logo

энергетика

ЧӢ БОЯД КАРД? БОЗГАШТИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА МАВЗУИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ

Ҳарчанд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди коҳиш додани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои энергетикии кишвар тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ кард, вале ҳамоно талафоти неруи барқ аз меъёр хеле зиёд аст ва, ҳамчунин, сари вақт ҷамъ наовардани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳанӯз ҳам мушкили рақами як боқӣ мондааст. Вобаста ба ин масъалаҳо, муовини директори департаменти фурӯш ва маркетинги ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Ҳабибулло Яқубов андешаҳояшро ба хабарнигори “Ҷумҳурият” чунин баён дошт:

– Мутаассифона, дар мавриди талафоти зиёди неруи барқ, ҳамзамон, дар пардохти маблағи барқи истифодашуда мушкилиҳо ҷой доранд. Сабаби асосии сарфи беҳудаи неруи барқ дар инфрасохтори ниҳоят хароб ва заифи ҳисобу китоб аст, зеро ҳоло ҳам ҳисобкунакҳои куҳнаву фарсудаи индуксионӣ зиёд истифода мешаванд. Шумораашон беш аз 800 ҳазор адад аст, ки тақрибан 50 дарсади ҳисобкунакҳоро ташкил медиҳад. Дар шаҳру шаҳракҳо ва марказҳои ноҳияҳо як миқдор ҳисобкунакҳои нав насб кардем, аммо дар аксари деҳаҳои дурдаст ҳисобкунакҳо аз замони шуравӣ ба мерос мондаанд. Ин ҳисобкунакҳо дар механизми ҳисоби сарфи неруи барқ диски чархзананда доранд, агар меҳвари он аз ду тараф хӯрда шавад, асбоб танҳо 30-40 дарсади барқи интиқолёфтаро ба ҳисоб мегираду боқӣ ҳамчун талафи он ба ҳисоб меравад. Барои он ки пеши сарфи беҳудаи барқ гирифта шавад, ҳисобкунакҳои электронӣ бояд насб кард.
Сари вақт пардохт нагаштани маблағи неруи барқи истифодашуда ба маданияти муштариён вобаста аст. Баробари муштариёни фаъол ва масъулиятшинос онҳое ҳастанд, ки ҳаққи истифодаи барқро давоми моҳҳо намесупоранд. Дар шабакае, ки муштариён ҳангоми қарздорӣ ба таври худкор (автоматӣ) аз хатти барқ ҷудо карда мешаванд, сатҳи ҷамъоварии маблағ 98-100 дарсад аст. Аз ҷумла, филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти қувваи барқ» – дар шаҳри Хуҷанд, аз ин тарзи кор самаранок истифода мебарад. Дар филиали мазкур бо амалӣ намудани шабакаи мукаммали биллингӣ, ки он ҳамагуна дахолатро ба кори ҳисобкунакҳо бартараф намуда, истифодаи самараноки неруи барқ зери назорат аст, ҷамъоварии маблағ дар ҳар давраи ҳисоботӣ 100 дарсадро ташкил дода, талафоти барқ то ҳадди 6-6,5 дарсад паст шудааст. Ҷамъият мекӯшад,  ки дар ҳамаи шабакаҳои барқӣ ҳисобкунакҳои дақиқи интеллектуалии муосирро насб созад. Ба низоми биллингӣ гузаштан дар шаҳри Душанбе оғоз ёфтааст. 
Албатта, аз рӯи характер неруи барқ ҳангоми истеҳсол, интиқол ва тақсимот, ки ин раванд ба воситаи шабакаҳои барқӣ сурат мегирад, талаф меёбад, яъне ба тарзи технологӣ ба амал омада, ба ҳолати техникии иншооти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ бастагӣ дорад. Чӣ қадаре ки ҳолати техникии хатҳои интиқоли барқ, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизот ба талабот ҷавобгӯ бошанд, ҳамон қадар сарфа зиёдтар мешавад. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки шабакаҳои барқӣ дар ҳолати идеалианд, кори ҳамаи иншоот зери назорат қарор дорад, аз ин рӯ, талафот 7-8 дарсадро ташкил медиҳад. 
Дар ҳудуди хизматрасонии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бошад, аз 33 ҳазору 148 зеристгоҳи барқии 10-6/0,4 кВ ва 212 зеристгоҳи барқии 35/10/6 кВ 13 ҳазору 259 зеристгоҳи барқии 10-6/0,4 кВ ва 57 зеристгоҳи барқии шиддаташон 31/10/6 кВ ба тармим ва навсозӣ эҳтиёҷ дорад. Чунин ҳолат хоҳ-нохоҳ дар самти талафоти барқ бетаъсир намемонад.
Аз ҷониби дигар барои дуруст ва дақиқ ҳисоб намудани сарфи неруи барқ ниҳоят муҳим аст, ки истифодабарандагон бо ҳисобкунакҳои коршоями ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ таъмин бошанд. Дар сурати дуруст кор накардан  ҳисобкунакҳо корношоям ҳисоб ёфта, неруи барқи тавассути ин ҳисобкунакҳо пурра ҳисобӣ нашуда, дар натиҷа, ин миқдор барқ ҳамчун талафот шумурда мешавад. Мутаассифона, ин гуна ҳолатҳо дар шабакаҳо зиёд ба вуҷуд меоянду боиси талафоти барқ мегарданд. Дар натиҷаи дахолати баъзе муштариён низ кори ҳисобкунак халал ёфта, сабаби талафи барқ мешавад. Роҳи ягонаи бартарафсозии мушкилот ва пешгирии истифодабарии ғайриқонунии неруи барқ кӯчондани ҳисобкунакҳои барқӣ аз дохили манзилҳои зист ва корхонаву ташкилот ба ҷойҳои намоён аст. 
Дар ин самт аз байн бурдани қарзҳои дебитории Ҷамъият низ ниҳоят муассир аст. Вале, гарчанде аз ҳисоби аҳолӣ низоми ҷамъоварӣ ба эътидол омада бошад ҳам, қарздории дебиторӣ аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ тамоюли афзуданро дорад. Масалан, ҶДММ «Ширкати Алюминийи Тоҷик», пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳо бо сабаби дар суратҳисобашон надоштани маблағи кофӣ ба зиёд гаштани қарзҳои дебиторӣ боис мешаванд. 
То имрӯз аз тарафи истифодабарандагон 19 ҳазору 502 ҳолати ғайриқонунӣ гирифтани қувваи барқ (дар ҳаҷми 131,3 миллион кВт/соат) ба қайд гирифта шуда, ба маблағи 43,5 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб додем. Аз ин ҳисоб беш аз 27 миллион сомонӣ (62 дарсад) пардохт гардид.
Дар маҷмуъ, агар аҳолӣ, корхонаҳои азим ва ташкилотҳои буҷетӣ сари вақт  маблағи барқро пурра пардохт намоянд, дар таъмир ва навсозии хатҳои интиқоли неруи барқ, ки бештари онҳо корношояманд, шароит фароҳам меомад. Ҳамчунин, дар натиҷаи ҳисоби дурусти сарфу сарфаи неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи истифодаи он, бароямон муайян кардани сабабҳои техникии талафоти неруи барқ осонтар мегардид. 
 
– Ташаккур барои суҳбат. 

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2022    №: 198    Мутолиа карданд: 4186
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед