logo

Хабарҳо

ВКХ-и Туркия: “Боку ва Ереван дар бораи бандҳои созишномаи сулҳ ба созиш расиданд”

 
RT.  Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Tvnet” гуфт, ки Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи нуктаҳои бунёдии созишномаи сулҳ ба мувофиқа  расиданд. Аз рӯи нуктаҳои асосӣ, ки панҷто буданд, созиш ҳосил шуд.
Ин эътирофи тамомияти арзии ҳамдигар, аломатгузории сарҳадҳо ва ғайраро дар бар мегирад. Фақат иҷрои онҳо боқӣ мемонад. Ӯ, ҳамчунин, афзуд, ки раванди ба эътидол овардани равобити Анкараву Ереван ва музокироти Бокуву Ереван дар бораи тавофуқномаи сулҳ наметавонад аз ҳамдигар ҷудо шавад.
 
 
Бори аввал дар таърихи Қазоқистон якбора ду зан ба мақоми президентӣ довталаб мешавад
Мир 24. Пешбарии номзадҳо ба мақоми президентӣ дар Қазоқистон ба поён расид. Барои ширкат дар сабқати интихоботӣ даҳ нафар муроҷиат кардаанд. То ҳол танҳо нисфи онҳо расман дар КМИ сабти ном шудаанд. Бори аввал дар таърихи ин кишвар ду зан  ба мақоми  президентӣ довталаб мешавад. 
Инҳо Каракат Абден, модари чор фарзанд, ки  аз сабти ном дар КМИ бомуваффақият гузашт ва  Салтанат Турсинбекова мебошанд. Салтанат Турсинбековаро Иттиҳодияи ҷамъиятии модарони қазоқ ба унвони номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардааст.
Комиссияи марказии интихобот то кунун панҷ номзадро сабти ном намудааст.
 
 
Амири Қатар бо сафари давлатӣ вориди Қазоқистон гардид
 
CentralAsia (KZ). Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ бо  сафари давлатӣ вориди Қазоқистон шуд.  Дар фурудгоҳи пойтахт меҳмони олиқадрро Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев пешвоз гирифт.
Дар ҷараёни ин сафар имрӯз баргузории музокироти дуҷониба дар сатҳи олӣ ва имзои як қатор санадҳои муҳим дар назар аст.
Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ 13 октябр дар нишасти VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок мекунад.
 
 
Иштироки Путин ва Зеленский дар нишасти G20 тасдиқ шуд
 
Lenta.ru. Вазири корҳои хориҷии Индонезия Ретно Марсуди расман тасдиқ кард, ки Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти Украина Владимир Зеленский дар нишасти G20 дар Бали ширкат хоҳанд кард. 
Ӯ, ҳамчунин, таъкид кард, ки "вазъи кунунии ҷаҳон ноустувор аст", аммо идораи вай саъй дорад бо сарварони ду давлат тамос барқарор намояд. Ҳамоиш 15-16 ноябр дар Бали баргузор мешавад. Қаблан Путин ва Зеленский барои ширкат дар нишасти G20 розӣ шуда буданд. Мулоқоти эҳтимолӣ дар нишасти G20 нахустин мулоқоти рӯбарӯи сарварони Россия ва Украина аз замони оғози амалиёти махсуси низомии рӯзи 24 феврал хоҳад буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4426
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед