logo

барқияҳо

БАРҚИЯИ ТАБРИКИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА СИ ҶИНПИН

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Си Ҷинпин!
Самимонатарин табрикоти ин ҷонибро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон  ба  маснади  Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин бипазиред.
Дубора интихоб гардидани Шумо ба ин маснади сермасъули ҳизбӣ обрӯву эътибори баланди Шумо ва аз ҷониби ҷомеаи Чин қатъиян дастгирӣ ёфтани шоҳроҳе, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаатон ба рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар минбаъда, инчунин, ба таҳкими пайвастаи мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.
Итминон дорам, ки қарорҳои ҳамоиши ҷашнии Ҳизби коммунистии Чин роҳнамои нави ҷомеа ба сӯйи пешрафти бомароми кишвари Шумо хоҳанд гардид.
Бо истифода аз фурсат, изҳори боварӣ менамоям, ки мо бо талошҳои муштарак дар оянда низ ба тавсеаву таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин мусоидат намуда, онҳоро бар манфиатҳои мардумонамон бо иқдомҳои нави ҳамкории созанда ғанӣ хоҳем гардонд.
Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Котиби генералӣ, сидқан саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули ҳизбиву давлатиатон дастовардҳои навин, ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳу пешрафт ва шукуфоӣ орзу менамоям».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2022    №: 203    Мутолиа карданд: 1446
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед