Хабарҳо
ПАЁМИ ХУШ АЗ ТОҶИКОНИ ШАҲРИ ЧИРЧИҚ. МАРКАЗИ “ДӮСТӢ” ИФТИТОҲ ЁФТ
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Чирчиқи вилояти Тошкент Маркази маърифатии “Дӯстӣ” фаъолияти худро аз сари нав ба роҳ монд. Марказ бо оғози пандемияи COVID – 19 фаъолияташро қатъ карда буд. Марказ ба як гӯшаи бинои асосии Донишгоҳи мазкур кӯчонда шуда, пас аз таъмиру таҷдид, ба гурӯҳҳои тоҷикию қазоқӣ ва русӣ хонаҳои алоҳида ҷудо шуданд.
Тибқи низоми фаъолияти Марказ, дар амал ҷорӣ гардидани сиёсати дӯстии байни миллат ва халқҳои қаламрави Ӯзбекистон, равнақ додани фарҳанги миллии халқҳои тоҷику қазоқ, расондани ёрии амалӣ ба ҷараёни таълимии муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимии вилояти Тошкент, ки дар онҳо таълим ба забонҳои тоҷикӣ ва қазоқӣ сурат мегирад, таъмини адабиёти иловагӣ аз ҳадафҳои аслии ин ниҳод аст.
Бино ба гуфтаи Ҳикмат Султонзода, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Чирчиқ, омӯхтани таърихи забон ва адабиёт, нигоҳ доштани осори хаттӣ, муҳофизати табиат, омӯзиши эҷоди шифоҳии халқ, омӯхтани дастхатҳои қадимӣ ва китобҳои нодир, нашри асарҳои ҷавононе, ки дар воҳаи Тошкент эҷод мекунанд, ба дурнамои фаъолияти маркази маърифатии “Дӯстӣ” ворид шудаанд.
– Бовар дорем, ки оянда ин нуқта маркази баргузории ҳамоишҳои илмиву эҷодӣ, кашфи чеҳраҳои нав ва посдории забону адаби тоҷикӣ мешавад. Ҳамзамон, дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳким мебахшад, – гуфт Ҳикмат Султонзода.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ дар ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар фурсати кӯтоҳ хонаи дӯстии худро бо китоб ва дастуроти таълимии зарурӣ пур карданд. Бо кумаки Маркази миллию фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ – "Суғдиён" либосҳои миллӣ зеби Марказ гардид. Бо дастгирии муассиси маркази миллӣ Рисқиддин Эсанбоев, соҳибкорон Ашурбой Тошматов ва Рустам Абдурасулов, фаъоли ҷомеа Салим Инъомзода ашё ва асбоби хоси тоҷикон ҷамъоварӣ ва ба Марказ туҳфа гардиданд, ки сутуданист.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4832