маориф РИСОЛАТИ МАОРИФПАРВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриҳои хеш бо аҳли илму маориф оид ба роҳҳои истифодаи самараноки дастовардҳои илм ва технологияи инноватсионӣ, ташаккули неруи зеҳнӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эътимод ба неруи ақлонӣ, омӯзиши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва илму техникаи муосир, навовариву ихтироъкорӣ, тафаккури шахсият аз овони кӯдакӣ ва наврасӣ дар боғчаи кӯдакон ва мактаби миёна, васеъ гардондани шабакаи мактабҳои нави равиявиро, ки ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ нигаронда шудаанд, таъсис додани Литсейи президентии ҷумҳуриявии хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои таълими на камтар аз 1000 хонанда, таъмини пурраи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон, такмили нақшаву барномаҳои таълимӣ, ҳамчунин, таҳкими заминаи моддиву техникии онҳоро аз вазифаҳои муҳиму таъхирнопазир арзёбӣ карда, ҳаллу фасли онҳоро саривақтӣ ва ногузир ҳисобиданд.
Сарвари давлат масъулини соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки ба тарбияи мутахассисони самти таълиму тарбия, ки ҷавобгӯи талаботи давру замон бошанд, инчунин, насли донишманду соҳибмаърифат ва ҷаҳонбинии васеъдошта, таваҷҷуҳи махсус зоҳир ва консепсияву барномаҳои таълимиро дар сатҳи зарурӣ аз худ намоянд. Рӯз ба рӯз тараққӣ ва инкишоф ёфтани илму техника, ҷорӣ гардидани технологияи нав дар ҳаёт ва истифодаи воситаву дастгоҳҳои рақамӣ дар фаъолият аз ҳар як нафар маҳорату малакаи баланди касбиро талаб менамояд.
Дар суханрониҳои Сарвари давлат мудом аз ҳамкориҳои самараноки мактаб ва оила, таъсиру нуфузи падару модар дар таълиму тарбия ва ба камол расондани фарзанд таъкид мегардад. Воқеан, агар аз як тараф бемасъулиятӣ ё беназоратӣ зоҳир шавад, раванди таълиму тарбия халалдор гардида, он мақсаду мароме, ки дар назди кормандони муассисаҳои таълимӣ гузошта мешавад, дар гумон аст, ки пурра амалӣ гардад.
Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон аз уҳдадориҳои асосии падару модарон ба ҳисоб рафта, дар мулоқоту суҳбат ва вохӯриҳои Президенти мамлакат ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин хусус андешаҳои ҷолиб баён мегарданд ва ҳамеша ба омӯзгорон дастур дода мешавад, ки дар баробари таълиму тарбия андӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳнамои ҷавонон дар зиндагӣ бошанд.
Бо мақсади ҷалби бештари падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон ва дар ин замина афзудани масъулияти онҳо нисбат ба рафтору гуфтор ва муносибат дар ҷомеа бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид. То қабули Қонуни мазкур бархе аз падару модарон масъулияти худро дар таълиму тарбияи фарзанд ба зиммаи омӯзгорон вогузор карда, ба ҳар амалу рафтори ношоиста мактабро айбдор мекарданд. Кор то ҷое расид, ки шумораи ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои гурӯҳӣ ва даст ба ҷиноятҳои вазнин задании ноболиғону ҷавонон афзуда, боиси ташвиши ҷомеа гардид.
Қабули Қонуни мазкур саривақтӣ, бамаврид ва ба манфиати ҷомеа мебошад. Ҳамагон хуб медонанд, ки асоси тарбия, ахлоқу одоб, муносибату рафтор бо атрофиён дар оила сурат мегирад ва мактабу маориф онро идома медиҳанд. Агар заминаи асосӣ дар тарбияи фарзанд дар оила дуруст, боақлона, боадабона ва аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ гузошта шавад, пас бо боварӣ метавон гуфт, ки барои мактабу муаллим душворӣ пеш намеояд.
Сарвари давлат нақши волидонро дар соҳибмаълумоту соҳибкасб намудани фарзандон хеле муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ намуда, дар ифтитоҳи бинои муассисаҳои таълимии миёнаю олӣ, дар ин хусус мудом таъкид менамоянд. Аз ҷумла, 1 сентябри соли 2022 дар таҷлили Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар бинои наву замонавии Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки онҳо масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва соҳиби касбу ҳунар гардондани онҳоро дар мадди аввал гузоранд.
Дар ин радиф бояд падару модарон, зиёиён, шахсони соҳибилму бомаърифат ва рӯшанфикру соҳибмаълумот бо дарки масъулият, ғамхорӣ ба миллат ва садоқат ба Ватан дар ҳамкорӣ бо устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бо мақсади омӯзиши донишу маърифат, соҳиби касбу ҳунар гардидани фарзандон ҳамкории самаранокро ба роҳ монанд.
Барои боло бурдани нақши маориф ва баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷомеа, бахусус дар руҳияи миллатдӯстиву ватанпарастӣ ва ҳамчун ояндасози ҷомеаи навини Тоҷикистон, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар даврони истиқлолият як қатор қонун, консепсия ва барномаҳои таълимӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки имрӯз самаранок амал намуда, дар раванди омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун нақши босазо мегузоранд.
Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамасола дар ҷумҳурӣ даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва илмию фарҳангӣ ба таври замонавӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки то давраи истиқлолият дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 80 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошт. Баъди ба даст овардани истиқлолият бо мақсади пурра фаро гирифтани хонандагон ба таҳсил ва беҳбудии шароити таълиму тарбия ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, аз буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо гардиданд.
Таъсиси даҳҳо муассисаҳои таълимии олию миёна, институту пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ, ҳамзамон, вобаста ба онҳо сохтмони биноҳои маъмурии замонавӣ, дастрасӣ ба таҷҳизоти замонавӣ ислоҳоти ҷиддӣ дар соҳаи маориф гардид. Чунин таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи мактабҳои олии мамлакат аз 13 ба 43-то расонда шавад. Ҳамзамон, дар ин давра 40 муассисаи миёнаи касбӣ (аз ҷумла, 25 муассисаи ғайридавлатӣ) сохта ба истифода дода шуд. Айни замон 696 муассисаи томактабӣ (аз ин шумора 275-тояш дар даврони истиқлол) ва 1810 маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамояд, ки беш аз 7700 мураббӣ ба тарбияву таълими 152 ҳазору 435 нафар машғул мебошанд. Дар давоми солҳои 1991-2021 дар ҷумҳурӣ 3240 бинои муассисаи таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст бо тарзи замонавӣ ва бо тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда сохта ба истифода дода шуд.
Китоб, ҳамчун манбаи дониш дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон нақши асосиро дорад. Аз ин хотир, бо ибтикори Сарвари давлат барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо адабиёти лозимӣ китобхонаҳои замонавӣ ташкил шудаанд, ки хонандагону донишҷӯён аз онҳо пайваста истифода мебаранд.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 61 китобхона ва 871 китобхонаи электронӣ бо 363 ҳазору 962 китоб, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 81 китобхона ва 1887 китобхонаи электронӣ бо шумораи 831 ҳазору 805 адабиёт, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бошад, 104 китобхона ва 1423 китобхонаи электронӣ бо теъдоди беш аз 3 миллиону 985 ҳазор китоб мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2007 ба сохтмони калонтарин китобхона дар Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе асос гузошта шуда, соли 2012 дар арафаи Ҷашни Наврӯз он мавриди истифода қарор гирифт. Китобхонаи мазкур 52 метр баландӣ ва 167 метр дарозӣ дошта, дар он беш аз 10 миллион китоб маҳфуз аст.
Дар ҳама гуна вазъият, қатъи назар аз шароиту имкониятҳои мавҷуда, Сарвари давлат ба масъалаи мактабу маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои саводнокӣ, омӯхтани илму маърифат ва ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон талош менамоянд. Моҳи июни соли 2010 зимни сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Ҷаноби Олӣ аз ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб, ки аз офати табиӣ зарар дида буданд, боздид намуданд. Бо кумаку дастгирии Сарвари давлат дар баробари ба тариқи ройгон ба истифода додани хонаҳои истиқоматӣ, таъмини хонаҳо бо ашёи рӯзгор, расондани кумакпулӣ ва иловатан ҷудо намудани Квотаи президентӣ ба фарзандони аз офати табиӣ зарардида, ҳамзамон, дастур дода шуд, ки дар маҳаллаи навбунёдгардида дар ноҳияи Муъминобод муассисаи таълимӣ барои 320 нафар хонанда сохта шавад. Дар маҳаллаи нав дар шаҳри Кӯлоб, ки барои аз офати табиӣ зарардидагон сохтмони хонаҳои нав оғоз гардид, ба бунёди мактаб барои 1200 нафар хонанда аз тарафи Сарвари давлат санги асос гузошта шуд.
23 июни соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 13-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд. Сарвари давлат дар ноҳияи Ванҷ бо сокинони аз заминларза зарардида вохӯрда, барои рафъи оқибатҳои он ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо, ҳамзамон, ҳарчи зудтар ба истифода додани мактаби нав барои 240 хонанда ба мақомоти дахлдор супориш дода, дар ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Ҷовид барои 320 хонанда иштирок намуданд. Дар доираи амалӣ намудани барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия 60 компютер дастрас карда шавад.
Зимни боздид ва вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшон дар деҳаи Деҳрӯшон мактаби нави замонавӣ бо арзиши беш аз 2 миллион сомонӣ барои 240 хонанда мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин, Президенти кишвар таъкид карданд, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ боз се мактаби нав ба истифода дода мешавад. Дар ин сафар Сарвари давлат аз Мактаб-интернати ноҳия дидан карда, изҳор намуданд, ки дар шафати таълимгоҳи мазкур Мактаб-интернати нави ҷумҳуриявӣ бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ барои 650 нафар ятимону бепарасторон бунёд мешавад.
Шароити рӯзгор ва зиндагонии ятимону бепарасторон ва нафарони камбизоат ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор дошта, пайваста барои онҳо дастгирӣ ва ғамхорӣ зоҳир мегардад.
Дар ноҳияи Шуғнон низ барои беҳбудии шароити таълим дар шафати мактаби № 20 як бинои дуошёнаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, ду бинои дигар таъмиру навсозӣ шуданд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар арафаи таҷлили Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия боз 5 бинои наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни ташриф ба ноҳияи Ишкошим дар деҳаи Вранг як мактаб барои 240 хонанда ва ноҳияи Роштқалъа 2 мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд. Бо дастгирӣ ва ғамхории Сарвари давлат ҷиҳати беҳбудии шароити моддӣ-маишии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ бинои замонавии хобгоҳ ба маблағи зиёда аз 7 миллион сомонӣ бо тамоми шароит ба истифода дода шуд.
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд зимни боздид аз як қатор муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маълум гардид, ки тибқи Квотаи президентӣ 12 ҷавон аз ин ноҳия дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил намуда, 3 нафар хатмкардаи ин даргоҳ, аллакай, аз рӯйи касбу дониши андӯхтаашон дар дармонгоҳ ба аҳолӣ хизмат мекунанд.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вобаста ба лоиҳаҳои пешбинишуда 12 мактаб дар ноҳия таҷдиду таъмир гардида, 40 ҳазор китоби дарсӣ харида шуд. Сарвари давлат изҳор намуданд, ки аз Фонди захиравии Президенти мамлакат тамоми мактабҳои ноҳия бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин мешаванд. Ҳамзамон, масъулини идораҳои давлатӣ вазифадор шуданд, ки то Ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатӣ кулли мактабҳои ноҳияро навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонанд.
Ҷаноби Олӣ дар шаҳри Истаравшан, дар деҳаи Найман мактаби бо саҳмгузории соҳибкорон ва бо тариқи ҳашар аз тарафи сокинон бунёдгардидаро ифтитоҳ намуда, бо нишони эҳтиром ва зоҳир намудани ғамхорӣ 10 компютер ва асбобу ашёи таълимӣ туҳфа карданд. Ҳамчунин, дар идомаи сафар ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат дар деҳоти Хистеварз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро, ки аз тарафи соҳибкорон барои 280 хонанда бунёд гардид, ба истифода дода, 10 компютер туҳфа карданд.
Зимни ташрифи Сарвари давлат ба шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ дар «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» 30 августи соли 2010 ду мактаби замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Яке аз онҳо мактаби деҳаи Меҳрободи деҳоти Чоряккорон мебошад, ки барои 928 хонанда ба маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд гардид. Дар баробари бо таҷҳизоти замонавӣ ва асбобу ашёи фаннӣ муҷаҳҳаз гардондани синфхонаҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ, инчунин, толори замонавии маҷлис, ошхона бо 100 ҷойи нишаст ва толору майдони калони варзишӣ ба истифодаи мактаббачагон дода шуд. Ҳамчунин, 31 август дар маҳаллаи Бофандаи шаҳри Душанбе як бинои муҳташами сеошёна, яъне мактаби замонавӣ иборат аз 40 синфхона бо тамоми шароити таълим дар ду баст барои 2600 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳар сафари Ҷаноби Олӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боиси хушнудии сокинон, бахусус наврасону ҷавонон мегардад, зеро ба ҳар бори ташриф ба минтақаҳои гуногуни кишвар, алалхусус ноҳияҳои дурдаст, ҳатман бо ибтикору ташаббус ва дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат ҷиҳати беҳбудии шароити зиндагӣ, кору рӯзгор, вазъи моддию маишӣ, соҳаҳои гуногуни ҳаёт бунгоҳи тиббӣ, биноҳои маишӣ, ҳаммом, қасри фарҳанг, толори варзиш, алалхусус муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ, ба истифода дода мешаванд.
Сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки дар шароити буҳрони молиявию иқтисодӣ бо маблағгузории ин соҳаи барои ҷомеа муҳим ва ояндадор соли 2010, яъне Соли маориф ва фарҳанги техникӣ зиёда аз 200 мактаб бо 40 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Дар Рӯзи дониш, дар оғози соли таҳсили 2010 – 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ифтитоҳи 4 бинои нави таълимӣ, ки бо арзиши 36 миллион сомонӣ сохта шуданд, иштирок намуданд. Баъди шиносоӣ аз факултетҳои физика, химия, биология, геология ва механикаю математика, ки донишҷӯён соли хонишро дар биноҳои нав шуруъ карданд, бо олимон, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олӣ вохӯрӣ намуданд.
Дар як муддати кӯтоҳ сохтмони ин қадар биноҳои маъмурӣ ҷиҳати бо таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакону наврасон ва ҷавонон ғайриимкон аст. Устуворию матонат, рисолати созандагиву бунёдкорӣ ва эҳсоси боло бурдани сатҳи донишу маърифат дар замири Пешвои миллат барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, ки асоси пешрафти ҳаёти ҷомеа, некуаҳволии мардум ва рушди технологияи муосир ба ҳисоб меравад, ба фарзанди фарзонаи миллат имкон дод, ки ба чунин комёбиҳо муяссар гардем.
Қайд намудан бамаврид аст, ки аз рӯзи таъсиси Квотаи президентӣ барои духтарону писарони деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар асоси нақша 26067 (аз ин барои духтарон 15914, барои писарон 10153) ҷой ҷудо шудааст. Аз ин шумора 24774 нафар (14707 духтар ва 10067 нафар писар) хатмкардагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ фаро гирифта шуданд.
Яке аз роҳҳои ҳарчи беҳтару бештар ҷалб намудан, майлу рағбат пайдо кардан ва таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудан барои андӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар ин дар ҳавасмандкунии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олию миёна зоҳир мегардад. Бо ин мақсад, Сарвари давлат Стипендияи президентиро таъсис доданд, ки ба он хонандагону донишҷӯёни болаёқат ва савияи донишу маърифаташон баланд сазовор мегарданд. Дар даҳсолаи охир ҳаҷми стипендияҳои президентӣ чанд маротиба зиёд шуд, ки ин иқдом ҳарчи бештар шумораи довталабонро ба ин унвон зиёд мегардонад.
Ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Яке аз рукнҳои ҷаҳонишавӣ дар сиёсати давлату давлатдорӣ ин ба амал баровардани ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра бо кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф 1 июли соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов шахсияти шинохта Виктор Садовничий филиали Донишгоҳи мазкур дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шуруъ кард. Ифтитоҳи филиали ин Донишгоҳи бонуфуз дар баробари тақвияти муносибатҳои дӯстона миёни Душанбе ва Москва, инчунин, барои омода намудани мутахассисони сатҳи баланд, забондон ва ҷаҳонбинии васеъдошта мусоидат менамояд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо ҷорӣ кардани технологияи муосир, фароҳам овардани тамоми шароиту имкониятҳои таҳсил раванди таълиму тарбия дар филиали мазкур бояд ба сатҳи Донишгоҳи давлатии Москва баробар шавад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки метавон филиали Донишгоҳи давлатии Москваро ба филиали минтақавии Донишгоҳи мазкур табдил дод, то ин ки дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон аз дигар кишварҳои минтақа довталабон ба Душанбе омада, дар он таҳсил намоянд.
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои пасошуравӣ, бахусус Федератсияи Россия дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маориф, сол ба сол тақвият ёфта, дар ин самт пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе, инчунин, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, филиалҳои Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ – технологии «МИСиС» самаранок фаъолият доранд.
Имрӯз зиёда аз 30 ҳазор ҷавони тоҷик дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва филиалҳои дар боло зикршудаи донишгоҳҳои Россия бо забони русӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар маросими ба истифода додани 5 муассисаи таълимии раванди таҳсилашон ба забони русӣ, ки рӯзи 1 сентябри соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба таври онлайн сурат гирифт, Ҷаноби Олӣ иброз намуданд: «Соли 2019 мо бо ҳамроҳии Владимир Владимирович Путин ба татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаби таҳсилоташон ба забони русӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб, Бохтар ва Душанбе оғоз бахшидем». Мактабҳои мазкур дар муддати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд бунёд, бо дастгоҳу ашёи таълимӣ ва технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бояд зикр намуд, ки дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад». Моҳияти забони русӣ дар Тоҷикистон сол ба сол бештар шуда, ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва рафтуомади шаҳрвандони мо ба ин давлат зиёд мегардад. Яке аз мушкилоти асосие, ки муҳоҷирони мо берун аз кишвар бо он дучор мешаванд, ин надонистани забонҳои хориҷӣ, алалхусус забони русӣ, мебошад. Чунин вазъият дар бисёр ҳолатҳо сабаби надонистани қонунҳои амалкунандаи кишварҳои хориҷӣ, нокомӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ ва тамасхуру сарзаниши дигарон мегардад. Дараҷаи забондонии мо имкон медиҳад, ки ҳангоми на танҳо дар Федератсияи Россия, балки дар дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор доштан, дар сурати донистани забони русӣ мушкилоту масъалаҳои идоравӣ ва рӯзгорро метавон бо осонӣ ҳаллу фасл намуд.
Сарвари давлат ҳамеша ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту вохӯриҳо бо зиёиён, намояндагони маориф ва илму фарҳанг дар бораи муҳимияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, таъкид менамоянд, бинобар васеъ гардидани имкониятҳои истифодаи таҷҳизоти муосир, бахусус технологияи компютерӣ дар коргузорӣ, истеҳсолот ва тамоми соҳаҳои ҳаёт имрӯз зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба миён омадааст.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба тасвиб расида буд ва дар асоси ин фармон Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши ин забонҳо барои солҳои 2004 - 2014 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардид, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем».
Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри соли 2021 зикр гардид, ки бо вуҷуди ба низоми муайян даромадани раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир шавад.
Пешвои миллат омӯзиши илмҳои замонавиро асоси пешрафт ва рушду тараққиёти ҷомеа ҳисобида, ба кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки дар байни наврасону ҷавонон мутолиаи китобҳои бадеӣ ва илмиро ташвиқ ва назорати азхудкунии донишҳои муосирро пурзӯр намоянд.
Бо мақсади андӯхтани илму фанҳои дақиқ, ки дар замони муосир ба рушду инкишофи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи боэътимод мегузоранд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040 – ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карданд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёт корҳо тавассути технологияи пешрафта анҷом дода мешаванд. Акнун ба ҷойи одамон зеҳни сунъӣ, ки бо он дастгоҳҳои пурқудрат – роботҳо, таҷҳизоти электронӣ офарида мешаванд, корро иҷро менамоянд. Инкишофи неруи ақлонӣ, тафаккур ва андешаронӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон шароит фароҳам меорад, ки дастрасӣ ба истифодаи технологияи замонавӣ дар фаъолият осон гардад.
Дар шароити пешрафти технологияи муосир, ки таҳти таъсири он дар бозори ҷаҳонӣ рақобати иқтисодӣ беш аз пеш сурат мегирад, қобилияти ташаббускорӣ, дақиқназарӣ ва андешаронӣ, ихтирои навгониҳо дар истеҳсолот, ки аз неруи зеҳнию ақлонӣ сарчашма мегирад, ҷалбу таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯён бештар бояд ба маҳфилҳои илмиву озмунҳои фаннӣ равона карда шавад. Ин таъкидҳо мудом дар суханрониҳои Сарвари давлат садо дода, баёнгари боло рафтани қобилияти хонандагону донишҷӯён дар солҳои охир гардидааст.
Иштироки фаъолонаи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи олӣ дар озмунҳои байналхалқӣ дар кишварҳои хориҷӣ, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидану ба дастовардҳои назаррас ноил шудан, аз як тараф аз қобилияту истеъдоди фавқулода доштани онҳо дарак диҳад, аз ҷониби дигар шаҳодати дастгирию ғамхории Пешвои миллат дар рушду инкишофи соҳаи маориф ва бахусус таълиму тарбияи насли маърифатпарвар ва ояндасози ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намоянд.
Дар 12 соли охир қариб 10 ҳазор хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои риёзӣ, физика, химия, биология, забони англисӣ ва технологияи иттилоотӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 3720 ҷойи ифтихорӣ (638 медали тилло, 1236 медали нуқра ва 1842 медали биринҷӣ) гардиданд. Агар дар соли 2011 шумораи иштирокчиён ҳамагӣ 154 нафарро ташкил медод, ин шумора дар давоми соли 2022 ба 5745 нафар расид. Ин нишондиҳандаҳо шаҳодати дастгирию ғамхории роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамзамон, лаёқату истеъдоди баланд доштани мактаббачагони ҷумҳурӣ мебошад.
Дар партави иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 11 феврали соли 2021 № АП - 43 барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки барои ҷалби бештар ва иштироки фаъолонаи мактаббачагон, муайян кардани нафарони болаёқату соҳибистеъдод ва ҳавасмандкунии онҳо ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Дар Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 962 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 105 нафар омӯзгор аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 3552 нафар донишҷӯ ва 193 нафар омӯзгорон аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Баъди баргузории ду даври озмун ба даври сеюм дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 31 нафар хонанда ва 16 нафар омӯзгор, дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 14 нафар омӯзгор ва 69 нафар донишҷӯён роҳхат гирифтанд.
Бо мақсади огаҳӣ пайдо кардан аз адабиёти бою таърихи куҳан, донистани ғановати забони ноби тоҷикӣ, сайқал додани маҳорати сухандонию суханварӣ, тарғиби одобу ахлоқи ҳамида, дӯст доштани Ватан ва муайян кардани истеъдодҳои ҷавон аз тарафи Пешвои миллат дар радифи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон» эълон шуданд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор кардани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар солҳои 2019 - 2021 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 4 миллиону 790 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дар даври аввали озмун 700 ҳазор нафар довталабон аз муассисаҳои таълимии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. Баъди баргузории даври ниҳоӣ, ки бо ширкати олимон, адибон, таърихшиносон, намояндагони илму фарҳанг ва омӯзгорони фанҳои гуногун ҷамъбаст гардид, дар соли 2019 - 13 нафар, соли 2020 - 56 нафар ва дар соли 2021 - 77 нафар ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ шуда, бо маблағҳои пулӣ, диплому ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд. Инчунин, 21 нафар омӯзгор бо маблағҳои пулӣ ва падару модарон бо ифтихорномаю нишони «Маърифатпарвар» ҳавасманд гардонда шуданд.
Дар Озмуни «Илм - фурӯғи маърифат», ки бори аввал соли 2021 гузаронда шуд, барои доир намудани чорабиниҳо 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва наздик ба 159 ҳазор нафар дар он иштирок намуданд. Дар даври чорум, ки даври ниҳоӣ ба ҳисоб меравад, 75 нафар ғолиби ҷойҳои 1, 2 ва 3 - юм гардида, бо ҷоизаҳои ифтихорӣ сарфароз гардонда шуданд. Рафти баргузории озмун, маҳорату малака ва лаёқату истеъдоди иштирокчиён, ки хеле ҷолиб ва фавқулода буд, тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба таври васеъ намоиш дода шуд.
Баргузории озмунҳо аз тарафи ҷомеаи Тоҷикистон, алалхусус аҳли зиё, маорифчиён ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ хеле хуб истиқбол ва сазовори таҳсину офарин гардид, ки ворисони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз ва Айниву Бобоҷон Ғафуров имрӯз дар гӯшаву канори кишварамон шамъи донишу маърифатро фурӯзон ва осору ашъори оламшумули олимону адибони тоҷикро гиромӣ медоранд. Озмунҳо дар раванди таълиму тарбия, худогоҳиву худшиносӣ ва аз худ кардани донишу маърифат барои наврасону ҷавонон такони ҷиддӣ гардид ва дар замири онҳо шавқу завқи донишандӯзӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлату миллат ва садоқат ба Ватанро беш аз ҳарвақта бедор намуд.
Ҳамзамон, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 июли соли 2022, № АП - 227 оид ба хониши шоҳасари Б. Ғафуров, китоби «Тоҷикон» Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор ва барои чорабиниҳо 1 миллиону 480 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Тибқи талаботи Низомнома Озмун аз чор давр иборат буда, иштирокчиён ба чор гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадҳои илм ва дигарон ҷудо гардидаанд. Озмуни мазкур моҳи феврали соли 2023 оғоз гардида, моҳи декабри ҳамон сол ҷамъбаст мешавад.
Дар боло бурдани сатҳи донишу маърифат, дарки худогоҳию худшиносӣ ва расидан ба дастовардҳои илмӣ саҳми омӯзгорон хеле зиёд аст. Дар баробари фароҳам овардани тамоми шароиту имкониятҳо барои таълиму тарбияи фарзандон аз тарафи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам нисбат ба омӯзгорон ғамхорӣ зоҳир мешавад.
Тибқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 197 аз 3 майи соли 2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба имзо расидааст.
Барои онҳо имтиёзҳои бенавбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, дар ноҳияҳои кӯҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои боғдорӣ ва полизкорӣ, додани қарзҳои имтиёзнок барои харидани чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал пешбинӣ шудааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 433 аз 2 июли соли 2015 барои мутахассисони ҷавон 10 фоиз иловапулӣ муқаррар гардидааст. Ҳамзамон, дар асоси моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» як қатор имтиёзҳо ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф муқаррар гардидааст, ки онҳо метавонанд барои беҳбудии шароити моддию маишӣ мусоидат намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба мавқеъ ва нақши омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар давоми солҳои 1997 – 2022 музди кормандони соҳаи маориф 19 маротиба боло бардошта шуд. Маоши вазифавии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки роҳбарии синф ва мудири кабинетро ба уҳда доранд, инчунин, тафтиши дафтарро мегузаронанд, мутаносибан ба андозаи 10, 15 ва 20 фоиз иловапулӣ пардохт карда мешавад.
Ахиран, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2022, таҳти № 312 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷет, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид. Дар асоси фармони мазкур аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва андозаи стипендияи амалкунанда 20 фоиз зиёд карда шуд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори зиёд дода, барои ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон, бахусус фароҳам овардани шароити мусоид дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар, сохторҳои дахлдорро муаззаф менамоянд. Имрӯз дастури Пешвои миллат на танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олӣ, ҳамчунин, дар идораву корхонаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гирифта, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ курсҳои махсус ташкил карда шуданд.
Бо мақсади боло бурдани дараҷаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ, дар чанд соли охир корҳои зиёде ба анҷом расонда шуданд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 39 мактаби раванди таълимаш бо забони русӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо тақрибан 27 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин, зиёда аз 160 мактаби омехта бо забонҳои тоҷикӣ – русӣ фаъолият дорад, ки фарогири ҳудуди 70 ҳазор хонанда мебошад. Ҳамасола теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ дохил гардида, соҳиби ихтисос ва касбу кори гуногун мешаванд. Аксарият дар муассисаҳои олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд. Тибқи омори мавҷуда, айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳои Россия ҳудуди 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамояд.
Ҳамзамон, аз дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҳиндустону Эрон, Покистон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, давлатҳои Африқо, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғайра, дар муассисаҳои олии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ки ин шаҳодати ҳамкориҳои судманди Ҳукумати мамлакат бо давлатҳои хориҷӣ дар рушди соҳаи маориф мебошад.
Айни замон беш аз 15 ҳазору 300 донишҷӯи хориҷӣ аз 30 давлати ҷаҳон дар 34 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки онҳо бо тамоми шароити лозимӣ таъмин гардидаанд. Бояд зикр намуд, ки донишҷӯёни Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии 31 давлати хориҷӣ таҳсил менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун беш аз 41 ҳазор донишҷӯ муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷиро хатм кард.
Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат соҳаи маориф дар Тоҷикистон инкишоф ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
А. А. АЛАМШОЗОДА,
муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.25.10.2022 №: 199-204 Мутолиа карданд: 2779 |
|