logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД

 
Мувофиқи ҳисоботи Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, то 1 октябри соли 2022 хароҷоти маблағҳои буҷетӣ барои хариди маводи гармидиҳӣ (ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ) ба соҳаҳои ҳаётан муҳим: маориф ва тандурустӣ дар 25 шаҳру навоҳии вилоят аз 100 то 159 дарсад иҷро шудааст. Пешоҳангон ноҳияи Кӯшониён (маблағгузорӣ дар соҳаи маориф: 159%, тандурустӣ: 123%), шаҳри Бохтар (маориф: 125%, тандурустӣ: 100% ва ноҳияи Қубодиён (маориф: 132%, тандурустӣ: 133%) ба шумор мераванд. Ҳаҷми маблағгузорӣ низ аз буҷетҳои маҳаллӣ нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб афзоиш ёфта, он дар маҷмуъ, дар соҳаи маориф ба 10746068 сомонӣ ва дар соҳаи тандурустӣ ба 1412818 сомонӣ баробар шудааст.
 
– Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, аз апрели соли 2022, № 138 “Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марти соли 2022, № 133 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023”, – гуфт зимни суҳбат ба мо сардори Сарраёсати молияи вилоят Ҳабибулло Иззатуллозода, – барои хариди маводи гармидиҳӣ, аз ҷумла 11 ҳазору 812 тонна ангишт, 24 ҳазору 397 метри мураббаъ ҳезум, 60 ҳазору 886 литр сӯзишвории дизелӣ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллии шаҳру навоҳӣ дар соли 2022 ба соҳаи маориф 10,4 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Бо ин маблағ дар маҷмуъ, 653 тонна ангишт, 2 ҳазору 480 метри мураббаъ ҳезум ва 32 ҳазору 600 литр сӯзишвории дизелӣ таъмин шуд, ин тадбир дар кулли шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбист. Бо мақсади иҷрои чорабиниҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омода шудан ва таъмин кардани маводи гармидиҳӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо маблағи нақшавӣ пурра равона гардид.
 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият” 
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3787
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед