мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОН, РОССИЯ ВА ҚИРҒИЗИСТОН
13 октябр дар шаҳри Остона бо ташаббуси ҷониби Россия мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд.
Дар он сарварони давлатҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор карданд.
Зимни вохӯрӣ раванди гуфтушунидҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои бамиёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин, тавассути фаъолгардонии кори гурӯҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делимитатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал шаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.10.2022 №: 197 Мутолиа карданд: 1562