовандист. Дар идомаи таҳкиқи масъала мутарҷим меафзояд, ки Мавлоно дар пайравӣ ба Саноии Ғазнавӣ дар чунин андеша аст, ки инсон дар байни ақл ва ҳавою ҳавас комилан озод аст ва барои шарҳу баёни масъала аз Қуръону Ҳадис ва гуфтори бузургон мисолҳо оварда, Мавлоно чунин мешуморад, ки инсон бо табиати ботинии Худовандии худ дарк мекунад, ки ӯ соҳибихтёр аст ва далели чунин ақида ин аст, ки ӯ ҳамеша дар байни ду чиз ё худ ду ҳолат карор дорад, ки ин эҳсосро Мавлоно "идроки виҷдонӣ" меномад ва аз дидгоҳи ӯ инсоне, ки масъалаи ҷабр ва ихтиёрро дарк карда наметавонад, дар мартаба бадтар аз ҳайвон аст. Аз ин рӯ, ихтиёр аз назари Мавлоно қудрати ҳақиқии инсон буда, инсонии инсон ба қадри ихтиёр карда тавонистани ӯст. Масъалаи ҷабру ихтиёр ва қазову қадарро Мавлоно ба сурати густурда ҳаллу фасл карда, бадбахтии инсонро дар ин масъала дар он мебинад, ки инсон ҳамеша зери таъсири ҳавою ҳаваси нафс қарор гирифта, аз назари ӯ ғуломи шаҳват буда, зотан аз он халосӣ надошта, ӯ дар зиндагӣ бадтар аз ғуломи ҳалқабаргӯш аст. Хулосаи баҳси ин масъала дар ин ҷо ба ин қарор аст, ки озодии ҳақиқии инсон аз ботини ӯ берун омада, орзуи ҷовидонаи инсон озодӣ аст ва ҳеҷ тоғуте ё ситамгаре наметавонад инсонро аз озодӣ маҳрум созад, агар ӯ худ ботинан озод набошад. Мутарҷим масъалаи мазкур ва масоили дигари вобаста ба озодии инсонро дар ин ҷо бо мисолҳои дақиқ ва шарҳу баёни пурмазмун ва муҳтаво пешкаш кардааст, ки онро дар шакли густардатар ва васеътар баён бояд кард.
 
Мутарҷим дар тарҷумаи дафтари шашуми «Маснавӣ», ки иборат аз 680 саҳифа буда, 412 саҳифаи онро тарҷумаи матн ва 268 саҳифаашро шарҳу эзоҳҳо ташкил медиҳанд, зери унвони "Мусо ва Фиръавн" як таҳқиқи пурарзиш анҷом додааст, ки муҳтавои он аз ин қарор аст. Мутарҷим зимни шарҳу баёни масъала таъкид менамояд, ки бо вуҷуди он ки Мавлоно ба озодии руҳӣ ва маънавии инсон сахт пайванд дошта, таъкид месозад, ки озодии инсон аз ботини худи ӯ маншаъ мегирад, ӯ ба масъалаи зулм, ноадолатӣ ва туғён дар «Маснавӣ» таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст. Мавлоно дар ин андеша аст, ки камолоти маънавӣ ва руҳии инсон ба сохти ҷомеа ва қувваҳои пешбарандаи сиёсии он сахт вобаста аст. Ин аст, ки Мавлоно дар «Маснавӣ» ба танқиди шадиди ҳокимони замони худ бархоста, аз мавҷуд набудани адолати иҷтимоӣ дар замони хеш шикоят меварзад ва "фиръавнҳо"-и асри худ, ки инсон бузургтарин офаридаи Худованд ва халифаи ӯро дар рӯйи замин барои ба даст овардани як луқмаи "қути лоямут" ба бозичаи дасти хеш табдил додааст, мавриди тозиёнаи танқид мегирад. Аз дидгоҳи Мавлоно ҷаҳон ҳамеша дар муборизаи оштинопазир байни паёмбарону авлиёҳо ба муқобили қувваҳои тоғутӣ дар симои иблисҳо, фиръавнҳо ва аҳли ҷоҳу мансаб будааст, ки мақсади ягонаи онҳо ба барда ва ғуломи ҳалқабаргӯш табдил додани инсони озод будааст. Мавлоно таъкид месозад, ки қувваҳои шайтонӣ ва аҳриманӣ барои амалӣ сохтани ҳадафҳои фурӯмоя ва разили хеш на танҳо озодии инсонро поймол месозанд, балки барои ороиши зоҳирӣ ва ҷилваҳо барои ҷалб сохтани моҳрӯён ва дилрабоён ҳазорҳо маблағҳои ҳангуфти мардумро дар пеши пойи онҳо нисор месозанд, ҳарчанд худи онҳо ба пашизае ҳам намеарзанд. 
Мутарҷим дар ин дафтар дар ҳошияи шарҳу эзоҳи афкору андешаи Мавлоно ба адабиёти илмӣ дар адабиёти ҷаҳон, адабиёти форсу араб, таҳқиқоти мавлоношиносони ҷаҳон чун Р. Николсон, Анна Мария Шамел, Фурӯзонфар, Гулпинорлӣ ва дигарон такя карда, дидгоҳи Мавлоноро дар "Маснавӣ" ба сурати равшан, илмӣ ва аз назари як адабиётшиноси шинохта, бо як маҳорати фавқулода тасвир кардааст, ки дар шинохти ҷаҳонбинии адабӣ, фалсафӣ ва фарҳангӣ ва инсонии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ ва адабиёти форсу тоҷик ва араб аҳамияти хосса дорад.
Хулоса, "Маснавии маънавӣ" чун як шоҳкории азими адабиёти форсу тоҷик ва ҷаҳон дар ҷаҳони имрӯз ба яке аз серхонандатарин китоби асрҳои XX ва XXI қарор гирифта, Мавлоно ба маҳбубтарин ориф, файласуф ва адиби ҳама давру замонҳо шинохта шудааст, ки чунин андеша далели равшани ин гуфтаҳо мебошад. Дар рӯзи ҷаноза ва гуселонидани Мавлоно ба водии хомӯшон мардуми зиёде аз мардону занони одии ҷомеа, алоқамандону дӯстдорон, олимону суфиён, кормандону мансабдорон, эрониёну юнониён, туркону румиён, масеҳиёну яҳудиён бо шевану фиғон дар атрофи тани поки Мавлоно гирд омада буданд. Раҳбониён аз китоби муқаддаси Инҷил оятҳо, ҳавориён оятҳо аз Таврот ва мусулмонон оятҳо аз Қуръон ба арвоҳи пок ва муқаддаси ӯ хонда, гиря менамуданд. Мардуми гирдомада, аз Амир Усқуфи бузург ва Роҳиби акбар, ки дар ин ҷо ширкат меварзиданд, бо исрор суол карда, мепурсиданд, ки асрори чунин ихлосмандӣ ба шахсияти ҳазрати Мавлоно дар чист? Онҳо бо як руҳбаландӣ ва боварӣ ба ҳозирон рӯ оварда, чунин посух доданд: "Мо ҳақиқати Мусо ва Масиҳ, ҳақиқати ҳамаи анбиёро аз таълимоти ҳазрати Мавлоно дарёфта тавониста, дар симо ва сулуки ӯ ҳақиқатеро дарк кардаем, ки онро дар китобҳо доир ба рафтору сулуки анбиё хонда будем. Аз ин рӯ, мо ӯро Мусо ва Масеҳи замони худ мешуморем. Ба гуфтаи Усқуфи бузург ҳавории яҳудӣ афзуда гуфт: "Румӣ офтоби ҳақоиқ аст, дар ҳоле ҳама мавҷудоти олам дар зери офтоб қарор доранд". Гуфтаи ҳавории яҳудиро яке аз роҳибони масеҳият идома дода, чунин изофа кард: "Мавлоно пораи нонеро монад, ки бе он башар зистан натавонад, оё дидаӣ, ки гуруснае аз хӯрдани нон канораҷӯӣ намуда бошад? Эй амири бузург! Ту ҳанӯз дарк накардаӣ, ки ҳақиқатан ҳам Мавлоно кӣ буд ва амир аз ин гуфтор хамӯшӣ ихтиёр кард" (Ниҳол Таҷаддуд. Ар-Румӣ: нор ал-ишқ. Тарҷумаи Холид ал-Ҷубайлӣ. Бейрут-Бағдод. 2015,с.).
Дар охири гузориши худ дар ин андеша ҳастам, ки "Маснавӣ" дар адабиётшиносӣ ва мавлавишиносии тоҷик аз сари нав бо назардошти чопҳои интиқодии он ва шарҳу баёноте, ки дар Эрон, ховаршиносии ҷаҳон ва кишварҳои араб ба анҷом расидаст, аз сари нав чоп карда шуда, луғати мукаммали он, оятҳои қуръонӣ дар поварақ дар шакли асил, беҳбуд сохтани имлои забони тоҷикӣ ва дигар масъалаҳое, ки барои беҳбуди тарҷума мусоидат месозанд, амалӣ гардад, зеро чопи "Маснавӣ" бо хатти кириллӣ дар соли 2001 дар Теҳрон бо вуҷуди аҳамияти калони илмии худ акнун ҷавобгӯи хонандаи ҳозиразамон нест, аз ин рӯ, чопи нав ва таҷдиди назар кардани матни "Маснавӣ" аз воҷиботи нав ва муҳими адабиётшиносии тоҷик мебошад.
Чунин аст, шарҳи дафтари аъмоли шахсияте, ки ҷаҳонро бо андеша ва сайру сулуки инсондӯстонаи худ тасхир карда, умри бобаракат, зебо ва лабрез аз панду андарзро ба ҳалли зеботарин ва мушкилтарин муаммои олами ҳастӣ моҳияти инсон ва мақому манзалати ӯ дар силсилазанҷири коиноти пӯшида ва равшани ҳастӣ бахшида, изҳор карда буд:
То тавонӣ банда шав, султон мабош,
Захмкаш чун гӯй шав, чавгон мабош 
(Дафт. аввал с.63).
 
Саидраҳмон СУЛАЙМОНОВ, 
доктори илмҳои филология,
профессори ДМТ
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.20.10.2022    №: 195-201    Мутолиа карданд: 1921
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед