сиёсат
ИФТИТОҲИ КЛУБИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ФИТНЕСИ "КРОКУС ФИТНЕС"
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт клуби инноватсионӣ ва фитнеси "Крокус фитнес"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти муҳташаму зебо мувофиқи талаботи муосир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудааст.
Тавре зимни боздид иттилоъ доданд, клуб барои машғулшавӣ ба навъҳои гуногуни варзиш имконияти заруриро фароҳам меоварад. Аз ҷумла, дар як вақт дар иншоот метавонад бештар аз 2 500 нафар таҳти роҳбарии мураббиёни ботаҷриба машқ кунад.
"Крокус фитнес" дорои се ҳавзи шиноварӣ буда, ҳавзи калони он имконият дорад, ки варзишгарони касбиро низ ба машғулият фаро гирад. Ҳамчунин, барои занон як ҳавзи алоҳидаи оббозӣ ва барои кӯдакон ҳавзи махсус бунёд гардид. Коркарди об дар панҷ марҳила сурат гирифта, ҳарорати оби ҳавзҳо дар фасли зимистон бо истифода аз дастгоҳҳои муосири соҳавӣ муътадил нигоҳ дошта мешавад.
Клуби инноватсионӣ ва фитнеси "Крокус фитнес", ҳамчунин, толори барҳавову замонавии варзишӣ дорад, ки дар он варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим метавонанд ба бокс, муҳорибаи омехта, гӯштӣ ва гимнастика тамрин кунанд. Ин қисмати иншоот низ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои кӯдакон клуби алоҳида фаъолият менамояд.
Умуман, масоҳати бинои “Крокус фитнес” 7500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар он ҷиҳати машғулшавӣ бо фитнес барои занону мардон толорҳои алоҳида мавҷуданд.
Вижагии дигари фитнес-клуб он аст, ки дар ин ҷо бахши алоҳидаи “вела тринажор” ташкил гардида, машғулиятҳо тибқи талаботҳои байналмилалӣ бо истифода аз дастгоҳҳои инноватсионӣ гузаронда мешаванд. Бояд зикр кард, ки дар клуб таҷҳизоти комилан насли нави соҳавӣ васл гардидаанд, ки истеҳсоли маъруфтарин ширкати ИМА мебошанд.
Дар клуби инноватсионӣ ва фитнеси "Крокус фитнес" бештар аз 100 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ шуд.
Дар таҳхонаи иншоот СПА-салон ташкил гардида, барои бонувон хизматрасониҳои гуногун вобаста ба нигоҳдории зебоии пӯсту рӯй, хизматрасониҳои касметологӣ ва навъҳои маҳс пешниҳод мешавад.
Шаҳрвандон, ҳамчунин, метавонанд, ки аз фаъолияти ҳаммоми туркӣ, буғи хушк, саунаи финнӣ, ҳуҷраи барфӣ, саунаи русӣ ва саунае, ки намаки дохили он аз Ҳимолой оварда шудааст истифода баранд ва ин имконият барои бонувон ва барои мардон дар алоҳидагӣ фароҳам мебошад.
Тамоми бахшҳои “Крокус фитнес” дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи ивазкунии сарулибос ва истироҳат буда, бо ҷевонҳои замонавӣ муҷаҳҳазанд.
Маҷмааи мазкур, ҳамчунин, ошхона дорад, ки дар он ҳам хӯрокҳои варзишӣ ва ҳам таомҳои аврупоӣ ба мизоҷон пешниҳод мегарданд.
Бояд гуфт, ки "Крокус фитнес" шабакаи бузурги клубҳои инноватсионии фитнесиро дар кишварҳои мухталиф дар бар гирифта, ифтитоҳи он дар шаҳри Душанбе барои варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим туҳфаи бебаҳо мебошад. Айни замон дар минтақа ин аввалин ва ягона иншооти варзишии "Крокус фитнес" буда, гувоҳи он аст, ки таваҷҷуҳ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳамсозии шароити замонавӣ барои машқу тамрини шаҳрвандон дар мамлакат хеле зиёд аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2022 №: 199 Мутолиа карданд: 534