сиёсат
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МОҶИД АЛ-ҚАҲТОНИРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД
18 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Моҷид ал-Қаҳтонӣ вохӯрданд.
Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Давлати Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Давлати Қатар, ки раванди устувор касб намудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ муҳокима намуданд.
Зимни мулоқот оид ба ҳамкории босамари кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг табодули андеша шуд. Ҳангоми баррасии масоили таъмини амният дар минтақаву ҷаҳон ва вазъи кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти таҳкими мубориза бар зидди таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳор доштанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.2022 №: 200 Мутолиа карданд: 658