барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ РЕҶЕП ТАЙИП ЭРДОГАН
15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар кони ангишт дар вилояти Бартини Ҷумҳурии Туркия боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Ҳамдардиву тасаллиёти самимии инҷонибро ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин фоҷиа изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2022 №: 198 Мутолиа карданд: 1499