Хабарҳо
Дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба кор оғоз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» Конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба кор оғоз кард.
Дар он намояндагони зиёда аз панҷоҳ кишвари ҷаҳон, роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва дигар коршиносони байналмилалӣ, ки дар самти мубориза бо терроризм ва мудирияти сарҳадот, аз ҷумла пешгирии ҳаракати террористҳо, фаъолият мекунанд, иштирок доранд.
Конфронси дурӯза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА), Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар ташкил гардид.
Мулоқот бо ёвари Дабири кулли СММ
Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Дабири кулли СММ оид ба волоияти қонун дар Департаменти амалиёти посдори сулҳи Котибот Александр Зуев доир гардид.
Зимни дидор масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону СММ дар самти тавсеаи амалиётҳои посдори сулҳ ва нақши Тоҷикистон дар таъмини ҳайати он, безараргардонии башардӯстонаи минаҳо ва дигар мавзуъҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
Истифодаи IT-технология дар мубориза бо коррупсия
Дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2023, бо иштироки коршиносони мақомоти зикршуда вохӯрии маҷозӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ вобаста ба истифодаи IT-технология дар мубориза бо коррупсия табодули таҷриба сурат гирифт. Зикр гардид, ки дар замони муосир иттилоот мавқеи хосро дар ҳаёти ҷамъиятӣ касб намуда, дар навбати худ, фаъолияти мақомоти давлатӣ низ тавассути иттилоотикунонии ҷомеа амалӣ мешавад. Яке аз роҳҳои асосии иттилотикунонии ҷомеа самаранок истифода намудани IT-технологияҳо ба ҳисоб рафта, он барои ҷалби ҳарчи бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия ва ба ин васила, дар паст намудани шиддати ин зуҳуроти номатлуб заминаи мусоидро фароҳам меоварад.
Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон
Аз 14 то 22 октябр Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ барои гузарондани вохӯриҳо бо интихобкунандагон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромаданд.
Вакилони мардумӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо фаъолон ва меҳнаткашон вохӯрда, роҷеъ ба бандҳои алоҳида ва моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ суҳбатҳо доир хоҳанд кард.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, вакилон дар доираи вохӯриҳо бо интихобкунандагон, ҳамчунин, роҷеъ ба Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ сисолагии он таҷлил мегардад, суҳбат менамоянд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи хатти сарҳадро баррасӣ намуданд
Гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштарак 10 – 15 октябр дар Душанбе масъалаи гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи марзро баррасӣ карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Тарафҳо оид ба гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро зимни мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон доир мегардад, идома диҳанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8001