иқтисод
ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД
Гузаштани Шоҳроҳи бузурги Абрешим аз Осиёи Марказӣ ва азми эҳёи дубораи шоҳроҳ аз ҷониби кишварҳои минтақа таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба минтақа зиёд мекунад. Ин аст, ки имрӯзҳо шумораи ҳар чи бештари одамон ба таърихи ин шоҳроҳи тиҷоратии қадимаи трансмиллӣ, ба ёдгориҳои беҳамтои санъати бинокорӣ, арзишҳои маънавии аз ниёгон васиятмонда, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, ҷашну анъанаҳои халқҳои минтақа таваҷҷуҳи воқеӣ зоҳир мекунанд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои қадима мебошад. Дар ҳудуди он ҳанӯз то нимаи асри I то мелод давлатҳои Суғду Бохтар ба вуҷуд омадаанд. Дар ин ҳудуд Ҳахоманишиҳо, Кӯшониён, Сосониён, Сомониён ва дигар сулолаҳо ҳукмронӣ кардаанд. Таърихи Шоҳроҳи бузурги абрешим, ки ба қаъри ҳазорсолаи II-I –и пеш аз мелод рафта мерасад ва аз рушду нумуи тамаддунҳо шаҳодат медиҳад, дар замонҳои пеш дар интиқоли арзишҳои моддӣ ва фарҳангӣ нақши бузург доштааст, Шарқи Наздик, Миёна, Дур ва Осиёи Марказиро ба ҳам пайванд сохтааст. Аз ин хусус, бозёфтҳои бостоншиносии зиёди ёфтшуда аз минтақа шаҳодат медиҳанд. Ба шарофати тадқиқоти бостоншиносӣ осори тамаддуни воло дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ёфт шудаанд. Тули Шоҳроҳи бузурги Абрешим бисёр шаҳрҳо, минтақаҳои аҳолинишин, корвонсаройҳои дар давраҳои гуногун пайдошуда мавҷуд буданд. Машҳуртарини онҳо Панҷакенти Қадим, пойтахти Уструшана - Бунҷикат, Ҳисори асримиёнагӣ, мадрасаи Хоҷамашҳад, шаҳри антиқии Тахти Сангин, дайри буддоии Аҷинатеппа, пойтахти Хуталон - Ҳулбук ва қалъаи Ямчун мебошанд, ки ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд.
Чунин як давраи пуршиддати таърих ба сайёҳии фарҳангии имрӯзаи Тоҷикистон бетаъсир намонд.
Коршиносон бар он назаранд, ки иқтидори Тоҷикистон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, пиряхҳо ва кӯлҳо, табиати дастнорасида, зебоиҳои қаторкӯҳҳои Помиру Олой ва Тён Шон барои рушди сайёҳии таърихӣ фарҳангӣ, экологӣ, варзишӣ ва саргузаштӣ дар минтақа дурнамои фарохро во мекунад.
Мувофиқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар нимсолаи аввали соли 2022 ба Тоҷикистон беш аз 363 ҳазор сайёҳ ташриф овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 баробар зиёд мебошад. Ҳаҷми даромад аз хизматрасониҳои сайёҳӣ бамаротиб зиёд шуда, ба беш аз 126 миллион сомонӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2022 расид.
Айни замон 5 хатсайри минтақавӣ, аз қабили Бухоро – Шаҳрисабз – Ҳисор – Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Ишкошим – Лангар – водии Вахон – Булункӯл – Яшилкӯл – Акбайтал – Ош; Ташкент – Хуҷанд – Душанбе – Варзоб – Норак; Ош – Сари Могул – Каракӯл – водии Бартанг – Кӯлоб – Душанбе; Самарқанд – Панҷакент – Душанбе – Данғара – Восеъ – Ховалинг – Муъминобод – Кӯлоб; Бухоро – Шаҳрисабз – Турсунзода – Душанбе – Бохтар – Шаҳритус – Душанбе амал мекунанд. Ин хатсайрҳо, ки аз минтақаҳои қадимтарини сукунати одамон дар таъхири ҷаҳонӣ мегузаранд, ба сайёҳони хориҷӣ баҳри сайру гашти дилхоҳона имкон фароҳам меоранд. Хатсайрҳои мазкур барои ташаккули симои нав ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои мардуми тоҷик, ки ба ёдгориҳои тамаддуни инсонӣ эҳтиёткорона ва хосса муносибат мекунанд, заминагузор хоҳад буд.
Имрӯз мавқеи Тоҷикистон зери ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ таҳким ёфта, кишвари мо дар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ сатҳу эътибори хосса пайдо карда истодааст.
Ёдрас мешавем, ки соли 2020 дар назарсанҷии роҳнамои байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet» миёни 10 минтақаи беҳтарини сайёҳат ва сафар Шоҳроҳи абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Ин назарсанҷиро «Lonely Planet» дар нашрияи солонаи худ вобаста ба 10 кишвари беҳтарини сайёҳӣ, минтақаҳои беҳтарин ва арзишҳои беҳтарини саёҳат ва сафар арзёбӣ намуда буд. Мутаассифона, бо омадани бемории COVID- 19 дар ҷаҳон таваҷҷуҳ ба сайру ҷаҳонгардӣ кам шуд. Вале, бино ба арзёбии кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ, шуруъ аз аввали соли 2021 сайёҳӣ дубора эҳё гашт. Боиси хушҳолист, ки сафарҳо ба кишварҳои ҷаҳон барқарор гашта, соҳа рӯ ба инкишофу ташаккулу таҳаввулот овард. Гарчанд ҳоло расидан ба нишондиҳандаҳои давраи пеш аз пандемия барвақт бошад ҳам, имрӯзҳо соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушди устуворро касб намудааст.
Боздид аз хатсайри Шоҳроҳи абрешими Осиёи Марказӣ, ки яке аз занҷираҳои муҳим маҳсуб меёбад, дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ қарор дорад. Айни ҳол маҷмуи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории кишварҳои минтақа дар самти рушди саёҳати байниминтақавӣ, таҳкими ҳамкории кишварҳо ҷиҳати омода намудани роҳбаладон, таҳкими сохтори институтсионалии идоракунии бахши сайёҳӣ, тадбирҳо оид ба тақвияти ҷараёни интиқоли сайёҳон дар бозори дохилии сайёҳии кишварҳои минтақа, талошҳо ҷиҳати таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ ва пешкаши бозори сайёҳӣ гардондани он дар мадди аввал қарор гирифтаанд.
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.2022 №: 200 Мутолиа карданд: 1302