Хабарҳо
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. ҶУҒРОФИЁИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ «ШОҲНОМА» БАРРАСӢ ШУД
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»» баргузор гардид. Дар он даҳҳо пажӯҳишгарону шоҳномашиносон аз кишварҳои Россия, Британияи Кабир, Австралия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қабл аз ифтитоҳи Конфронс, ҳамоиши тасвиру нигоштаҳо, миниатюраҳои таърихӣ, инчунин, нусхаи китобҳои “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсиро, ки мутааллиқ ба асрҳои XV – XVI аст, ба тамошо гузоштанд.
- Олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла форсизабонони ҷаҳонро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯем. Бо ҳидоят ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба нобиғаҳои тоҷику форс, дастхатҳо ва омӯзиши таъриху тамаддун дар сатҳи баланд сурат мегирад ва мо гузаштагони худро якҷо бо мероси нотакрорашон ҳамеша азиз медорем, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ.
Дар Конфронс, ҳамчунин, мавзуъҳои муҳиме, ба монанди «Шоҳнома» - и туркӣ дар Маркази мероси хаттии назди АМИТ аз Ҷейми Комсток - Скип, «Аз Пешдодиён то Каёниён»-и Масъуд Миршоҳӣ, «Чаҳордаҳ шаҳр ва чаҳор дарёи Афғонистон дар «Шоҳнома»-и Абдулмуқим Ниҷборӣ баррасӣ шуданд, ки дар бозгушоии муаммоҳои таърихӣ муҳиманд.
Ҳозирон талоши Тоҷикистонро дар бузургдошти Фирдавсӣ ва дарёфти ҳақиқати таъриху тамаддун хуш истиқбол карда, аз Осорхона ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5113