паёмҳо
ПАЁМИ ШОДБОШИИ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ба муносибати Ҷашни Меҳргон,
15 октябри соли 2022, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо бо фарорасии Ҷашни Меҳргон – яке аз куҳантарин оинҳои мардуми куҳанбунёди тоҷик, ки айёми ҷамъоварии маҳсули заҳмати кишоварзон, айёми фаровонӣ ва шодиву нишот мебошад, самимона табрик мегӯям.
Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дорад ва инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад. Яъне, Меҳргон ҷашнест, ки бар асоси қонунҳои табиат, баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосилоти кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст.
Дар ин рӯз ниёгони мо бо шукргузорӣ аз ҳосили бадастомада, орзуи фаровониву пурборӣ ва ваҳдату ягонагиро мекарданд. Ба ибораи дигар, Меҳргон таҷассумгари арзишҳои неки инсонӣ, файзу баракати рӯзгор ва ҳаёти орому осудаи мардум мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҷашну оинҳои миллии аз ниёгони некноми мо бамеросмонда, оммаҳои мардумро ба сулҳу субот ва оромиву осоиш даъват мекунанд, ҳамаро, сарфи назар аз тафовутҳои миллӣ, диниву мазҳабӣ ва мақому мартабаи иҷтимоӣ, гирди дастархони пурнозу неъмати идона ҷамъ оварда, ба ин васила, дӯстиву рафоқати байни инсонҳоро таҳким мебахшанд.
Доир ба анъанаву суннатҳои неки ин ҷашни бостонӣ дар осори донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ, маълумоти фаровон оварда шудааст. Дар асари машҳури ӯ «Осор-ул-боқия» дар бораи паҳлуҳои гуногуни баргузории Ҷашни Меҳргон ва ривоятҳои марбут ба он нақлҳои ҷолиб мавҷуданд, ки, тибқи яке аз онҳо, ёқут дар Наврӯзи дилафрӯз ва забарҷад дар Меҳргони заррин офарида шудаанд. Аз ин лиҳоз, ин ду айём чун ёқуту забарҷад ҷило медиҳанд.
Меҳргонро шоирони бузурги мо ҳам ба сифати Ҷашни мардумӣ ва ҳам оини хусравонӣ тавсиф кардаанд. Масалан, падари шеъри Аҷам устод Рӯдакӣ ҳанӯз дар замони Сомониён гуфтааст:
Малико, Ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Дар асрҳои минбаъда арзишҳои наҷибу судманди Меҳргон дар байни мардум бештар чун иди ҳосилот маъмул гардид, вале таҳти таъсири омилҳои гуногун анъанаи таҷлили он чун ҷашни махсуси миллӣ аз байн рафта буд. Танҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо намудем, ки Меҳргонро бо тамоми расму одатҳои неки он аз нав зинда гардонем. Таҷлили расмии Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад.
Чунонки зикр гардид, Меҳргон чун дигар оинҳои мавсимии мо – тоҷикон, қабл аз ҳама, ҷашни кишоварзон мебошад. Дар робита ба ин, хотирнишон бояд кард, ки бо сабаби вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мушоҳида мегардад. Дар чунин шароити вазнин, ки инсоният дар 80 – 100 соли таърихи худ ба он рӯ ба рӯ омадааст, мо бояд беш аз ҳар вақти дигар кор кунем, заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол ва захира намоем.
Ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, яъне истифодаи самараноки обу замин, технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва бо ҳамин роҳ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи мо дар вазъияти кунунӣ мебошад. Бинобар ин, роҳбарону мутахассисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, гирифтани се – чор ҳосил ва захираи маҳсулоти озуқа бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд. Корро дар ин самт тавре ба роҳ бояд монд, ки мардумамон дар фасли зимистон ба камбудиву танқисӣ рӯ ба рӯ нашаванд ва муҳтоҷӣ накашанд.
Воқеан, барои фасли зимистон захира кардани маводи зарурии ғизоӣ яке аз анъанаҳои неки Меҳргон мебошад. Бовар дорам, ки кишоварзони мамлакат ва кулли мардуми кишвар бо заҳмати дастаҷамъонаи худ ба хотири ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ беш аз пеш саъю талош мекунанд.
Бори дигар тамоми мардуми кишварро ба ифтихори Ҷашни бостонии Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди кишвар хонаи обод, дастархони фаровон, файзу баракат ва саодати рӯзгор орзумандам.
Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2022 №: 198 Мутолиа карданд: 1541