logo

иқтисод

МЕҲРГОН ҶАШНИ МЕҲРУ МЕҲРУБОНӢ ВА ФАРОВОНӢ


Асрҳо мардумони куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик Ҷашни Меҳргонро баъди ҷамъоварии ҳосили саҳрову боғот бо  тантана таҷлил мекарданд. Мутаассифона, дар замони Иттиҳоди Шуравӣ он, ба мисли дигар ҷашнҳои бостонии Наврӯзу Тиргону Сада, ба ҳукми фаромӯшӣ рафт. Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон аз нав эҳё гашт ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҷойгоҳи арзандаи худро пайдо намуд.
Мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур, ҳар сол на танҳо кишоварзон, балки тамоми тоҷикистониён Иди Меҳргонро 15 октябр бо тантана ҷашн мегиранд.   
 
Дар остонаи Ҷашни Меҳргон суҳбате оростем бо ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, узви вобастаи АИКТ Усмон Маҳмадёрзода. Ӯ перомуни ин Ҷашни ниёгон чунин баён дошт: 
- Ҷашнгирии Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардуми мо, сарфи назар аз фишори аҷнабиён, давоми ҳазорсолаҳо арзишҳои волои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд ва  ба таври шоиста таҷлил мекарданд.
Истиқболи гарми Меҳргон дар кишвар имрӯзҳо яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Барои мо ифтихори бузург аст, ки ҳамчун мутахассиси соҳаҳои кишоварзию боғдорӣ ба таҷлили ин ҷашнҳо оғоз мебахшем. Ба ҳукми анъана даромадани ҷашнгирии Меҳргон дар Донишгоҳи мо таърихи худро дорад. 8 октябри соли 2011-ум  80-солагии Донишгоҳ таҷлил гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳ ташриф оварда, сухан ронданд ва дар он рӯзи муборак таҷлили Ҷашни Меҳргонро ба миён гузоштанд. Басо рамзӣ буд ин рӯз барои устодону донишҷӯёни Донишгоҳ. Қадамҳои Пешвои миллат дар баробари нуру сафо овардан, боз боиси он гардиданд, ки таҷлили Меҳргон дар кишвар ба расмият дароварда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон, аз ҷумла тазаккур доданд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.
Яке аз падидаҳои неки Меҳргон  ҳамин аст, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаи хеш шукрона карда,  либосҳои шинаму тоза пӯшида, баракати солро дар баргузории тантанаҳо ифода менамуданд.
Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва чизҳои дорои бӯйи хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон, мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳанд. Нони махсуси меҳргонӣ аз омехтаи орди ҳафт навъи ғалладона: гандум, ҷав, биринҷ, нахӯд, лӯбиё, мош ва арзан пухта мешуд. Яъне, Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу манзалати хоса инъикос менамояд.
Сабаби дар тирамоҳ ҷашн гирифтани Меҳргон мувофиқ омадани номи рӯзу моҳи Меҳр дар тақвими хуршедӣ мебошад ва дар ин фасл ҳамаи дарахтону гиёҳон ҷомаи заррин ба бар мекунанд, гӯё аз фурӯғи Меҳр ҳама ҷо тиллоӣ мегардад. Меҳргон ҷашни тирамоҳ асту тирамоҳ фасли фаровонист. Деҳқонони гулдаст дар аввали баҳор бо орзую умед дон пошида, дар фасли зарнисор ҳосили фаровони хешро меғундоранд ва ризқу рӯзии мардуми кишварамонро таъмин месозанд. Меваҳои себу нок, анҷиру лимӯ ва ғайра, ки ранги зарду норинҷӣ доранд, дар ин фасл пухта мерасанд ва зинатбахши дастархони меҳргонӣ мешаванд. Ҷашни Меҳргон  ба хотири ғун доштани дастранҷи деҳқон ва ба ҷо овардани шукронаи Офаридгор доир мегардидааст.
Тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватанпарварию инсондӯстӣ, омӯзиши фарҳанги ниёгон ва тамаддуни башарӣ  ниҳоят муҳим мебошад.  Моро зарур аст, ки ба тамоми қишрҳои ҷомеа моҳияти ҷашнҳои суннатии Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро фаҳмонем. Таҷлили ин идҳо метавонад ба вусъати дӯст доштану ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, бедории ҳисси миллӣ ва зиракии сиёсии наврасону ҷавонон мусоидат намояд. Ба василаи таҷлили ҷашнҳои миллӣ, мо анъанаҳои гузаштагонамонро эҳё менамоем.  
Шоири классики тоҷик Масъуди Саъди Салмон дар рӯзҳои Ҷашни Меҳргон ҳамеша ба ҳамдигар меҳрубон буданро таъкид месозад:
 
Рӯзи Меҳр аст, меҳрубонӣ кун,
К-аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ.
 
Меҳргонро бо нияте ҷашн мегирем, ки ҳамасола ҳосили деҳқонон фаровон гардад, рӯзгорашон осудаю хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад ва Худои мутаол онҳоро аз балоҳо нигаҳ дорад. Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва хушии  мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2022    №: 197    Мутолиа карданд: 1348
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед