logo

фарҳанг

ВОРИСИ ШЕЪРИ АСИЛ

 
Ворис шоирест, ки қудрати тахайюлаш аз шеъри ӯ равшану возеҳ аст. Баъзан вақт Хуршед нурҳояшро чунон зиёд ҷилва медиҳад, ки на ҳар чашм тоби дидорашро меорад. Ин ки касе ин қудратро дарнамеёбад ва ё дарк мекунаду аз ҳасад намехоҳад дар бораи он чизе бигӯяд, шоир, шоири асил гунаҳгор нест. Ӯ наметавонад барои ҳама аз қуллаҳои баланди истеъдодаш пойин бифарояд, аммо мехоҳад, ки дигаронро бо фарёду изтиробҳои худ ба баландӣ даъват бикунад ва бигӯяд чи асроре, чи зебоиву шавкате дар он ҷост.  Оре, мисли як серобу шодоб, ки фарёдаш аз дилсӯзист ва мехоҳад лабташнагонро ба сӯи об биёрад. 
Ва ҳам агар шабпарра васли Офтобро нахоҳад, - ба қавли Шайх Саъдӣ, - равнақи бозори Офтоб накоҳад.
Мо агар шоири асилро намешиносем, айбро дар худ бояд ҷустуҷӯ бикунем. Ҷойи таассуф аст, ки ҳам ин айбро чун бори вазнину сангине ба дӯши шоир таҳмил мекунем, бехабар аз ин, ки сабуксорӣ сифати хуб нест, бад аст.. Бешак, куҷо донанд ҳоли ӯ сабуксорони соҳилҳо?
Дар тамоми зиндагии банӣ башар шоирони асил кашф нашуда ва низ он гуна ки бояд, муаррифӣ нагардидаанд.
Магар Муҳаммад Иқболе, ки шуҳраи ҷаҳонӣ дорад, намегуфт:
Ман, эй мири умам дод аз ту хоҳам,
Маро ёрон ғазалхоне шумурданд?
 
Ҷойи ҳасрат аст, ки ҳам бо дард, бо танҳоӣ изҳор дошт:
Чу рахти хеш барбастам аз ин хок,
Ҳама гуфтанд бо мо ошно буд.
Валекин кас надонист ин мусофир
Чи гуфту бо кӣ гуфту аз куҷо буд.
 
Шоири асил, ки дар ин зумра Вориси азизи мо низ ҳаст, ҳам бо ҳама, ҳам бе ҳама ҳаст.
Бедил, ки худ ҳамин гуна шоир буд, мегуфт: «Ки ҳар ҷо бенавое сӯхт, дудаш сар кашид ин ҷо». Шояд ҳеҷ кас ҷуз шоир наандешидааст, он як дуди одӣ нест, як дуди оташбарангезанда мебошад. Ин оташ беранг аст, ба чашм наменамояд, ба ҳазорон заррабин ҳам, як шуълаяки онро дидан наметавон.
Ворис ҳамин гуна шоир аст. Даркаш, фаҳмаш осон нест, чи расад ба дидани оташи ниҳони қалбаш. Шояд як равоншиноси воқеӣ аз хандаи ӯ ин ҳақиқатро дарёбад, ки ҳазор ғами дарун монеи ҷилваи ростину зебои ин ханда мебошад. Вуҷуди ӯ саропо шеър аст. Шеъри ноб, асил. Он ки бар асрори нигоҳ пай бурда, ин ҳақиқати ниёз ба баҳс надоштаро метавонад бубинад.
Ӯ ҳаргиз барои мукофот, унвон, ҷоиза шеър нагуфта ва нахоҳад гуфт. Чаро? Чунки ин ҳикмати устоди Абулқосим Лоҳутиро медонад: «Гирифтани мукофоти Ватан шараф аст, вале барои мукофот асар навиштан бешарафист». Мутаассифона, ҳолати дувум бештар ба назар мерасад.
Агар ба гуфтаи Умари Хайём, «гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон», ҳамаи мукофотҳои адабиро нисори ӯ мекардам. Ҳама гуна мукофотҳо, охир, пеши як шеър, балки як байти олӣ чӣ арзиш дорад? Ҳеҷ.
Ворис шоирест, ки аз маъноҳо ба вожаҳо роҳ мебарад, на аз вожаҳо ба маъноҳо. Аз ин рӯ, дар шеъри ӯ ҳам ҳис, ҳам тахайюл ва ҳам андеша тавъам, яъне дар якҷоягӣ арзи ҳастӣ мекунанду зебоии ҳунари аслиро ҷилвагар месозанд.
Мо одат кардаем ва ҳам мехоҳем ба умқи шеър, аз ҷумла шеъри Ворис, бо як хондан ва ё шунидан бирасем. Дар ин ҳол аст, ки аҷзи худ, нотавонии худро дармеёбем, ҳарчанд аз ин хусус намехоҳем лаб бикушоем. Магар медонем ва ё тасаввур карда метавонем, ки шоир забони табиат, забони дардҳо, забони замонҳоро медонад? Магар аз шабҳои бехобӣ, сӯхтану сохтанҳо мисли ӯ огоҳем? Метавонем, барои мӯри донакаш, ки ҷон барояш хуш аст, ғам бихӯрем, то намирад, зери по намонад?
Сардафтари адабиёти рус Александр Сергеевич Пушкин, ки имрӯз олам ба ӯ ифтихор дорад, барои манзумааш дар он рӯзгор харидор меҷуст, он ҳам дар Кафқоз.
Имрӯз шоири асил, аз ҷумла Ворис, харидор намеҷӯяд, зеро дар ин рӯзгор  харидори шеъри ноб бар асари дур шудан аз ҳунари воло шояд намонда бошад.
Ман чунин мепиндорам, ки ӯ, яъне Ворис, барои нашри маҷмуаҳои ашъораш аз ҳаққи ҳалоли кӯдаконаш, ҳамсари меҳрубонаш задааст, гоҳҳо, не балки аксар вақт худро гурусна мондааст, зиндагии шоиста накардаасту зарра-зарра пул ҷамъ намудааст. Ӯ ин гуна одат надорад  ва ҳам наметавонад китобҳояшро бифурӯшад. Ҳар кадоми мо, дӯстону наздикони ӯ шоҳидем, ки на танҳо бар мо, балки бар дигарон низ китобҳояшро ройгон додааст. Хосса, дар ин синну сол ҳар шоиру адиби асил ва ҳам Ворис барои пул наметавонад касеро ситоиш кунад. Ҳама ранҷи меҳнату заҳматашро ба хотири боло бурдани сатҳи маърифати мардумаш, миллаташ мекашад, таҳаммул менамояд. Ворис, ба бахти мо, ин рисолатро барвақттар, ҳатто, пеш аз замоне, ки донишҷӯи Донишгоҳ шуда буд, дарёфта буд.
Адибон, шоирони асил табиатан инсонҳои неканд, меҳрубонанд, ғамхори ҳамаанд, дасти ёрӣ дароз мекунанд, ҳасад ба вуҷудашон роҳ намеёбад. Ворис низ, аз ин зумра аст. Ӯ метавонад аз бозёфти як нафар мисли кӯдак шод шавад ва онро бозгӯ кунад, ба одамон бигӯяд, ки аз ин доди Худо ғофил набошанд ва ба қадраш бирасанд.
Зиндагӣ туҳфа нест, масъулият аст. Ман шод аз онам, балки ифтихор мекунам, ки Ворис ин ҳақиқатро пештарҳо аз имрӯзҳову ин солҳо  дарёфта ва масъулиятро шинохтааст.
Ворис низ, ки барои аҳли маонӣ ба ҳамин хотир азиз аст, маҳбуб аст ва дар дилҳои онҳо ҷойи махсусро, яъне хоси худро дорад, ки ҳеҷ кас онро аз ӯ гирифта наметавонад.
Ман чунин фикр мекунам ва бар он барҳақ итминон дорам, ки ҳар мавзеъ агар мисли Ворис як шоири асил, инсони соҳибдил, ғамхори ҳама бидиҳад, барои ин кишвари азизамон, балки  ҷаҳон бас аст.
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2022    №: 199    Мутолиа карданд: 1191
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед