Хабарҳо
Си Ҷинпин дар бораи пирӯзӣ бар камбизоатӣ ва афзоиши босуръати ММД дар Чин сухан гуфт
Мир 24. Котиби генералии КМ Си Ҷинпин дар анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунисти Чин суханронӣ карда, дар байни дастовардҳои асосӣ ғалаба бар камбизоатӣ ва афзоиши босуръати ММД-ро махсус зикр намуд.
Ҷаҳишҳои ғайричашмдошт. Ҳамин тавр, ба таври мухтасар, Си Ҷинпин дастовардҳои Чинро дар солҳои охир тавсиф кард. Маҷмуи маҳсулоти дохилии ин кишвар беш аз ду баробар афзуда, ба 114 триллион юан ё 16 триллион доллари ИМА расидааст, ки дуюмин кишвари дорои иқтисоди бузург дар ҷаҳон аст. Саҳми Чин дар иқтисоди ҷаҳонӣ аз 18 дарсад гузашт ва аз ҳама муҳимтараш он аст, ки нахустин ҳадафи садсолаҳо иҷро гардид. Камбизоатӣ дар Чин аз байн рафт.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин гуфт: «Аз имрӯз сар карда, вазифаи асосии Ҳизби Коммунисти Чин роҳандозӣ намудани ҳадафи дуюми садсола - ба кишвари ҳамаҷиҳата бузурги муосири сотсиалистӣ табдил додани Чин мебошад».
Ван дер Беллен дар интихоботи президентии Австрия пирӯз шуд
Мир24. Вазорати корҳои дохилии Австрия хабар дод, ки Сарвари давлати феълӣ Александр Ван дер Беллен дар интихоботи президентии Австрия бо дарёфти 56,7 дарсади овозҳо пирӯз шуд.
Ван дер Беллени 78-сола аз беш аз 4 миллион овоз тақрибан 2,3 миллионашро ба даст овардааст. Ҳамин тариқ, даври дуюми интихобот талаб карда намешавад.
Президенти Австрия ба муҳлати шаш сол интихоб мешавад ва ҳуқуқ дорад на бештар аз ду муҳлат ин вазифаро ишғол намояд. Сарвари давлат, асосан, салоҳияти намояндагӣ дорад.
СММ музокирот дар Москваро оид ба иҷрои созиши ғалла мусбат арзёбӣ намуд
RT. Намояндаи Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик гуфт, ки ин Созмон музокироти қаблан дар Маскав миёни намояндагони СММ ва ҷониби Россия дар мавриди иҷрои созиши ғалла баргузоршударо мусбат арзёбӣ мекунад.
Мулоқоти мусбат ва созанда миёни директори генералии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд Ребека Гринспен ва муовини Сарвазири Россия Андрей Белоусов баргузор шуд. Илова бар ин, ба гуфтаи ин Созмон, муовини Дабири кулли СММ Мартин Гриффитс бо Сергей Вершинин, муовини вазири корҳои хориҷии Россия ва Александр Фомин, муовини вазири мудофиаи Россия низ дидору гуфтугӯ кардааст.
Ҷонибҳо имкони тамдид ва тавсеаи созишномаҳои Истамбул дар бораи содироти ғаллаи Украинаро баррасӣ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5255