Хабарҳо
ИСФАРА. МАРДУМИ ЗАРАРДИДА ЗЕРИ ҒАМХОРИИ ДАВЛАТАНД
Аз муноқишаи марзӣ, ки бо иғвои ҷумҳурии ҳамсоя 14 – 17 сентябри соли равон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба миён омад, беш аз як моҳ сипарӣ мешавад. Тавре маълум аст, дар ин даргирии мусаллаҳона даҳҳо нафар ҷон бохтаву минтақаҳои наздимарзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров осеб дида, биноҳои истиқомативу иншооти гуногун хароб гардиданд.
Ҳоло вазъи зиндагии мардум дар минтақаҳои зарардида чӣ гуна аст ва корҳои барқарорсозӣ дар кадом сатҳ қарор доранд? Ба манзури шиносоӣ ва суҳбат бо сокинон мо ба ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳу Ворухи шаҳри Исфара рафтем. Чун рафти барқарорсозии манзилҳои истиқомативу дигар иншооти зарардида, зери назорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, корҳо дар ҳама самт вусъат доштанд. Роҳбарияти ситоди вилоятӣ оид ба барқарорсозии оқибатҳои муноқишаи марзӣ дар канори мардуми зарардида буданду хонаву иншооти зарардида, аз ҷумла мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои савдою хизматрасониро барқарор мекарданд.
Маъруфҷон Муҳаммадзода, сардори ситоди вилоятӣ, дар ҷараёни суҳбат иброз дошт, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи марзбонони қирғиз 90 манзили истиқоматии сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳу Ворухи Исфара, Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров комилан нобуд шуда, зиёда аз 50 манзил қисман, як мактаб тамоман ва боз ба чанд иншооти муҳими иҷтимоӣ қисман осеб расидааст. Ҳоло ба хотири барқарорсозии манзилу иншооти харобшуда ва бо руҳбаландӣ аз ёриву дастгириҳои Пешвои миллат худи сокинони деҳаҳои наздимарзӣ низ даст ба кор шуда, то имрӯз 60 – 70 дарсади корҳоро анҷом доданд.
- Мехоҳам арзи сипоси самимии худро ба Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баён дорам, ки фавран ба мо ёрӣ карданд ва ҳоло барқарорсозии манзили истиқоматиам қариб ба итмом мерасад,- мегӯяд Аброриддин Розиқов, сокини зарардидаи деҳаи Сомониён. Номбурда афзуд: “Дар натиҷаи ин амали марзбонони қирғиз панҷ дар хона, мошини сабукрав ва як комбайни ҳосилғундориам пурра ба коми оташ рафтанд. Албатта, ин хисороти калон ва ранҷи зиёд аст, вале баробари расидани ёриҳои Пешвои муаззами миллат, аз қабили маводи ғизоиву масолеҳи сохтмонӣ ба мо зарардидагон доғ аз диламон шуста шуд. Ҳоло вусъати корҳои сохтмонӣ моро итминон мебахшанд, ки ба зудӣ манзилҳоямон пурра барқарору навсозӣ мешаванд”.
То имрӯз аз тамоми гӯшаву канори кишвар ва боз аз ҳамватанони бурунмарзӣ, корхонаю ширкатҳо, соҳибкорони алоҳида ба бошандагони маҳалҳои зарардида ҳамарӯза ёриҳои гуногун мерасанд.
Маъруф Муҳаммадзода, сардори ситоди вилоятӣ, мегӯяд, ки хушбахтона дар масъалаи дастрасӣ ба масолеҳи сохтмонӣ мушкиле нест. - Аз ширкату корхонаҳои гуногун ба унвони ситод паём мерасад, ки дар кадом самтҳо ба зардидагон ёрӣ расонанд. Агар суръати корҳои сохтмонӣ ва ҳамрайъии мардум дар ҳамин сатҳ идома ёбад, кулли иншоот дар вақташ барқарор хоҳад шуд. Мо низ дар ин самт талошҳои худро идома медиҳем, то дастури Пешвои миллатро дар муҳлати муйяншуда иҷро намоям, - таъкид дошт М. Муҳаммадзода.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз таъсисёбии ситоди бартарафсозии оқибатҳои муноқишаи сарҳадӣ ва ба хотири сари вақт анҷом додани корҳои таъмиру сохтмонӣ ҳамаи мактабҳои олии дар вилояти Суғдбуда низ тасмим гирифтанд, ки дар ин кори хайр саҳмгузор бошанд. Дар ин замина, давоми як моҳ ҳафтае ду рӯз беш аз 100-нафарӣ аз ҳисоби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил гардида, ба минтақаҳои осебдида мераванд ва дасти мардуми зарардидаро мегиранд.
- Фикр мекунам, ки дар ин шабу рӯз канори мардуми зарардида будан, як навъ иттиҳоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар вуҷуди ҷавонон андешаи миллию ватандориро ташаккул медиҳад, - изҳор дошт ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки худ бо як ҳайти калони устодону донишҷӯён дар корҳои барқарорсозӣ иштирок мекард.
Бояд гуфт, ки дар баробари таъмиру навсозии биноҳои истиқоматӣ сокинони зарардида бо тамоми лавозимоти рӯзгор низ таъмин хоҳанд шуд, ки ин амр аз ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба мардум аст.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6862