logo

Хабарҳо

БМТ. БАРРАСИИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

 
Дар Бонки миллии Тоҷикистон мизи гирд баргузор гардид, ки дар он роҳу воситаҳои дарёфти кумакҳои машваратию молиявӣ ҷиҳати амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт. 
 
Дар нишаст муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовини раис Гулбаҳор Назирӣ ва намояндагони шарикони рушд, аз қабили Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки осиёии рушд, Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки рушди Авруосиё, дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории калидии БМТ ширкат варзиданд.
Фирдавс Толибзода барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба шарикони рушд изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми онҳоро дар таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳамчун шарикони боэътимод арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки Стратегия таҳти роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мушовирони хориҷӣ таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ шуда, 20 – 21 сентябри соли равон маросими оғози расмии татбиқи он доир гардид.
“Стратегияи мазкур бо назардошти таҳлили вазъи воқеӣ, ризоияти тарафҳои манфиатдор ва ба инобат гирифтани хусусиятҳои хоси кишвар қабул шуда, доираи васеи хизматрасониҳои баландсифати расмии молиявиро фаро мегирад ва дар баробари таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин, барои ҷорӣ намудани усулҳои нави рушд дар самти таҳкими воситаҳои электронии пардохти ватанӣ мусоидат мекунад. Бинобар ин, барои таъмини иҷрои саривақтӣ ва самараноки чораҳои пешбининамудаи Стратегия кумакҳои машваратию молиявии шарикони рушд нақши муҳим доранд”, – таъкид намуд Фирдавс Толибзода.
Дар ҷараёни нишаст таъкид гашт, ки Нақшаи чорабиниҳои Стратегия 67 бандро дар бар гирифта, 11 банди он ба анҷом расид ва 28 чорабинӣ бо дастгирии молиявию машваратии шарикони рушд дар раванди иҷро қарор дорад. Қисми дигари чорабиниҳо гузарондани таҳқиқоту таҳлилҳои махсусро талаб менамояд.  
Намояндагони шарикони рушди ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома муҳим будани чунин як чорабиниро иброз дошта, омодагии худро барои саҳмгузор будан дар раванди татбиқи Стратегия зикр карда, аз дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ даъват намуданд, ки дар иҷрои он саҳм бигиранд. 
Як нукта боиси тазаккур аст, ки дар рафти мизи мудаввар ҷиҳати татбиқи Нақшаи амалисозии стратегия мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон якчанд пешниҳодҳои мушаххас, аз қабили таъсиси Маркази ягонаи байнибонкии мушаххаскунӣ, пайвасткунандаи миллӣ (National switch) барои пардохтҳои кортӣ, татбиқи низоми пардохтҳои босуръат (IFT)-ро ба ҳозирин манзур намуданд, ки барои рушди инфрасохтори бозори молиявӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва зиёд шудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ мусоидат хоҳад кард. 
Фирдавс Толибзода изҳори боварӣ намуд, ки шарикони рушд ба татбиқи босамари Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, саҳми назарраси худро хоҳанд гузошт. Маҳз ба туфайли ҳамоҳангию ҳамкории судманду дуҷониба ва кумаку дастгирии машваратию молиявии шарикони рушд татбиқи самаранок ва саривақтии Стратегияи мазкур имконпазир мегардад. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3990
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед