logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
КРОССВОРД
Аз чап ба рост:
5. … Назриев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон. 6. … Ҷалоир, ҳокими Хуҷанд дар солҳои 50-уми асри XIV ҳангоми давлатдории Чағатоиҳо. 10. Номи пешинаи яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе. 11. Ҳукмрони Фарғона дар соли 739. 12. Ҳалима барои ҳазрати Муҳаммад (с). 17. Навъи қаҳва. 18. Номи Ҷурҷонӣ, донишманди соҳаи сарфу наҳви асри XI. 19. Дар асотири Рими Қадим Худои саҳрою ҷангалҳо. 21. Ғазаболуд. 22. Гӯшти дар буғ пухташуда. 26. Давлат …, овозхон. 27. Чемпиони ҷаҳон аз Тоҷикистон дар гӯштин, солҳои 2017 – 2019. 28. Номи шартномаи сулҳи румиҳою сосониён, ки соли 298 баста шуд. 32. Саркардаи саисҳо дар Бухоро. 34. Таърихнигори Рими Қадим … ГОТ. 35. Шоири асри XI, муаллифи асари «Ҳадоиқ-ус-сеҳр». 36. Сарлашкари Хиёниён, ки соли 359 бо сулолаи Кӯшониён дар Сурия ҷангид. 37. Яке аз пешвоёни шӯриши Хуҷанд дар соли 1916 бар зидди муҳоҷиратгирии аҳолӣ аз тарафи Россия. 
 
Аз боло ба поён:
1. Устод, тарбиятгар. 2. Дашт дар Помир. 3. Сардори шӯриши бухороиён бар зидди золимони аҷнабӣ ва маҳаллӣ дар соли 1238. 4. Худои тоифаҳои қадимаи ведию эронӣ. 7. Ҳокими Шуғнони Бадахшон дар солҳои 80-уми асри XIX. 8. Ҷаҳонсӯз. 9. Асосгузори давлати Сосониён. 13. Қушбегии амири Бухоро – Насрулло. 14. Яке аз олимони давраи шуравӣ, ки таърихи забони Яғнобиро омӯхтааст. 15. Узви сулолаи Шайбониён, ки ҳокими Балх буд. 16. Яке аз шоҳони Сомониён. 19. Бонк дар Тоҷикистон. 20. Муаллифи «Гаршоспнома». 23. Таърихнигори Амир Темур. 24. Лола …, овозхон. 25. Девонбегии аморати Бухоро, ки соли 1815 ҳамчун сафир ба Петербург рафт. 29. Шоир, гӯрғулисарои тоҷик. 30. Шаҳр дар Суғд. 31. Яке аз 10 чеҳраи сатҳи ҷаҳонӣ дар сиёсат. 33. Шоире, ки соли 1918 бо амри Олимхон ба қатл расид.  
 
Таҳияи  Абдуҷалил ЮСУФОВ,
сокини шаҳри Ваҳдат
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
ИНТИХОБ
Духтур вориди клиника гардид, чун барои ҷарроҳии таъҷилии беморе даъват шуда буд. Пеш аз ин бо падари бемор рӯ ба рӯ гардид. Ӯ ба ҷарроҳ бо норизоятӣ ва дар ҳоли изтироб бонг зад: «Чаро дер омадӣ? Оё медонӣ, ки зиндагии фарзанди ман дар хатар аст? Дар ту ҳисси раҳму шафқат ҳаст ё не?!».
Ҷарроҳ бо чеҳраи кушода дар ҷавоб гуфт: «Ман умед мебандам, ки шумо оромиш биёбед ва алҳол бигузоред, ки бираваму ба кори худ шуруъ бикунам». 
Духтур падари беморро ба ҳоли худ гузошт ва вориди ҳуҷраи ҷарроҳӣ шуд. Пас аз ду соат аз он ҷо саросема баромад ва бо рӯ ба рӯ шудан бо падари бемор ба ӯ гуфт: «Шукр Худойро, ки ҷарроҳӣ бомуваффақият гузашт. Ҳоли фарзандатон хуб аст. Бубахшед, ки бо шумо имкони аз ин бештар суҳбат карданро надорам. Маро кори дигари муҳим дар пеш аст».
Дар ин ҳол марди ҳанӯз аз аспи ҷаҳл поён нашуда, аз хоҳари шафқате мепурсад: «Ин духтури назарбаланду мағрур кист? Чаро бо ман суҳбат кардан нахост?». 
Ҳамшира гуфт: «Чанд лаҳза пеш фарзанди ин духтури ҷарроҳ дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Бо вуҷуди ин, даъватро пазируфт ва барои наҷоти фарзанди шумо шитофт, чун медонист, ки ин ҷарроҳии мушкил асту ҷони фарзанди шуморо аз чанголи марг бояд бираҳонад. Пас аз он ки фарзанди шуморо наҷот дод, шитофт, то фарзанди худро ба хок бисупорад».
 
Аз русӣ тарҷумаи Абдулқодири РАҲИМ   
 
 
 
 
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МӮЙ
5. Мӯйи рӯйи мардон нисбат ба мӯйи сарашон тезтар меафзояд.
6. Мӯй 3 дарсад аз об иборат аст. 
7. Инсон дар як рӯз тақрибан 100 тори мӯяшро аз даст медиҳад.
8. Як мӯй то 0,1 кг борро бардошта метавонад.
9. Мӯй равғанро ба осонӣ ба худ мекашад.
10. Мӯй 95 дарсади баданро фаро мегирад. 
11. Одам дар бадани худ тақрибан 5 миллион фолликулаи мӯй дорад.
12. Мӯйи тар назар ба мӯйи хушк 25-30 дарсад дарозтар аст.
13. Мӯй ҳар қадар дарозтар бошад, ҳамон қадар нармтару камқувваттар мешавад.
14. Мижгонҳо низ мӯй ҳастанд. Онҳо ҳар 80-90 рӯз ба пуррагӣ нав мешаванд.
15. Мӯй дар гармӣ нисбат ба ҳавои сард тезтар меафзояд.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
АДИБОНЕ, КИ БАЪДИ МАРГ ШУҲРАТЁР ШУДАНД
ВАСИЯТИ КАФКА: «ДАСТНАВИСҲОЯМРО СӮЗОНЕД!»
 
Франс Кафка аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти ҷаҳон аст. Дар зиндагӣ ба чопи осораш кам азм мекард. Пеш аз маргаш бошад, ба яке аз дӯстонаш васият намуд, ки ҳама дастнависҳояшро бисӯзад. Дӯсти адиб васиятро иҷро накард ва онҳоро дар шакли китоб интишор дод. Ба ин васила, Франс Кафка байни ҳаводорони каломи бадеъ маъруф гардид ва имрӯз аз серхонандатарин носирони ҷаҳон ба шумор меравад. Достони кӯтоҳи «Масх», романи «Муҳокима» ва, ҳамчунин, романи нотамоми «Қаср» аз ин ҷумлаанд.
Таҳияи Б. САЛИМ
 
 
 
БАРОИ ИШҚ АЗ ЮНОНУ ДАНИЯ ДАСТ КАШИД
Филипп, шавҳари Елизаветаи II, дар оилаи шоҳзодаи Юнону Дания Андрей ва малика Алиса ба дунё омадааст. Барои издивоҷ бо Елизавета шоҳзодаро мебоист шаҳрванди Бритониё шуда, аз ворисии тахти Юнону Дания даст кашад. Ӯ ин корро кард. Бар ивази чунин “қурбонии бузург” дар роҳи ишқ Филлипп бо унвони Барони Гринвич ва Герсоги Эдинбург сарфароз гашт.
Филипп бо шаҳбонуи дӯстдораш соли 1947  издивоҷ карда, то охири умр, яъне то замони фаро расидани марги шоҳзода (2021), ҳафтоду чор сол якҷоя зиндагӣ намуданд. Моҳи сентябри соли равон маликаи Бритониё Элизаветаи II низ, дунёро падруд гуфт.
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
 
БАНКОМАТЕ ДАР БАЛАНДИИ 4693 МЕТР
Банкомате дар ағбаи Хунҷераби сарҳади Чину Покистон насб шуда, ки имрӯзҳо дар сархати хабарҳост. Он ба Бонки миллии Покистон тааллуқ дошта, соли 2016 насб гардидааст. Ҳамчун банкомати «баландкӯҳ» ба Китоби рекордҳои Гиннесс роҳ ёфт.
Банкомат дар баландии 4 693 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад ва бо  неруи Офтобу бод фаъолият карда, то ҳол ҳеҷ гоҳ аз кор намондааст. Бо нақдина пур намудани он бо душворӣ даст медиҳад, зеро филиали наздиктарини бонк 82 км дуртар ҷойгир аст. Аз банкомат сарҳадбонон, сокинони маҳаллӣ ва одамоне, ки сарҳадро тариқи нақб убур мекунанд, истифода мебаранд. Ҳар ҳафта аз банкомат қариб 5 миллион рупия (1,3 миллион рубли русӣ) мегиранд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
МАСЪАЛА ЧӢ ТАВР ҲАЛЛИ ХУДРО ЁФТ?
Ҳамеша касонеро, ки ба талаботи касбиашон ҷавобгӯй нестанд, чашми дидан надоштам. Табибони сигоркаш, стоматологҳои дандонҳояшон иллатӣ ва диетологҳои фарбеҳ ғашамро меоварданд. Боре бо тату – мастере ҳам вохӯрдам, ки татуировкааш ба назарам хеле содалавҳонаю хандаовар намуд. Як омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии шиносам ба майзада монанд аст…
Дар ин миён ҳодисае рух дод, ки тасаввуротам дар ин бора дигар шуд. Шиносҳо барои пешгирии сафед шудани мӯйи сарам маслиҳат доданд, ки назди духтури хуби ин соҳа – трихологи шинохтае равам. Духтур марди тақрибан ҳамсинну соли ман ба назар намуд, ки мӯйҳои дона - донаи борикаш сафед буд. Рӯй турш шуданамро дида, пурсид:
– Худат чикораӣ, ҷӯра?
– Журналист, – базӯр гуфтам дар ҷавоб.
– Хайр, ку бигӯ, ҳақиқате, ки аз пасаш ин қадар мегаштӣ, ёфтӣ?!.
– Оре, - гуфтам, - аммо масъала дар ҷояш ҳалли худро пайдо кард. 
М. ТАБАРӢ
 
 
 
ЛИБОСЕ, КИ АЗ МОЕЪ  ОМОДА ШУД
 
Дар намоиши мӯде, ки дар Париж гузашт, модел Белла Ҳадид бо пошидани моеи махсус танашро соҳиби пироҳан намуд. Пайдо шудани либоси сафеди танг барои ҳозирин ғайричашмдошт буд. 
Либоси мазкур аз нахҳои пахта ва маҳлули полимерӣ иборат аст, ки ҳангоми тамос бо пӯст бухор шуда, ба маводи пӯшиш табдил меёбад ва ба бадан мечаспад. Дизайнери он олими испанӣ Монел Порис мебошад. 
Чунин либосҳо ҳар гуна ранг ва шакл дошта бошанд ҳам, онҳоро пӯшидан, шустан, дубора табдил додан ва истифода бурдан мушкил аст. Он барои фурӯш пешбинӣ нашуда, танҳо бо фармоиш таҳия мешавад.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
МОРИ ДУСАРА
 
Сокинони шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) дар назди ибодатгоҳи шаҳр мори дусараро дида, ба ҳайрат омаданд. Муҳаққиқон,   баъд аз муоинаи он, ба хулосае омаданд, ки хазандаи дарозиаш 17,7  сантиметра наздики шаш моҳ умр дорад. 
Айни замон мори дошташуда дар мамнуъгоҳе нигоҳдорӣ мешавад. Нигоҳубини ин мор кори душвор аст, хусусан, агар хазанда ром шудан нахоҳад. Ҳангоми хӯрокдиҳӣ ҳар ду сари хазанда бо якдигар рақобат менамоянд, зеро намефаҳманд, ки  ғизои истеъмолшуда ба як меъда ворид мегардад. 
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
ЛИОНЕЛ МЕССИ
БОЗИГАРИ БЕҲТАРИН ДАР ТАЪРИХИ ФУТБОЛ
 
Нашрияи маъруфи бритонии FourFourTwo рӯйхати беҳтарин бозигарони футболро нашр кард, ки дар он футболбози аргентинӣ Лионел Месси мақоми аввалро касб намуд. 
Ҷойҳои дуюму сеюмро мутаносибан Диего Марадонаи аргентинӣ ва Криштиану Роналдуи португалӣ гирифтанд.
Ҳамчун беҳтарин  футболбози ҷаҳон эътироф шудани Лионел Месси тааҷҷубовар аст, зеро бозигарони барҷаставу камназири  олам чун «шоҳи футбол» Эдсон  Арантис  ду Насименту машҳур  бо номи Пеле, Зайниддин Зайдони фаронсавӣ ва Йоҳаннес Кройфи нидерландӣ дар зинаҳои пасттар мақом гирифтаанд.  
 
Таҳияи Ш. ШОКИР
 
 
 
ДАРАХТ – ГИГАНТ
Олимон бори аввал  соли 2019 экспедитсияеро оғоз карданд, ки мақсади он расидан ба дарахти гигант буд. Ин намуди дарахт  дар ҷангалзорони тропикии  Амазонка мерӯяд. Қадаш бо бинои  25-ошёна баробар  аст. Банди камари дарахт 9,9 метр мебошад. Он аз 400 то 600 сол умр мебинад ва пажӯҳишгарони олами рустанӣ дар экспедитсияи панҷум тавонистанд, ки ба наздаш расанд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
ДУРДОНАҲО
 
Ҳар касе одат кунад, ки бидуни далел ҳарферо бовар кунад, аз сурати инсонӣ хориҷ аст.                
(Абуалӣ  ибни Сино)
 
Ҳар кас метавонад бори худро, ҳар қадар ҳам вазнин аст, то фаро расидани шом бардорад.
(Роберт Луис Стивенсон)
 
Ба коре, ки худат онро ба сомон расонда метавонӣ, ёвар маталаб. 
(Лев Толстой)
 
Марде, ки ахлоқи нек дорад, ҳаргиз танҳо намемонад. 
(Каун Фусуюс)
 
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
 
 
 
ДАРЁЕ, КИ БА ҚАФО ҲАМ МЕГАРДАД
 
Дар Юнон Арва ном дарё ҷорист, ки дар як шабонарӯз чор маротиба маҷрояшро дигар мекунад. Оби дарё 6 соат ба баҳри Эгай ҷорӣ шуда, 6 соати дигар ба самти сарчашмаи худ қафо мегардад ва ин ҳолат дар ҳар 6 соат такрор меёбад. Олимон ин аҷоиботро ба тағйирёбии сатҳи об ва таъсири  мадду ҷазр алоқаманд медонанд.
 
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ
 
 
 
КАЛОНТАРИН БИНОИ ШИШАГӢ ДАР ҶАҲОН
 
Толори консертии Марайя – бинои калонтарини шишагӣ дар ҷаҳон буда, дар биёбони Ал-Ула ҷой гирифтааст. Он ба Арабистони Саудӣ имкон дод, ки номашро дар Китоби рекордҳои Гиннесс ворид созад. 
Толори Марайя дар 22- километрии ёдгории бостонии Ал-Ҳиҷр, аввалин объекти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шоҳигарӣ, воқеъ аст. 
Намои берунии бино асари саробии биёбони атрофро ба вуҷуд оварда, ҳамбастагӣ ба табиати атроф, шишаҳои калонҳаҷми шаффоф гардиш онҳоро худ аз худ мафтуну маҷзуб мегардонад.
 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
25 ҶОЙИ МАМНУЪ ДАР САЙЁРА
15. ОСОРХОНАИ ҶОСУСӢ
ДАР ЧИН
Осорхонаи таълимии амнияти миллӣ дар Нанченга дар ғарби Чин ҳамчун ниҳоди ҷосусӣ аз объектҳои стратегии давлат аст. Ба он бо иҷозатнома ва шаҳрвандони доғи судӣ надошта медароянд. Тамошо барои хориҷиён мамнуъ мебошад. Тавре мудири осорхона гуфтааст, нигораҳои намоиш туфангчаҳои бисёр хурд, ниҳонгоҳҳои махфӣ ва садҳо ашёи махсусро фаро мегирад. Илова бар ин, ба тамошобинони осорхона акс гирифтани худу аёнияти дигар қатъиян манъ аст.
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
ЯК БАЙТ
На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ҚИССАИ ҲАРФИ «К» ДАР ПАРОХОД
Таърих ҳолатҳои аҷибро вобаста ба номгузорӣ дар саҳифаҳои худ ҷой додааст. Масалан, Ҳукумати шуравӣ кӯшиш мекард, ки ба қадри эҷодкорон расад ва хиёбону муассисаҳои гуногунро ба номи онҳо гузорад.
Аз ҷумла, барои абадӣ гардондани хотираи композитор Исаак Осипович Дунаевский пароходеро ба номаш гузоштанд. Вақте он ба дарёи Волга ба шино баромад, ҳайрати бинандагон ҳад надошт. Дар қисмати пеши он «К. Дунаевский» нигошта шуда буд. 
Дар коргоҳи пароходсозӣ шарҳ доданд, ки ҳарфи «К» маънии Константинро (аксаран, чунин фикр карда буданд)  надошта, композитор бояд хонда шавад. Ба ҳар ҳол, ҳарфи «К»-ро гирифтанду Дунаевскийи танҳо боқӣ монд.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2022    №: 197    Мутолиа карданд: 1418
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед