қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» аз 30 ноябри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, № 11, мод. 630; с. 2022, № 1, 2-3, мод. 3) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар қисми муқаддимавӣ рақами «33002852» ба рақами «32638048» иваз карда шавад;
- дар банди 1) рақамҳои «22592000» ва «665000» мувофиқан ба рақамҳои «23215500» ва «1288500» иваз карда шаванд;
- дар банди 2) рақамҳои «7938632», «3241800» ва «4696832» мувофиқан ба рақамҳои «6950328», «2352082» ва «4598246» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 2:
- дар қисми муқаддимавӣ рақами «33626756» ба рақами «34261952» иваз карда шавад;
- дар банди 3) рақами «6304025» ба рақами «6223115» иваз карда шавад;
- дар банди 4) рақами «2881390» ба рақами «2782804» иваз карда шавад;
- дар банди 7) рақами «1502178» ба рақами «1488055» иваз карда шавад;
- дар банди 8) рақами «6022411» ба рақами «6357411» иваз карда шавад;
- дар банди 9) рақами «1030551» ба рақами «1004002» иваз карда шавад;
- дар банди 11) рақами «2660636» ба рақами «2557500» иваз карда шавад;
- дар банди 13) рақами «3646467» ба рақами «4269967» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 3:
- дар қисми 1 рақамҳои «0,6» ва «623904» мувофиқан ба рақамҳои «1,4» ва «1623904» иваз карда шаванд;
- дар банди 7) қисми 2 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- ба қисми 2 банди 8) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«8) аз ҳисоби ҷалби қарзи дохилӣ – 1000000 ҳазор сомонӣ.».
4. Дар моддаи 4 рақамҳои «12964140», «13571868» ва «607728» мувофиқан ба рақамҳои «13587640», «15195368» ва «1607728» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 5:
- дар қисми муқаддимавӣ рақами «12964140» ба рақами «13587640» иваз карда шавад;
- дар банди 8) рақами «665000» ба рақами «1288500» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 6:
- дар банди 8) рақами «2692556» ба рақами «3692556» иваз карда шавад;
- дар банди 13) рақамҳои «4738849» ва «2138462» мувофиқан ба рақамҳои «5362349» ва «2761962» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 8:
- дар қисми муқаддимавӣ рақами «13571868» ба рақами «15195368» иваз карда шавад;
- дар банди 3) рақамҳои «2730014» ва «2400864» мувофиқан ба рақамҳои «3353514» ва «3024364» иваз карда шаванд;
- дар банди 9) рақамҳои «3659500» ва «3438924» мувофиқан ба рақамҳои «4659500» ва «4438924» иваз карда шаванд.
8. Ба моддаи 18 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
10. Дар сатрҳои рамзҳои 09 ва RSЕ051 замимаи 2 рақамҳои «2692556» ва «2674315» мувофиқан ба рақамҳои «3692556» ва «3674315» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2022, № 1915
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 3 октябри соли 2022, № 856
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.2022 №: 196 Мутолиа карданд: 1837