мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪӢ
18 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас мулоқот карданд.
Дар он масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СААД, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин, мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро омили муҳими таъмини амният ва суботи минтақа арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд.
Дар вохӯрӣ, инчунин, дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории мулоқоти навбатии сарварони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, матраҳ гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.2022 №: 200 Мутолиа карданд: 1618