сиёсат
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД
18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар он, инчунин, намояндагони воломақоми расмии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот ширкат варзида, роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор шуда, он идомаи мантиқии “Раванди Душанбе” мебошад, ки моҳи майи соли 2019 зимни аввалин конфронси минтақавии Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид якҷо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
Чорабинии сатҳи баландро муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ифтитоҳ кард.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ва Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Хелга Шмид ба тариқи видеоӣ ба иштирокчиёни чорабинӣ муроҷиат карда, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуданд.
Конфронс дар бахшҳои алоҳида идома ёфта, интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаи он “Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” қабул гардад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.2022 №: 200 Мутолиа карданд: 553