Хабарҳо
ХАТЛОН. ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ҶАМЪБАСТ ШУД
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ баррасӣ гардид. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда шароит муҳайё гашт, ки бештари соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст шаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз вазъи душвори иқтисодӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ғанигардонӣ ва ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, андешидани чораҳо барои таъмини қисми даромади буҷет мусоидат намуданд.
Раиси вилоят тазаккур дод, ки вобаста ба андешидани тадбирҳо дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд саъю кӯшиш намоем. Изҳор гардид, ки дар соҳаи иқтисодиёт нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 23,3 миллиард сомонӣ расидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 7,7 фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмуъ, 29, 4 фоизи ҳиссаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Нақшаи пардохти андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,3 фоиз таъмин гашта, ба буҷет 1 миллиарду 518,9 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба дурнамо 36,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар вилоят соҳибкорӣ рушд ёфта, ба 1-уми октябри соли 2022 шумораи соҳибкорон ба 107 ҳазору 998 нафар расида, дар маҷмуъ, бо саъю талоши онҳо бунёди чандин иншооти таъиноти гуногун сомон пазируфт, тиҷорат такмил ёфт, шумораи муассисаҳои тиҷоратӣ афзуд. Дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят ва дастуру супоришҳои баёндоштаашон аз 24 феврали соли 2022 дар шаҳри Бохтар ба тақвиятёбии нишондиҳандаҳо ва рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмуъ, ба ҳудуди вилоят ба маблағи беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Ба вилоят аз 28 давлати хориҷӣ сармоя ворид гаштааст, ки бештари маблағҳо ба кишварҳои Россия, Чин ва Эрон рост меояд.
Дар нуҳ моҳ 41571 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Махсусан, дар самти сохтмон, саноат, роҳсозӣ ва кишоварзию боғдорӣ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 17,5 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 фоизро ташкил дод.
Заркорони вилоят имсол дар майдони 121694 гектар кишти пунбадона гузаронда, то 11 октябри соли ҷорӣ ба андозаи 174 873 тонна пахта ҷамъ оварданд, ки баробари 61,14 фоизи дурнамо мебошад. Деҳқонони Левакант аввалин шуда нақшаи солонаи ҷамъоварии пахтаро таъмин намуданд. Суръати пахтачинӣ рӯз ба рӯз вусъат мегирад.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вобаста ба дастурҳои Президенти мамлакат ҷиҳати захира намудани маводи хӯрока, бартараф кардани камбудиҳо ва вусъат бахшидани ҷамъоварии пахта, иҷрои дурнамои андоз, пешбурди корҳои ободонию созандагӣ, пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, истифодаи усулҳои самаровари заминҳои киштбоб, пардохти саривақтии маошу нафақапулии шаҳрвандон, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, бунёди осорхонаву китобхонаҳо, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам андешаҳои судманд иброз дошт.
Дар анҷоми ҷаласа баҳри иҷрои саривақтии дурнамои ғунучини пахта ба намояндагони шаҳру ноҳияҳои Левакант, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҳамчунин ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳоти Гулистони шаҳри Левакант, деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва деҳоти Хутани ноҳияи Фархор мукофотҳои пулӣ тақдим гардиданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3756