logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дар қонунгузории худ ҳуқуқи байналмилалӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи умумибашариро ҷой дода, дар заминаи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ рушд карда истодааст. Бо назардошти чунин воқеият, кишвари мо ба хотири таҳкими ҷомеаи демократӣ, озод, ҳуқуқбунёд ва рушдкарда бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории мутақобилан судманд дорад. Натиҷаи сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои миллат буд, ки имрӯз истиқлоли мамлакати моро 192 давлати ҷаҳон эътироф намуда, Тоҷикистон бо 181 кишвар робитаҳои дипломатиро барқарор намудааст. Дар баробари ин, бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ истиқлоли моро эътироф кардаанд ва Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳо мебошад. 
Ҳоло Тоҷикистон узви 57 созмони минтақавию байналмилалӣ мебошад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, барои тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои таркибии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ шароит фароҳам овард. Тоҷикистон бо СММ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ, мушкилоти вобаста ба обу иқлим, таъмини рушди устувор ва ғайра, ҳамкории фаъолро ба роҳ мондааст. 
Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад, ки робита бо чунин созмонҳо дар таҳким ва рушди Истиқлоли давлатӣ нақши муаассир гузошт. Илова бар ин, мамлакати мо бо дигар созмону ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун роҳандозӣ намудааст. 
Албатта, барқарории робита ва ҳамкорӣ бо созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон заминаи муҳим гузошт. Кишвари мо дар ҳошияи робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои иқтисодиро низ ба роҳ мондааст. Маҳз натиҷаи сиёсати санҷидашуда, воқеӣ ва амалии Президенти кишвар мебошад, ки Тоҷикистон бо созмонҳои молиявию иқтисодии ҷаҳон, аз қабили сохторҳои алоҳидаи СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Бонки аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки авруосиёии рушд ҳамкориҳои мутақобилан судманд дорад. 
Натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилот ва муаммоҳои гуногуни ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Масалан, Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир чор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд. Айни ҳол ташаббуси чоруми кишвари мо – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” татбиқ гардида истодааст, ки далели гуфтаҳои болост. 
Дар баробари чор ташаббуси ҷаҳонӣ, ҳамзамон, ташаббусҳои нави кишвар дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо, аллакай барои баррасӣ пешниҳод гардидааст. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (21.12.2021) чунин гуфтанд: “Кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст”.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, номзадии Тоҷикистонро барои касби узвияти ғайридоимии Шурои амнияти СММ пешниҳод намуданд. Вобаста ба ин, дар суханронии Роҳбари давлат чунин таъкид шуд: “Ба мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи аҳдофу вазифаҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, мубодилаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар ҷодаи муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ ва барқарор кардани сулҳу суботи комил аз тариқи музокирот мо тасмим гирифтем, ки номзадии кишвари худро барои касби узвияти ғайридоимӣ дар ин Шуро барои солҳои 2028 – 2029 пешбарӣ намоем”. 
Албатта, ин аз ташаббускории Пешвои миллат ва рӯз ба рӯз тақвият ёфтани имиҷи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Сиёсати санҷидашуда, созанда, инчунин, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат доир ба ҳалли мушкилоти обу экология, ки дар заминаи сиёсати “дарҳои кушода” сурат гирифтанд, имкон фароҳам овард, ки ҷаҳониён миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунофар, сулҳпарвар, бунёдкор, инсонпарвар ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, рушдкардаю устувор эътироф намоянд. 
 
Алиназар АШУРОВ, 
муовини сардори раёсати таҳлил 
ва ояндабинии сиёсати хориҷии 
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2022    №: 198    Мутолиа карданд: 672
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед