Хабарҳо
«РОҒУН». ҶАВОНОН ИНШООТИ АСР МЕСОЗАНД
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумита Абдулло Раҳмонзода ҳайати зиёда аз 20 - нафараи кормандони соҳаи ҷавонон ва варзиш аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ аз НБО “Роғун” дидан карданд.
Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ дар маҷлисгоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» мулоқоти раиси Кумита бо кормандони ҷавони Неругоҳ доир гардид.
Абдулло Раҳмонзода зимни суханронӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷавонони меҳнатқарини ин иншооти бузург, ки барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, барои фаъолияти шабонарӯзии кормандони бонангу номуси НБО «Роғун» изҳори миннатдорӣ намуда, амалҳои бунёдкоронаи сохтмончиёни иншооти мазкурро намунаи олии ватандӯстӣ ва хизмати содиқона барои фардои дурахшони кишвар ва наслҳои оянда номид.
– Меҳнати шабонарӯзие, ки шумо анҷом медиҳед, бо чашми сар дидем, қаҳрамониҳои шуморо эҳсос кардем. Пайкоре, ки дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷавонон анҷом медиҳанд, моро ба дуриҳои дур андешаманд сохт. Ҳар амале, ки шумо дар ин ҷо анҷом медиҳед, намунаи олии ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва созандагию бунёдкорӣ мебошад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин маҳаки асосии миллатсозии мову шумост. «Роғун» омили асосии расидан ба ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Бунёди ин "кохи нур" нишонаи шуҷоатмандии миллати тоҷик, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзиву машаққатҳо ва иродаи қавии Пешвои муаззами миллат аст, - гуфт раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Дар ниҳояти суҳбату мулоқотҳо дар вазъияти тантанавӣ зиёда аз 150 нафар корманди ҷавони Неругоҳ барои фаъолияти шабонарӯзӣ дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, гузоштани саҳми арзанда дар бунёди иншооти бузурги аср – НБО «Роғун», мусоидат дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва, ба ин васила, нишон додани ҳисси баланди ватандӯстӣ, ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд. Мукофотҳоро раиси Кумита Абдулло Раҳмонзода ба бунёдгарони ин кохи муҳташами нур тақдим кард.
Ёдовар мешавем, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» бузургтарин иншооти гидроэнергетикист, ки сохтмонаш баъди пошхӯрии давлати шуравӣ қатъ гардида, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гашта, аллакай, ду чархаи он ба истифода дода шуда, барқи истеҳсолшуда ба шабакаи ягонаи «Барқи тоҷик» пайваст гардид.
Иқтидори лоиҳавии НБО «Роғун» 3600 мВт буда, он аз 6 агрегати 600 мВт ва баландии сарбандаш 335 метр муайян шудааст. Дар ҳолати пурра ба кор даромадан Неругоҳ дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат неруи барқ тавлид кунад.
Имрӯз таваҷҷуҳи асосии Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори асосии НБО «Роғун» маҳсуб меёбанд, ба сохтани ин иншооти тақдирсоз равона шудааст, зеро расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ ба бунёди НБО «Роғун» сахт вобастагӣ дорад.
Тибқи маълумоти охирин, феълан дар майдони сохтмони иншоот беш аз 11 ҳазор нафар барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд, ки теъдоди зиёди онҳоро мутахассисони ватанӣ, аз ҷумла ҷавонон, ташкил медиҳанд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7864