сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ БО РАИСОНИ НОҲИЯҲОИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ, ЛАХШ, ТОҶИКОБОД, РАШТ ВА НУРОБОД
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ин ноҳияҳоро доир ба вазъи корҳо дар самти ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка ва мева, шуниданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони ноҳияҳои зикршуда оид ба ҷамъоварии саривақтию беталафи маҳсулоти кишоварзӣ, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистон ва захираи маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.10.2022 №: 203 Мутолиа карданд: 538