сиёсат
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ
ШУРОИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ
14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот дар ҳайати маҳдуд сарварони давлатҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мавзуъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сухан ронданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои раёсатро дар Иттиҳод аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон таъкид намуда, дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон ва, алалхусус дар минтақаи Иттиҳод андешаҳои хешро иброз доштанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои сиёсии ҷаҳон, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоду амнияти кишварҳо, буҳрони озуқаворию энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири пандемияи COVID – 19, оқибатҳои низоъҳо дар кишварҳои гуногуни олам, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон метавонанд таъсир гузоранд, андешаҳои ҷолиб ва таҳлилҳои амиқ баён карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пайомадҳои манфии ин хавфҳо пешниҳод намуданд, ки дар баробари корҳои дар доираи Иттиҳод анҷомдодашуда, барои вокуниши муштарак ба чолишҳои рӯзафзун ва таҳдидҳо чораҳои муассир андешида шаванд.
Ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодӣ самти афзалиятдору аввалиндараҷаи робитаҳои кишварҳои аъзо номида шуд, зеро давлатҳои Иттиҳод барои рушди он захираҳои калон доранд.
Бояд гуфт, ки, сарфи назар аз натиҷаҳои дар давоми се даҳсола бадастовардаи кишварҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, то ҳол монеаҳо ва маҳдудиятҳо мавҷуданд, ки ба рушди минбаъдаи мутақобилан судманд халал мерасонанд.
Таъкид гардид, ки то ҳол дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, илму техника, нақлиёту транзит ва бахши энергетика иқтидорҳои бузурги истифоданашуда ҳанӯз зиёданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар самтҳои фарҳангию гуманитарӣ ақидаи худро баён доштанд.
Сарвари давлат, инчунин, доир ба пайомадҳои офатҳои бузурги табиии вобаста ба об, хисороти моддию талафоти ҷонӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳалли мушкилоти норасоии об, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ, обшавии пиряхҳо, болоравии талабот ба оби ошомиданӣ бинобар афзоиши аҳолии кураи Замин ва рушди иқтисоди кишварҳо, сухан гуфтанд.
Терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳамчун таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо номида шуд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз тасдиқи Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2023 – 2025 ҷонибдор аст.
Дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ бо иштироки ҳайатҳои васеъ оид ба натиҷаи масъалаҳои баррасишудаи рӯзномаи ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ва дар бораи рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзо раиси Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Раиси Шурои Федератсияи маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко сухан ронданд.
Дар охири ҷаласа сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ як қатор қарорҳову санадҳои вобаста ба фаъолияти минбаъдаи Созмонро ба тасвиб расонданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2022 №: 198 Мутолиа карданд: 544