logo

Хабарҳо

СУҒД. НОБУД СОХТАНИ ДОРУ ВА МАВОДИ ОРОИШИИ ПАСТСИФАТ

 
Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар нуҳ моҳи сипаришудаи  соли равон дар 32 муассисаи фармасевтӣ, 65 муассисаи табобатию профилактикии давлатӣ ва  ғайридавлатии вилоят санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавиро анҷом дод.
 
Бино ба гузориши директори сарраёсати Хадамоти мазкур Илҳомҷон Пӯлодзода дар нуҳ моҳи соли равон нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва мағозаҳои зери санҷиш қароргирифта, ба маблағи 252 ҳазору 216  сомонӣ ҷарима ба фоидаи буҷети давлат ситонда шуд.
Ба 65 муассисаи фармасевтӣ, табобатию профилактикии давлатӣ ва ғайридавлатӣ амрномаҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ирсол гашта, дар ин фосилаи вақт, аллакай, оид ба бартараф сохтани камбудиҳо ҷавоб ворид шуд.
Вақтҳои охир дар ҷомеа сару садоҳо оид ба ворид гардидани номгӯи доруҳои сифатан паст ва муҳлаташон гузашта баланд мешаванд, ки беваҷҳ нест. Ҷиҳати баррасии саривақтии ин масъала аз тарафи мутахассисони шуъбаҳои  сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд маъракаи несту нобудсозии маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набуда, дар партовгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо таври сӯзондан гузаронда шуд. Дар натиҷа, як ҳазору 146 номгӯй маводи доруворӣ  бо вазни 19 ҳазору 192,8 килограмм, ки  маблағи  умумиаш 225 ҳазору 687 сомониро ташкил медиҳад, ба коми оташ рафт. 
Инчунин, нисбат ба 11 нафар корманди тиб  муҷозоти интизомӣ ва аз тарафи роҳбарони муассисаҳо нисбати 72 корманд сарзаниш татбиқ карда шудааст.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3855
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед