logo

иқтисод

МЕҲРГОН ТАҶАССУМИ ХОНИ ПУРНЕЪМАТИ КИШОВАРЗОН АСТ

 
Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзӣ дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон – Садаю Наврӯз қарор дорад.  Наврӯз агар оғози кори барзгарон, бедоршавии табиат, ибтидои дарозшавии рӯз, вусъати  шуои Офтоб  бошад, пас Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ, меҳру садоқат, пастравии гармии Офтоб, коҳиши нумӯи табиат, дарозшавии  шаб, айёми хазонрез аст.
Ҷаббор Носирзода, муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, дар робита ба ин мавзуъ иброз намуд, ки миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари мо дорои таърихи пурғановат, фарҳангу маънавиёти хосса ва ҷашну анъанаҳои миллӣ буда, дар пешрафти тамаддуни ҷомеаи башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Одобу ахлоқ ва ҷашну маросими миллие, ки то имрӯз миёни мардум маъруф ва маъмул аст, инъикосгари таъриху фарҳанги волои гузаштагонамон мебошанд. Бо баракати истиқлолияти комили сиёсӣ ва саъю талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну маросими гуногуни миллӣ аз нав зинда гардиданд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Меҳргон ҳамчун иди миллӣ эътироф гардида,  ҳамасола  дар сартосари кишвар ҷашн гирифта мешавад.   
Меҳргон, дар радифи анъанаҳои дигари миллӣ, ҷашни созандагию натиҷагирӣ аз меҳнати пурбаракати деҳқон буда, арҷгузорӣ ба унсурҳои табиату обу замин мебошад. Ниёгонамон Меҳргонро ҳамчун рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат, покию покизакорӣ ва гуфтору рафтори нек арзёбӣ намудаанд. 
Шамсиддин Солиев, муовини сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзӣ, доир ба таърихи Меҳргон изҳор дошт, ки ин Ҷашни аҷдодӣ дар замони Сосониёну Сомониён хеле бошукӯҳ таҷлил мешуд. Тибқи муқаррароти солшумории шамсӣ, Меҳр моҳи ҳафтуми сол буду Меҳргон номи рӯзи шонздаҳуми Меҳрмоҳ ва  Ҷашни Меҳргон маҳз ҳамин рӯз, яъне 16-уми моҳи Меҳр таҷлил мегардид. Дар ин рӯз мардум кӯчаю хиёбонҳо ва хонаҳоро тозаю озода намуда, бо либосҳои шинаму зебо ба базмгоҳи Меҳргон меомаданд ва то поёни шаб хурсандию рақсу таронахонӣ менамуданд. Одамон кинаю кудуратро аз худ дур карда, сӯйи якдигар оғӯши меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ мекушоданд. Онҳо рӯзи иди Меҳргон аз матои сурх дастархоне мегустурданд ва дар байни хон гули "ҳамеша шукуфта" мениҳоданд ва гирди он гулҳои дигарро оро медоданд, ки меҳрпарастӣ, меҳрварзӣ ва муҳаббату дӯстиро ифода месохт. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ ҷоми оташ ё шамъ, шакар, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва маводи хушбӯй, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳанд. Суфраро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯйида оро медоданд. Нони махсуси Меҳргон аз омехтаи орд ва ҳафт навъи ғаллаи гуногун омода мегардид. Дар ин ҳафт навъи ғалла гандум, ҷав, биринҷ, нахӯд, лӯбиё, мош ва арзан дохил мешуд. Инчунин, рӯйи хон меваҳои тару тоза, шохҳои гулу беду зайтун, анору муруд ва коҷ мегузоштанд. Ҳар маводу хӯрокаи болои хон рамзи хоси худро дошт. Болои хони ҷашнӣ ҳамагуна меваҷоту шириниҳо ва нӯшобаҳо мегузоштанду маҳбубтарину лазизтарин таоми болои хон мурғи Меҳргон ба ҳисоб мерафт, ки андаруни он ҳар гуна ғизоҳоро ҷой мекарданд. Таомуле аҷиб буд, ки то анҷоми ҷашн  ба ҷуз  бачагон  дигар касе  ҳуқуқ надошт, ки меваҷоти  мурғи  Меҳргонро  тановул  намояд, зеро  ба қавли ниёгон,  танҳо бачагон чун  фариштаҳои осмонӣ аз гуноҳ  ориянду бас. Пас, нозу неъмати  оростаи  марди  деҳқонро нӯши  ҷон  менамуданд, дастархонро ҷамъ карда, дар ҷашнгоҳ оташ меафрӯхтанд ва ромишгарон дастгоҳи сози худро ҷӯр мекарданд ва мардум гурӯҳ-гурӯҳ арғушт мерафтанд. Дар охир нӯшбод мегуфтанд ва кинаву кудуратро аз қалбҳо бадар сохта, бо ҳам аҳду паймон мебастанд, бо дӯстиву рафоқат ва меҳрубониву муҳаббат зиндагии худро идома медоданд. 
Меҳргон яке аз меҳварҳои муҳими хештаншиносӣ шинохта шуда, он ба гурӯҳ ва доираи халқе маҳдуд намешавад. Имрӯзҳо аҳли зиё, хурду бузург, кишоварзон ва доираҳои дигари ихлосманд Ҷашни Меҳргонро бо тамоми шукӯҳаш дар радифи беҳтарин маросими миллӣ таҷлил менамоянд. Сарвари давлат ба ҷашну анъанаҳои миллӣ ва дар сатҳи байналмилаливу минтақавӣ доир гардидани онҳо пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ин аст, ки ба василаи таҷлили ҷашнҳои суннатии миллӣ мо ба сӯи асолати таърихии хеш баргашта, анъанаҳои гузаштагонамонро эҳё месозем. Мо Меҳргони аҷамро ҳамчун айёми фархундаи солу анҷоми корҳои деҳқонӣ бо дастовардҳои шоёну самимияти хосса ид мекунем. Таманно менамоем, ки Меҳргон ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ саодату фараҳмандӣ, оромиву осудагӣ, баракату фаровонӣ орад. 
Имрӯз миоди Меҳргон аст,
Оина ба дасти Осмон аст.
Аз донаву сабзавоту мева,
Сад файзи Замин ба рӯйи хон аст.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2022    №: 196    Мутолиа карданд: 1287
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед