logo

сиёсат

ДДХ. ДОНИШГОҲ ДАР МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ УСУЛҲОИ НАВ МЕҶӮЯД

Дар ҳоле ки ҷаҳони муосир ба афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ бештар рӯ ба рӯ гардидааст, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлоли кишвар тақвияти мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб вазифаи на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Ин матлаб дар ҳамоиш, ки бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Усулҳои муосири муқовимат бо ифротгароӣ» дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд доир шуд, таъкид гардид. Дар нишаст, ки бо иштироки намояндагони ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзу ҳуқуқу тартибот ва ҳизбҳои сиёсӣ сурат гирифт, оид ба роҳу услуҳои наву муассири муқовимат бо ифротгароӣ, пешгирии дигар зуҳуроти манфӣ, вусъат бахшидани корҳои идеологӣ ва ташаккули мафкураи солим дар ҷомеа табодули афкор сурат гирифт. 
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Аюб Усмонзода изҳор дошт, ки раёсати Донишгоҳ дар радифи ниҳодҳои давлатӣ ба масъалаи муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти мубориза бо терроризму экстремизм талош мекунад, аз роҳу усулҳои нави таъсиррасон истифода намояд: «Фаъ-олияти маҳфилҳои таҳлилӣ-иттилоотии “Афкор”, илмӣ-иттилоотии “Набзи айём”, тарғиботчиёни ҷавон “Андеша”, “Пайравони Пешвои миллат”, нашри силсилавии китоби “Амнияти ҷомеа: Арзишҳои миллӣ ва динӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ”, “Илм ва амнияти миллӣ” аз ҷумлаи иқдомҳои амалии Донишгоҳ дар ин самт аст».
Иттилоъ дода шуд, ки аз оғози соли нави таҳсили 2022 – 2023 тибқи қарори шурои олимони Донишгоҳ барои донишҷӯён курси махсуси муқовимат ба терроризм ва экстремизм роҳандозӣ гардидааст, ки ҳадаф аз он таҳкими донишҳои сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати донишҷӯён оид ба мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ маҳсуб мешавад. Гузашта аз ин, дар барномаҳои пажӯҳишии илмии Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии назди Донишгоҳ таҳқиқи заминаҳои таърихии ин зуҳуроти номатлуб ва шеваҳои муқовимат бо он, адабиёт ва арзишҳои адабӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ ба роҳ монда шудааст, ки маҳсули аввалияи ковишҳои илмии кормандони пажӯҳишгоҳ бо номи “Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо” омодаи чоп аст.
Ҳадаф аз ташкили нишаст бо ҷалби намояндагони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҳизбӣ, ҷомеашиносон ва устодону донишҷӯён баррасии вазъи сиёсии ҷомеа ва тақвияти мубориза бо ифротгароӣ арзёбӣ гардид, ки дар ин бора аз маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2022    №: 200    Мутолиа карданд: 635
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед