Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН ВА БЕЛАРУС. ТАҲКИМИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИЛМУ МАОРИФ
Дар заминаи ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони ду кишвар доир гардид. Дар ифтитоҳи он роҳбарияти сохторҳои дипломатӣ ва масъулони самтҳои кишоварзӣ, саноат ва соҳибкорӣ иштирок доштанд. Ҷонибҳо доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва такмили ҳамкориҳои иқтисодию соҳибкорӣ сухан ронданд. Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои иқтисодию соҳибкории ҳар ду кишвар дар ҳоли рушд қарор доранд.
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба зиёда аз 90 шартномаву созишномаҳо ба имзо расидааст, ки имкон медиҳанд, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва ғайра бомуваффақият инкишоф бахшид.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи форуми мазкур миёни сохторҳои мухталифи Тоҷикистон ва Беларус созишномаҳо ба имзо расиданд. Намоишҳои маҳсулоти ширкатҳои Беларус дар Тоҷикистон низ ташкил шуд.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз самтҳои ҳамкорӣ ин соҳаи илму маориф мебошад. Дар ин самт тадбирҳои муҳим рӯи кор омада истодааст. Ҳамин аст, ки дар заминаи Форуми соҳибкорони ду кишвар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Беларус созишномаҳои нав ба имзо расиданд. Аз ҷумла, миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус, Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Донишгоҳи давлатии техникии Брест, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А. С. Пушкин, Донишгоҳи давлатии техникии Гомел ба номи Павла Осиповича Сухого созишнома имзо гардид.
Ҳамчунин, миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Беларус ба таври маҷозӣ се созишномаи нав, аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии Витебск ба номи П. М. Машеров, Донишгоҳи давлатии Гомел ба номи Ф. Скорина ва Донишгоҳи давлатии Полесский, имзо шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳамкориҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Беларус дар ҳоли рушд қарор дошта, то ин вақт дар доираи ҳамкорӣ 19 созишнома амал мекард, ки айни ҳол ба 27 адад расид.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3844