Хабарҳо
Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо Беларус
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуд, - хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Маҳмадтоир Зокирзода таъкид кард, ки Тоҷикистон дар симои Беларус дӯсти боэътимод, шарики стратегию ҳамақидаи худро мебинад. Таъкид гардид, ки миёни Тоҷикистон ва Беларус зиёда аз 100 шартномаву созишномаҳо ба имзо расидаанд ва онҳо ба рушди муваффақона ва амиқтар шудани ҳамкории мутақобилан судманд имкон медиҳанд.
Дар охир ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки муносибати ду давлат дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои нав касб мекунад.
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Александр Лукашенко
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко вохӯрд. Дар мулоқот густариши ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Беларус дорои дурнамои нек арзёбӣ гардида, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника ва кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Бо такя ба ҳамкории иқтисодӣ, баён гардид, ки ҳаҷми кунунии табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Беларус дар ҳоли рушд буда, нишондиҳандаҳо, хосса гардиши молу маҳсулот, марҳила ба марҳила меафзоянд.
Изҳори бовар шуд, ки ҳамгироии Тоҷикистону Беларус барои таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, гардиши молу маҳсулот, истифодаи иқтидорҳои табиӣ ва ҳамкорӣ дар бахши энергетика натиҷаи босамар хоҳад дод.
Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 50,2 фоиз иҷро шуд
1 октябр маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз шуда, иҷрои нақша дар даҳ рӯзи аввал, аллакай, 50,2 фоизро ташкил дод. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
Дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои нақша гузориш доданд.
Давоми беш аз даҳ рӯзи ҷараёни маъракаи муҳими сиёсӣ, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвору Лахш ва шаҳри Ҳисор аз анҷоми нақша гузориш доданд. Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба 62 фоиз баробар мебошад.
Дар вилояти Хатлон он 51 фоизро ташкил дода, ноҳияҳои Данғара ва Вахш, аллакай, гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонданд.
Даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ин давра дар вилояти Суғд 38 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳайати журналистони Ӯзбекистон аз Тоҷикистон боздид менамояд
Аз 12 то 16 октябр ҳайати Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон бо сарварии раиси он Олимҷон Усаров аз Тоҷикистон боздид менамояд, - хабар доданд аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон аз вилояти Суғд оғоз ёфта, дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Норак, Панҷакент ва ноҳияи Данғара идома меёбад.
Рӯзи аввали сафар дар вилояти Суғд меҳмонон аз кохи матбуот ва идораи телевизион ва радио боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот карданд. Сипас, онҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз корхонаҳои нави саноатӣ дидан намуданд. Инчунин, журналистони ӯзбек ба шаҳри Гулистон сафар карда, бо навгониҳои обанбори «Баҳри тоҷик» шинос гаштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3648