Хабарҳо
САМБО
7 нишони гӯштигирони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон
Паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо (14–16 октябр, Ереван, Арманистон) 7 медал (1 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ) гирифтанд.
Тавре аз Федератсияи самбои кишвар хабар доданд, ба Фарзиншоҳ Ҳусейнов (+98кг) муяссар гашт, ки миёни ҷавонон қаҳрамони ҷаҳон шавад. Ҳамчунин, дар байни ҷавонон Субҳиддин Халилзода (-71кг) медали нуқра гирифта, Мусаниф Миробов (-58кг) ва Анис Субадоров (-64кг) зинаҳои сеюмро ишғол карданд.
Абдуллои Ориф (-64кг) миёни наврасони 16-18-сола мақоми дуюмро касб кард.
Миёни наврасони 14–16-сола Муҳам-мадамин Лоиқов (-64 кг) ва Аминҷони Абдулфайёз (-71 кг) сазовори нишони биринҷӣ шуданд.
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022
“Истиқлол” ва “Кӯктош” дар финал
Дар вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикис-тон – 2022 пешсафи Лигаи олӣ – “Истиқлол” – и Душанбе ва садрнишини ҷадвали мусобиқаи лигаи якум – “Кӯк-тош” – и ноҳияи Рӯдакӣ қувваозмоӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Лигаи футболи кишвар, аз рӯйи натиҷаи ду бозӣ (хонагӣ ва сафарӣ) “Истиқлол” бар “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
“Кӯктош” низ бо натиҷаи 2:1 тими “Хатлон” – ро шикаст дод.
Зӯрозмоии ҳалкунанда миёни “Истиқлол” ва “Кӯктош” 29 октябр дар варзишгоҳи “Пахтакор” – и шаҳри Бохтар баргузор мегардад.
ҶОМИ ОСИЁ – 2023
Мизбони мусобиқаҳои қоравии футбол муайян гашт
Бар пояи маълумоти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), Ҷоми Осиё – 2023-ро қаҳрамони феълии қора – Қатар мизбонӣ мекунад.
Мусобиқот бояд дар Чин доир мешуд, аммо мақомоти ин кишвар ба далели маҳдудиятҳои ковидӣ аз баргузории чемпионати қитъавӣ даст кашиданд.
18-умин Ҷоми Осиё аз 16 июн то 16 июли соли оянда мегузарад.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтааст.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4958