logo

паёмҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи иттифоқҳои касаба, шаҳри Душанбе, 24 октябри соли 2022

 
Муҳтарам роҳбарон ва фаъолони иттифоқҳои касаба!
Ҳамаи роҳбарону кормандон ва аъзои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро, ки дар татбиқи назорати ҷамъиятии ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии заҳматкашон саҳмгузоранд,  ба  ифтихори Рӯзи иттифоқҳои касаба табрик мегӯям.
Дар шароити муосир раванди муосири танзими муносибатҳои меҳнативу иҷтимоӣ яке аз воситаҳои таъмин намудани суботи иҷтимоии кишвар мебошад, ки ҳамкории муштараку мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон, яъне иттифоқҳои касабаро ифода мекунад.
Вохӯрии роҳбарияти олии сиё-сии мамлакат бо намояндагони иттифоқҳои касаба, ки 24-уми октябри соли 2019 бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон, баргузор гардид, нишонаи возеҳи таваҷҷуҳ ва қадршиносии Ҳукумати мамлакат ба фаъолияти иттифоқҳои касаба мебошад.
Қобили зикр аст, ки иттифоқҳои касабаи кишвар дар сафҳои худ беш аз 900 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид намуда, ҳамчун шарики иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон, дар татбиқи Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои дастҷамъона нақши муҳим ва муассирро иҷро мекунанд.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон роҳи самарабахшро тай намуда, на танҳо ягонагии сафҳои худро нигоҳ дошт, балки ба қувваи амалкунандае табдил ёфт, ки фаъолияти худро барои беҳтар намудани шароити меҳнат ва зиндагии аъзои иттифоқҳои касаба равона намудааст.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар кишвар як силсила ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд.
Иттифоқҳои касаба ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ ва ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд.
Дар вохӯрии зикршуда бо фаъолони ин ниҳод баён намуда будам: «Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд».
Бовар дорам, ки соҳиби Рӯзи касбӣ гардидани иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба фаъолияти онҳо такони нав мебахшад.
Ба фаъолияти минбаъдаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуда, умедворам, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти намояндагии кормандони кишвар тавсеа меёбанд ва ин ниҳоди ҷамъиятӣ ба рушду тараққиёти боз ҳам бештари кишвари азизамон, таъмини суботи иҷтимоӣ ва ҳуқуқу кафолатҳои меҳнативу иҷтимоии кормандон мусоидат хоҳанд кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2022    №: 203    Мутолиа карданд: 1446
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед