сиёсат
ҲАМОИШИ НАХУСТИНИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + РОССИЯ”
14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ + Россия” иштирок карда, сухан ронданд.
Дар ҳамоиш, инчунин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров иштирок карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия барои иқдомашон ҷиҳати баргузории ин нишаст ва ба Роҳбари кишвари мизбони Қазоқистон ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ ташкили чорабинӣ изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки дар давоми сӣ соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Россия мо тавонистем ба сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ноил шавем.
Аз сатҳи зарурии ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи муколамаи шашҷониба роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёту иртиботот, маориф, робитаҳои башардӯстона ва муқовимат ба хатарҳою таҳдидҳои навро зарур шумурданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар масъалаи таъмини амният дар минтақа, пешгирии хавфи паҳншавии идеологияи тундгароӣ, мубориза бо афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ андеша ронданд. Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таҳия ва эҷоди механизмҳои нави муборизаи муштарак бо ин хатарҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсус ва мақомоти салоҳиятдор дар минтақа таҳким дода шавад.
Вобаста ба вазъи сиёсию гуманитарӣ дар Афғонистон, омодагии Тоҷикистон ҷиҳати расондани кумакҳои башардӯстӣ ба мардуми азияткашидаи афғон тавассути марказҳои логистикии кишвари мо таъкид гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати таҳкими ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок ва афзоиши гардиши мол таклифҳои созанда пешниҳод намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот, сарварони давлатҳо изҳороти муштаракро қабул карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2022 №: 198 Мутолиа карданд: 508