logo

иқтисод

МЕҲРГОН – КУҲАНТАРИН ҶАШНИ МАРДУМИ ОРИЁИНАЖОД

Дар сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба тамаддуни бостонии миллати тоҷик, эҳёи суннатҳои  аҷдодӣ ва тарғиби он ҷойгоҳи махсус дошта, дар ин самт хизмати мондагоре анҷом дода шудааст. Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои хеш изҳор доштанд: «Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст». 
Дар ҳошияи ин суханони ҳикматомез гуфтан ҷоиз аст, ки маҳз бо ибтикори Сарвари фарҳангпарвари миллат ҷашнҳои Наврӯзу Сада ва Тиргону Меҳргон эҳё гардида, дар замони истиқлолият ҷилои тоза гирифтанд. Моҳи октябри соли 2011 Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур эълон карданд, ки дар баробари Иди Наврӯз, минбаъд Иди Меҳргон  низ ҳамчун иди миллӣ ҳар сол дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шавад.
 Минбаъд на танҳо дар сатҳи баланд ва ба таври оммавӣ таҷлил намудани Ҷашни Меҳргон расм шуд, балки таҳқиқоти зиёде оид ба пайдоиш ва сайри таърихии ин ҷашн аз ҷониби олимони шинохтаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анҷом ёфтанд. Аз таҳқиқоти онҳо  бармеояд, ки дар моҳи меҳр Офтоб ба бурҷи Мизон қарор мегирад. Ба бурҷи Мизон даромадан ва то аз он баромадани Офтоб як моҳро (аз 23.09. то 23.10.) ташкил медиҳад. Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр, дар санаи чордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба 8 октябри тақвими маъмули имрӯза ҷашн гирифта мешавад. 
Консепсияи Ҷашни Меҳргон манфиатҳо ва арзишҳои инсонмеҳварӣ, зиндагидӯстӣ, воқеиятнигорӣ ва ақлгароиро ба асос гирифта, роҳҳои расидан ба онҳоро дар самтҳои фарҳанг, сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Дар ҳамин замина, Консепсияи Ҷашни Меҳргон ба арзиши фарҳангӣ ё иҷтимоӣ табдил меёбад. Он иродаи мардумро ифода менамояд ва амалишавиаш аз тарафи давлат ҳимоя ва таъмин мегардад.
Имрӯз давлатҳои пешрафта ба арзишҳои фарҳангие такя мекунанд, ки самтҳои асосии рушди фарҳанг, сиёсату давлатдорӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ-иҷтимоиро муайян месозанд. 
Дар адабиёти классикии форсу тоҷик васфи табиат, зуҳуроти он ва, аз ҷумла тавсифи иду маъракаҳои таърихию халқӣ, мавқеи калон дошт. Дар ин роҳ Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Анварӣ, Масъуди Саъди Салмон, Манучеҳрии Домғонӣ, Хоқонии Шервонӣ ва бисёр сухансароёни дигар асарҳои баландмазмун офаридаанд. Дар ҳамин раванд шоирон фаслҳои сол, идҳои қадимаи ориёӣ, аз ҷумла Меҳргонро, васф ва бо ин восита андешаҳои худро баён намудаанд.
Маъруфии Меҳргонро боз аз он дарк кардан мумкин аст, ки дар таърихи санъати миллии аҷдодонамон сурудҳои мавсимию маросимии “Меҳргони бузург”, “Меҳргони хурд”, “Меҳргонӣ” маълуму машҳур будаанд, ки оҳангҳои онро ба Борбади Марвазӣ нисбат медиҳанд. Мутаассифона, баъди асри XVI ду силсиласуруди нахустин аз байн рафт ва аз “Меҳргонӣ” чун як гӯшаи сози “Дувоздаҳмақом” танҳо ном мондаасту халос. 
Ҷашни Меҳргон дар даврони қадим ва, махсусан дар аҳди Сосониён (асрҳои III-VII), хеле роиҷ буда, дар давраи давлатдории Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар байни халқ маъруф гашт. Дар гузашта Меҳргонро ботантана, бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозӣ таҷлил менамуданд.  Аз даврони Фаридун анъана  будааст, ки мардум ба миён рӯймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хӯрдан сухан нагӯянд. Дар атрофи дастархон суханони нек оид ба файзу баракат, афзоишу шодмонӣ ва панду андарзҳо менавиштаанд.  
Моҳияти таҷлили ин ҷашни бузург маънои ҷамъбасти кори кишоварзон, бурду бохти онҳо дар натиҷагирии ҳосилот, омодагии мардум ба фасли зимистон ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Сониян, ҷашни мазкур имкон медиҳад, ки шаҳру деҳот ба ҳам наздик шаванд, зеро ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ноҳияҳои заминкор барои тарғиби санъати кишоварзӣ ва таъминоти мардуми шаҳр бо маҳсулоти тару тоза ва таҳкими дӯстиву рафоқат хеле муфид хоҳад буд. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ баргузор намудани он тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки Ҷашни Меҳргон чун Ҷашни Наврӯз дар зеҳни мардум ҷой гирад.
 
Муҳиддин ПАЙШАНБЕЗОДА, 
Шуҳрат АЗИЗЗОДА, 
мушовирони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2022    №: 202    Мутолиа карданд: 1218
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед