сиёсат
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАҲБОЗ ШАРИФ
13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору мулоқотро фурсати муносибе барои муҳокимаи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар номида, изҳор доштанд, ки мо пайваста ба раванди мулоқоту машваратҳои байни Тоҷикистону Покистон дар сатҳҳои гуногун таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем.
Ҷонибҳо оид ба рушду густариши минбаъдаи равобити судманд, боз ҳам устувор ва амиқ гардондани пайвандҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, вусъат бахшидани корҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои энергетикӣ, қавӣ сохтани ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва низомию техникӣ табодули андеша карданд.
Барои расидан ба ҳадафҳои созанда, ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шурои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ва таъсиси Шурои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар зарур шумурда шуд.
Мусоҳибон, дар доираи ҳамкории амниятӣ, масъалаҳои муқовимати самаранок бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзиро матраҳ карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.10.2022 №: 197 Мутолиа карданд: 659