иқтисод
ХУҶАНД. МУАРРИФИИ БЕШ АЗ 100 ЛОИҲАИ ИНШООТИ СОХТМОНӢ
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо нақшаҳои муфассали лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, варзишӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки дар кӯчаву хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сирдарё, Гагарин ва Истиқлоли маркази вилоят солҳои наздик бунёд мегарданд, шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ бо беш аз сад нақшаи муфассали тарҳи биноҳо раиси вилоят ба масъулони шаҳрсозӣ, ширкатҳои сохтмонию лоиҳакашӣ ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои меъморӣ ва ба инобат гирифтану сохтани он бо зеббахшии санъати меъмории миллӣ супоришҳои мушаххас дод. Тарҳи биноҳо аз даромади шаҳр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ мутобиқ ба нақшаи генералӣ тартиб дода шуда, симои шаҳрро ба кулли дигар месозад. Аз ҷумла, дар мавзеи варзишгоҳи «Спартак» нақшаи муфассали ҷойгиршавии 21 бинои 16-ошёна бо назардошти муассисаҳои таълимӣ, фарҳангию тафреҳӣ, инчунин, аз буриши кӯчаҳои Шарқу Гагарин, Камоли Хуҷандӣ ва Гагарин нақшаи муфассали бунёди силсиламаҷмааи ширкати ватании «Элит сохтмон», ки бо тарҳи муосир ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ гардид.
Ҳамчунин, дар кӯчаи Сирдарё силсилаи биноҳои баландошёнаи замонавӣ, иншооти варзишӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои савдою тиҷорат сохта мешаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ намудани иқдоми мазкурро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки сохтмони тамоми иншоот дар муҳлати муайяншуда бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонда шавад. Ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонсозии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва сабзазоркунии муҳити атроф, ба талабот гирифтани шабакаҳои коммуналӣ низ, супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сипас, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки ширкатҳои сохтмонӣ, соҳибкорон, меъморон, шаҳрсозон мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт. Таъкид гашт, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор имтиёзу дастгириҳо барои бунёди манзилу иншооти гуногун фароҳам оварда шудаанд. Иншоотҳо бояд барои садсолаҳо пешбинӣ ва бо сифати баланд сохта шаванд. Бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду навсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳри Хуҷанд ҳусни тоза мебахшад.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи мардум мо бояд то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ симои маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷандро ба куллӣ дигаргун намоем ва ин ҳама бо заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номус амалӣ карда мешавад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.2022 №: 204 Мутолиа карданд: 1265