сиёсат
ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ ШАХСИЯТҲОИ ФАВҚУЛОДА БУЗУРГ ДАР НИЗОМИ ТАЪРИХ
Миллати бузург ва ба қавли устод Айнӣ, “қавми муаззами тоҷик” дар арсаи таърих марҳалаҳои пуршебу фароз ва пур аз шикасту бархостанҳоро пушти сар кардааст. Баъди ҳазор соли заволи нахустдавлати миллии Сомониён 31 сол аст, ки тоҷикон дубора шукӯҳу шаҳомат ва неруи кишвардорӣ, фарҳангу тамаддуни оламгири хешро эҳё мекунанд ва Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ, давлати рӯ ба тараққӣ ва сулҳпарвар, ки аз нигоҳи оромишу осоиши мардум ва рушди муттасили тамоми соҳаҳои зиндагии ҷомеа онро нигине дар ангуштарини Осиё меноманд, дар ҳалли мушкилтарин масоили дунёи муосир ибтикороти наҷиб нишон медиҳад.
Агарчи, ба қавли муаррихон, муҳаррики асосии таърих оммаи халқ ва ҷомеаҳо бошад ҳам, аммо мазмуну мундариҷаи онро корномаҳо ва хираду заковати шахсиятҳои фавқулода бузург фароҳам меоранд. Аз ин ҷиҳат, нақши шахсиятҳои хориқулода дар низоми таърих хеле баланд ва ниҳоят муассир аст. Ҳамин гуна шахсияти маъруфу маҳбуб, барои ормонҳои халқу миллат ҷоннисор ва пурҷасорату фидокор дар марҳалаи нави эҳёи Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ, бешак, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Сухан аз шахсияте меравад, ки дар ташаккули дубораи миллат, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму ойин ва анъанаҳои фарҳангӣ, дар маркази андешаи миллӣ қарор додани идеяи зиндагисози ваҳдати сартосарӣ нақши калидӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки чунин шахсиятҳо аҳён-аҳён рӯи саҳнаи башар меоянд ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум - иқтисоду иҷтимоъ, илму фарҳанг, руҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо ва дунёи андешаи мардум дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоранд.
Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он фарзандони фарзонаи миллат аст, ки ӯро тамоми раияти Тоҷикистон, пиру барно ва хурду бузурги ҷомеа дастгирӣ мекунанд, яъне ирода ва руҳияи мардум дар гуфтору рафтор ва афкори ӯ ба таври комил таҷассум меёбад. Ду омили муҳим сабаби чунин маҳбубияти мардумӣ барои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шудааст: яке мубориза барои наҷоти миллату давлат ва дигаре - хиради фитрӣ ва заковате, ки сарчашмаи он фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик мебошад. Ба замми ин ду омил, ҷасорати шахсӣ, дарёфти таносуби манфиатҳо ҳангоми қабули қарорҳои сарнавиштсоз ӯро дар сатҳи таърихофарӣ қарор додааст.
Қонунмандии таърих аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои садаи XX ҳамон рисолати таърихиеро анҷом дод, ки соли 888-ум Исмоили Сомонӣ анҷом дода буд. Шиори Исмоили Сомонӣ чунин буд: «То вақте зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам». Эмомалӣ Раҳмон низ давлати фурӯрехта ва мардуми парешонро ба ҳам овард ва шиоре миёни мардум ниҳод: «Ман ба шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ лозим шавад, ҷон медиҳам».
Сабаби асосии маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон мардумӣ будани афкору мулоҳиза, фитрату завқу салиқа ва дунёи ботинияш мебошад. Ӯ аз миёни халқ рӯидааст, ҳама ниёзҳояш бо ниёзҳои мардум тавъам аст ва бо ин ҳама аз забону аз дили халқ сухан мегӯяд.
Ба таври хеле мухтасар метавон корномаҳои ин абармардро ба тариқи зайл натиҷагирӣ кард:
– наҷоти давлат аз нобудӣ, таъмини тамомияти арзии Тоҷикистон, барқарор намудани иқтисоди фалаҷшуда;
– эҳёи фарҳанги миллӣ дар шароити душвори иқтисодӣ ва таҷдиди назар ба масоили забони давлатӣ ва ба сатҳи забони илму ҳунар расондани ин рукни муқаддасоти миллӣ;
– барқарор намудани хотираи таърихии миллат тавассути ташкили ҷашнвораҳои бузургони адабиёту ҳунар ва фарҳангу тамаддун;
– аз тариқи бунёди шоҳроҳҳову нақбҳо муттаҳид намудани давлату миллат ва раҳоӣ бахшидан аз буҳронҳои давомдор;
– ба низоми воҳид табдил намудани соҳаи барқу энергетика ва таъмини истиқлолияти соҳа;
– ба вуҷуд овардани низоми пешрафтаи ҳуқуқию сиёсӣ ва зиёда аз ин пешниҳоди падидаҳои нодири ҳуқуқӣ дар миқёси минтақа ва ҷаҳон, аз қабили таъсиси Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, қонунҳои миллӣ роҷеъ ба танзими расму оин ва масъулияти волидон ва ба ин восита наҷоти миллат аз хурофоту ифрот ва масъулияти волидон дар тарбияи фарзандон;
– таъсиси консепсияи прагматикӣ дар заминаи сиёсати «дарҳои боз» ва ба ин восита ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба муҳимтарин сохторҳои иқтисоди кишвар;
– раҳоии кишвар аз бунбасти иртиботӣ, амалӣ гардидани барномаҳову стратегияҳои илман собитшуда барои таъмини истиқлоли энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ;
– саъю талошҳои беназир барои расидан ба истиқлоли фикрии мардум, эҳёи фарҳангу суннатҳои волои миллӣ, мусоидат ба устувор намудани пойдевори худшиносии миллӣ, барқарор намудани беҳтарин суннатҳои маънавии мардум – аз таҷлили бузургони илму маърифат ва дин то устувор нигоҳ доштани оила ҳамчун нуқтаи сарҳисоби ҷомеа ва давлат;
– муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ тавассути ташаббусҳои беназир дар соҳаи обу муҳити зист, механизми сулҳсозӣ, амнияти минтақа ва ҷаҳон;
– маданияти шаҳрсозӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба як маркази амн барои баргузории муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ;
– ниҳоят, садоқати фарзандона ба Ватан ва бузургони он, вафо ба аҳдҳои додашуда, иҷрои қавлҳо роҷеъ ба зиндагии шоиста ва рушди озодона тавассути паёмҳо ва барномаву стратегияҳо, сарпарастӣ ба ятимони бепарастор, ғамхорӣ ба пирони барҷомонда, дастгирии наврасони лаёқатманд, ғами ватанро ғами хеш ва шодии ватанро шодии хеш эътироф кардан…
Ҳамаи ин масъалаҳо, ки дар замони роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матраҳ ва ҳал шудаанд, ниёз ба омӯзишу таблиғ ва таҳлилу таҳқиқ дошта, дар ниҳоят як дастури мукаммали назарияи давлатсозиву давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мукаммал гардонда метавонад. Бузургтарин дастовардашон сулҳу ваҳдатсозист, ки дар сархати тамоми корнамоиҳояшон қарор мегирад. Имрӯз дар оинаи ахбори ВАО-и байналмилалӣ ҳамчуни кишвари сулҳбунёд баррасӣ гардидани Тоҷикистон ва нишон додани нақши тасмимҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ваҳдату созандагиву ҳамгироии халқҳои минтақа ҳамаи моро далолат ба чунин таҳқиқу пажӯҳиш менамоянд. Бо ин мақсад чунин як маркази пажуҳишӣ дар ДМТ роҳандозӣ гардида, дар такя ба неруи зеҳниву ақлонӣ ва илмии донишгоҳ ин масъалаҳо дар чандин самтҳо (таърих, дипломатия, журналистика, филология, сиёсат, иқтисод, ҳуқуқ, фалсафа) мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода мешаванд. Ҳадафи ифтитоҳи «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди сохтории пажӯҳишӣ гирдоварӣ ва омӯзиши густардаи рисолати давлатдории Пешвои миллат ва таблиғи онҳо тавассути ҳама воситаҳои дастраси иттилоърасонӣ ва тарғиботист. Созмон додани ҳамоишҳо ва ташкили пажӯҳишҳои муштарак бо муассисаҳои илмиву фарҳангии кишвар дар ҳама самту соҳаҳо ва нашри натиҷаҳои илмӣ дар китобу маҷаллаҳо, дар шакли дарсҳои алоҳида ба ҷавонон таълим додани корномаҳои Пешвои миллат ҳадафҳои дигари фаъолияти ин Марказ ба шумор мераванд.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, ректори ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.10.2022 №: 202 Мутолиа карданд: 869