logo

фарҳанг

ҲАҚНАЗАР ҒОИБ: "ШУМОРАИ ҶАШНИИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР ШАКЛИ КИТОБ ЧОП ШАВАД"

 
Шумораи ҷашнии рангаи 70-саҳифаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» хотирамро шод ва табъамро болида гардонд. Он аввали ин моҳ, яъне моҳи октябри соли равон, ба табъ расидааст. 
 
Бояд зикр бикунам, ки қариб тамоми умрамро ба соҳаи матбуот бахшидаам ва дар ин муддат рӯзномаҳои ҷашниву рангаи зиёдеро дидааму мутолиа кардаам. Ба ростӣ, ин шумораро беҳтарин шумора дарёфтам. Дар саҳифаҳои он маводҳои мувофиқу беҳтарин чи аз нигоҳи муҳтаво, чи аз нигоҳи тарзи эҷод таълиф ва ҷой дода шудаанд. Мавзуъҳои матлабҳо фарогир ва муҳиманд. Аз ин матлабҳо маълумоти фаровон андӯхтан мумкин аст.
Дар баробари шахсиятҳои маъруфу бузургсол эҷодкорони насли нав низ матлабҳои заруриро барои ҷомеа таълиф кардаанд, ки аз ояндаи неки онҳо, рӯзнома ва матбуоти даврӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Суратҳои ҷолиб низ дар ин саҳифаҳо ба чашм мерасанд, ки ҳар кадом дар баробари баёни ҳақиқат, дастовардҳои кишвар бар асари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон маъно доранд.
Ба ман ороишу ҷобаҷогузории матлабҳо вобаста ба мазмуну мундариҷа низ бисёр писанд афтод. Дар ин шумора шеърҳои хубу равон низ, ки дастовардҳои беш аз сӣ соли замони истиқлол дар онҳо инъикос шудаанд, нашр гардидаанд. Ҳама ин шеърҳо бо як муҳаббату самимият ва дили гарм эҷод гардидаанд. Кас аз хонданашон ба ин хулоса меояд, ки мардуми кишвари мо ба дастовардҳои замони истиқлол аҷри махсус мегузоранд ва барои амнияти минтақа тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.
Шумора дар тарбияи ватандӯстии хонандагон, бешак, таъсири неки худро мегузорад.
Ман ба ҳамаи онҳое, ки дар нашри ин шумора ва омода сохтани матлабҳои дархӯри давру замон заҳмат кашидаанд, изҳори сипос менамоям. Дар баробари он, пешниҳод мекунам, ки матлабҳои ин рӯзнома дар шакли китоби алоҳида ба табъ расонда ва дастраси хонандагону ҳаводорон гардонда шаванд. Албатта, ин барои тарбияи наслҳои наврас ва ояндасози кишвар зарур аст. Ба яқин, бояд мо ва ояндагон ба қадри неъмати истиқлол, хидматҳои бузурги Сарвари давлат бирасем ва ҳамзамон, сидқан аҷр бигузорем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2022    №: 204    Мутолиа карданд: 1281
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед