мулоқотҳо
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ ва ҳамоиши “Осиёи Марказӣ + Россия” бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мусбати рушди муносибатҳои шарикӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон бадастомада изҳори қаноатмандӣ карда, дидору мулоқоти имрӯзаро имкони мувофиқ барои баррасии ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ муҳим маънидод намуданд.
Сарварони кишварҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои афзалиятнок матраҳ ва татбиқи созишномаҳои қаблан қабулгардидаро ҳадафи аввалиндараҷа арзёбӣ карданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2022 №: 198 Мутолиа карданд: 1571