logo

фарҳанг

«ДУОИ МОДАР». ШАРҲИ ОЗМУНИ НАВБАТИИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР СУҲБАТ БО МУҲАММАДУЛЛОҲИ ТАБАРӢ

Хонандагони сершумори  рӯзнома  хуб  огоҳанд,  ки  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар  пайравӣ  аз  арҷгузориҳои камназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан – Модар таҳти унвони «Дуои модар» озмуни беҳтарин матлаби журналистӣ, публитсистӣ ва адабиро эълон намуд. Барои шарҳи фарогиртари ҳадафу мақсади озмун ва шартҳои иштироки аҳли қалам дар он, суҳбате доштем бо сардори шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Ҷумҳурият», номзади илмҳои таърих Муҳаммадуллоҳи Табарӣ.
- Муҳтарам Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, лутфан, бигӯед, ки ҳадафи баргузории чунин як озмун танҳо тараннуми меҳри безаволи модар, мавқеи зан дар ҷомеа аст ё доираи мавзуи матлабҳо фаротар мераванд?
- Озмун ба таври рамзӣ «Дуои модар» ном гирифтааст. Ҳадафи воқеии он тақвияти ҳисси ватанпарастӣ дар вуҷуди насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи дӯст доштани Модар – Ватан буда, ситоиши олиҳаи меҳри ҷовидон, ранҷҳои бедареғи ӯ дар ҷодаи камоли инсонӣ ва даҳҳо мавзуи ба ин масъала марбут мебошад. Албатта, баъди мутолиаи муқаррароти озмун дар зеҳни хонанда нахуст чунин андеша зуҳур меёбад, ки гӯиё озмун танҳо дар васфи модар аст, аммо дар асл зери мафҳуми модар ва дуои сабзаш даҳҳо арзишҳои милливу мардумӣ, ба мисли меҳандӯстӣ, маърифати шаҳрвандӣ, ахлоқи воло, тарбияи неки насли нав, ҳунару ҳунармандӣ, садоқат ба миллат ва меҳру муҳаббати беолоиш нуҳуфтаанд. 
Ҳадафи аслии озмун ин, пеш аз ҳама, дар замири насли нав тақвият бахшидани ҳисси дӯст доштани Ватан – Модар маҳсуб меёбад, ки ин ду мафҳуми ҳаммаъно муқаддасоти ҷомеасозу миллатпарваранд.
Аз 11 озмуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки идораи рӯзнома ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор намуд, ин дуюмин озмуни мост, ки дар ду бахш ҷараён мегирад: яке беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ, дигар гулчини ашъори ғиноӣ дар васфи Модар – Ватан ва наҷобати ин мафҳумҳост. Дар озмун аз эҷодгарону журналистони касбӣ сар карда, то қаламкашони ҳаваскор ширкат варзида метавонанд.
- Аз номи озмун пайдост, ки сарчашмаи ин ибтикори роҳбарияти рӯзнома таваҷҷуҳ ва ғамхории рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеи бонувон дар умури давлатдорӣ ва маънавияти насли нав аст…
- Бешубҳа, мо сиёсати босамари Сарвари кишварро дар робита ба занон сармашқи кори хеш кардаем. Таҷрибаи чанд соли охир нишон медиҳад, ки воқеан ҳам, бонувони тоҷик бо дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҷомеаи демократӣ ва татбиқи сиёсати давлат баробари мардон гомҳои устувор мегузоранд. Занон - модарони тоҷик ҳам донишманд, ҳам ҳунарманд ва ҳам поксиришту боиффат мебошанд ва барои ободии Ватани азиз, амнияти давлат, пойдории сохти конститутсионӣ ва сулҳу ваҳдат талош доранд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки мо азхудгузаштанҳои модарони тоҷикро дар хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва пойдории сулҳу субот фаромӯш накардаем. Дарвоқеъ, камоли фарзанд ва оянда дӯст доштани Ватану миллат аз ҷониби ӯ аз модар - нахустин омӯзгори рӯзгори мо сахт вобаста аст. Гуфтаҳои моро ин таъкиди боарзиши Сарвари давлат тасдиқ мекунад: «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад».
- Мо шоҳиди онем, ки дар ҳақиқат, мақоми зан дар ҷомеаи мо ба таври рӯзафзун боло меравад, вале ҳоло дар ин самт корҳои зиёде дар пешанд. Пас, зарурати роҳандозии чунин озмун ҳам дар ҳамин аст?
- Дар ҷаҳони имрӯзӣ, ки мардум шоҳиди таҳаввулоти зиёде ҳастанд, баргузории чунин озмунҳо манфиати маънавии бисёр дорад. «Ҷумҳурият» бо рисолати тамаддунофарии хеш, аллакай, ба як қомуси таърихсози миллати тоҷик табдил ёфтааст ва дар баробари мактаби бузурги журналистӣ, ҳамзамон, мактаби садсолаи одамият ҳам ҳаст. Аз ин рӯ, рӯзнома мундариҷаи худро аз мавзуъҳои ҷовидона, мисли васфи Модар – Ватан ғановат бахшида, ба масоили муҳими ватандӯстӣ, сарҷамъӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир сохтааст. Ҳамчунин, озмунҳои рӯзнома собит мекунанд, ки ҷарида дар саргаҳи таҳаввулоти иҷтимоӣ қарор дорад ва ҳамеша набзи ҷомеаро месанҷад. Дар ин шабу рӯзҳое, ки ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нигаҳдории якпорагии Ватан ва дифои марзу буми он аз ҳама офату газанд муҳимтарин масъала аст, тарбияи ҷавонони бохираду ҷасоратманд ва фидоиву меҳандӯст ба модар бастагии қавӣ дорад. Маҳз модари оқилу донишманд фарзандонашро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва далерӣ тарбия ва дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ омода месозад.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ташкили озмунҳои рӯзнома пайваста ҳамкорӣ кардаанд. Ин дафъа низ ҷамъбасти озмуни «Дуои модар» дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шудааст, чаро?
- «Дуои модар» унвон гирифтани озмуни навбатӣ ва ҳамчун мизбон баргузида шудани вилояти Суғд чанд омил дорад. Якум, ҳамчун намоди эҳтироми азалии миллати тоҷик ба Зан - Модар қомат афрохтани муҷассамаи Модар ба ҳангоми дуо дар саҳни майдони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, дувум, ба майдони нангу номус ва дифои Меҳан аз тааррузи душманон табдил ёфтани хоки диёр мебошад. Фикр мекунам, имрӯз аз ҳарвақта дида Модар бештар ба рамзи озодиву пойдории истиқлол табдил ёфтааст ва мо инро дар симои модарони тамоми Тоҷикистон, ки дар муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон писарони худро аз даст додаву ҷигархунанд, аммо дар рӯзномаву телевизион бо сари баланд аз корномаи фарзанди хеш суҳбат мекунанд, мебинем.
Ҳайати таҳририяи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият»   бовар доранд, ки озмуни навбатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки дар ин вилояти маорифпарвару фарҳангдӯст чор озмун гузарондем, натиҷаи дилхоҳ ба бор меорад. Истиқболи аҳли қалам ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ин ибтикорот бисёр гарм ва самимӣ хоҳад шуд. Умед дорем, ки ин бор низ ширкаткунандагон аз ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат ҷалб мешаванд ва маросими ҷамъбаст соли 2023 дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо шукӯҳи хоса мегузарад.
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, номзади илмҳои таърих
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2022    №: 201    Мутолиа карданд: 1387
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед